Амрико аз тарси шиддати даргириҳо фишор бар Исроилро афзоиш додааст

Вашингтон Пост дар гузорише фош кард, ки Иёлоти Муттаҳида Исроилро барои расидан ба тавофуқи оташбас бо Ҳамос таҳти фишор қарор додааст.

Ба гузориши хабаргузории “Вашингтон Пост”, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз тарси шиддати бештари даргириҳо дар минтақаи Ховари Миёна, фишорҳо бар Исроил ва Ҳамосро афзоиш дода ва талош мекунад ду тарафро ба оташбас тарғиб кунад.

Ин рӯзнома ба нақл аз мақомоти амрикоӣ, ки номашонро фош накард, навишт, ки давлати Амрико дар ҳафтаҳои ахир ба таври физояндае нисбат ба ташдиди авзоъ дар Ховари Миёна нигарон шудааст.

Ин гузориш дар идома чунин ишора мекунад, ки Вашингтон Пост, аз ҳамалоти Яман дар дарёи Сурх ва ҳамлаҳои ҷавобии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидонаш, фишори дипломатик бар Исроил ва Ҳамосро оғоз кардааст.

Ин манобеъ дар идома афзуданд, ки мақомоти амрикоӣ қасд доранд аз шиддати хусуматҳо дар минтақа бикоҳанд ва дубора бар талошҳои дипломатик барои одди созии равобит байни режими «Исроил» ва Арабистони Саудӣ тамаркуз кунанд.

Ҳамчунин як манбаи огоҳ дар робита бо музокироте, ки авохири ҳафтаи гузашта дар Париж баргузор шуд ба NBC гуфт, ки музокира кунандагон аз ҷумла Исроил, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Миср ва Қатар ба тавофуқи ҷадиде барои озодии тадриҷии асирони саҳюнистӣ даст ёфтанд, ки бо давраҳои аз таваққуфӣ даргириҳо ҳамроҳ хоҳад буд.

Албатта ин иддаоҳо дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки мақомоти Ҳамос борҳо ҳаргуна музокира ва озодии асирони саҳюнистиро қабл аз оташбаси доим ба таври куллӣ рад кардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад