Тел-Авив: Ҳамлаҳо ба Ғаззаро қатъ намекунем

Вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ шоми сешанбе гуфт, ки ҳатто агар тамоми асирони саҳюнист низ озод шаванд, ин режим ҳамлаҳо ба Навори Ғаззаро мутаваққиф намекунанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, дар идомаи исрори мақомоти режими саҳюнистӣ бар идома додани ҷиноятҳо алайҳи сокинони Навори Ғазза бархилофи дархостҳои ҷаҳонӣ барои таваққуфи ҷанг , “Исроили Катс”, вазири хориҷаи ин режим низ бар тадовуми ҳамалот таъкид кард.

Катс шоми сешанбе дар мусоҳиба бо нашрияи олмонии “Bild” гуфт, ки ҳатто агар тамоми асирони саҳюнист низ озод шаванд, ин режим ҳамалот ба Ғаззаро қатъ намекунад.

Вай дар посух ба ин савол, ки оё кобинаи Тел-Авив омодаи музокира барои таваққуфи даргириҳо дар сурати озодии ҳамаи гаравгонҳо ва канор гузоштани идаи нобудии комили Ҳамос ҳаст, гуфт: “Посухи ман не мебошад”.

Ин мақоми саҳюнист муддаӣ шуд: “Мо мехоҳем гаравгонҳоро озод кунем, аммо ин фақат дар сурати фишори низомӣ ба Ғазза, ХонЮнус ва соири маконҳое, ки Ҳамос дар он ҳузур дорад имконпазир хоҳад буд”.

Катс бо дархост аз соири кишварҳо монанди Миср барои фишоровардан ба Ҳамос, афзуд: “То замоне, ки Ҳамос аз лиҳози низомӣ ва сиёсӣ шикаст нахӯрд , бо таваққуфи ҷанг мувофиқат нахоҳем кард”.

Шоми сешанбе низ “Бенямин Нетаняҳу”, нахуствазири режими саҳюнистӣ барои ҷалбкардани дубораи эътимоди саҳюнистҳо, таъкид карда буд, ки ин режим ҳаргиз неруҳояшро аз Навори Ғазза берун нахоҳад оварад ва зиндониёни фаластиниро низ озод намекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад