Дархости Риёз аз Вашингтон барои фишор ба Телавив

Хабаргузории Рӯйтерз навишт, ки мақомоти Арабистон аз Вашингтон хостаанд, то Исроилро барои поён додан ба ҷанги Ғазза таҳти фишор қарор диҳад.

Хабаргузории Рӯйтерз аввал январ бо интишори гузорише навишт, ки мақомоти Арабистон ба таври махфиёна аз Вашингтон хостаанд, то Исроилро барои поён додан ба ҷанги Ғазза ва тааҳҳуд ба ташкили кишвари мустақилли Фаластин таҳти фишор қарор диҳад.

Мақомоти Саудӣ ба ҳамтоёни амрикоии худ иттилоъ додаанд Риёз ба бардоштани гомҳои мушаххас ҷиҳати ташкили кишвари Фаластин тавассути Исроил исрор надорад; аммо онҳо дар муқобили тааҳҳуди сиёсии Телавив барои ин гом, роҳи ҳалли дудавлатиро хоҳанд пазируфт, ин идома гузориши Рӯйтерз аз шартҳои Риёз брои оддисозӣ бо Телавив аст.

Рӯйтерз дар бахши дигаре аз гузориши худ менависад «Арабистони Саудӣ омодаи пазириши тааҳҳуди сиёсии Исроил барои ташкили кишвари фаластинӣ, дар изои инъиқоди қарордоди дифоӣ бо Вашингтон қабл аз интихобот аст».

Риёз дар ҳоле ҷиҳати оддисозии равобит бо Телавив барои Амрико шарт мегузорд, ки давлати Ҷо Байден ба рағми интиқодҳои ҷиддӣ ва коҳиши раъйҳо дар назарсанҷиҳои амрикоӣ, ҳамчунон ба ҷои ҳимоят аз оташбас ва таваққуфи ҳамлаҳо алайҳи Навори Ғазза, бо ирсоли таслиҳот ба Телавив ва ҳамлаҳои дарёӣ доманаи даргириҳоро густариш медиҳад.

Имрӯз ва барои саду бистумин рӯз аз ҷанги артиши режими ишғолгар алайҳи мардуми Ғазза, бомбаборони манозили маскунӣ, муҳосираи марокизи пизишкӣ ва ҳадаф қарор додани зерсохтҳои ҳаётии манотиқи Навори Ғазза боиси идомаи ҷиноятҳо шудааст; ҷиноятҳое, ки шаҳрҳоро вайрон карда ва сабаби шаҳодати беш аз 27 ҳазор фаластинӣ шуда, ки аксарашон зану кӯдак ҳастанд.

Манобеи минтақаии Рӯйтерз дар бахши дигаре аз гуфтугӯи худ бо ин расона гуфтаанд, ки агар Исроил ҷангро мутаваққиф карда ва ба роҳи ҳалли дудавлатӣ мутааҳҳид шавад, Риёз равобити худро оддӣ ва ба бозсозии Ғазза кумаки молӣ хоҳад кард.

Рӯйтерз дар бахшҳои поёнии гузоришаш менависад, ки агар Исроил ҳамлаи худ ба Ғаззаро мутаваққиф кунад, ё ҳадди ақал оташбасро эълон кунад, ин масъала пешбурди тавофуқро барои Арабистон осонтар хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад