Афзоиши ҳамалот алайҳи мусулмонон дар Амрико

Ба гузориши манобеи хабарӣ, баррасиҳои ҷадид нишон медиҳад пас аз 7 октябр 2023 ва оғози ҷанги Ғазза, ҳаводис алайҳи мусулмонон дар Амрико шиддат гирифтааст.

Бар ин асос, мизони шикоят нисбат ба табъиз ва танаффур алайҳи мусулмонон ва фаластиниён дар беш аз 3 моҳаи ахир, ҳудуди 180 дарсад афзоиш ёфтааст.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ изҳор карданд, ки аз замони вуқӯъи ҷанг дар Ховари Миёна ва наслкушии мардуми Ғазза, исломҳаросӣ ва табъиз алайҳи фаластиниён дар Амрико афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла ин гуна ҳаводис дар хоки Амрико метавон ба як тирандозӣ дар иёлати Вермонт дар моҳи ноябр ишора кард, ки дар он се донишомӯзи фаластинӣ мавриди исобати гулӯла қарор гирифтанд. Дар ҳодисаи дигаре низ як кӯдаки хурдсоли 6 солаи фаластинӣ амрикоӣ дар моҳи октябр дар Иллинойс мавриди исобати заработи чоқу қарор гирифт.

Дар ҳамин робита Шӯрои равобити исломии Амрико эълом кард тайи се моҳи гузашта, 3 ҳазору 578 маврид шикоят дар ин бора аз сӯи мусулмонон дарёфт карда ва онро мавҷи рӯ ба рушди танаффур алайҳи мусулмонон ва фаластиниён номид.

Бар асоси ин гузориш, мизони ин навъ шикоятҳо нисбат ба ҳамин бозаи замонӣ дар соли гузашта, 178 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ин созмон эълом кард 662 маврид шикоят дар бораи табъизи шуғлӣ сабт шуда, ки болотарин мавриди шикоятҳо будааст. Ҷароими ношӣ аз нафрат 472 маврид ва табъизи таҳсилӣ 448 маврид гузориш шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки давлати Амрико ахиран дар бҳбуҳаи афзоиши яҳуди ситезӣ ва исломҳаросӣ пас аз амалиёти 7 октябр ва оғози ҳамалоти талофиҷуёнаи режими ҷинояткори саҳюнистӣ, дастуруламалҳои амниятиро барои ҷавомеи динӣ содир кард.

Вазорати додгустарии Амрико дар ҳоли арзёбии таҳдидҳо дар ҳоли афзоиш алайҳи яҳудиён ва мусулмонон дар бҳбуҳаи ин набард аст.

Ин дар ҳоле аст, ки гурӯҳе аз мусулмонони Амрико, Ненси Пелоси раиси собиқи маҷлиси намояндагонро пас аз онки бидуни ироаи ҳеҷ мадраке, бархе дархост кунандагон барои барқарории оташбас дар Ғаззаро бо Русия муртабит донист, мавриди интиқод қарор доданд.

Шӯрои равобити исломии Амрико гуфт: изҳороти ӯ иттиҳомот ва ифтироҳои бедалел аст ва барои ғайри инсон шумурдани мардуми Фаластин талаққӣ мешавад.

Ненси Пелоси, тасреҳ кард ман фикр мекунам бархе аз ин мӯътаризоне, ки хостори барқарории оташбас дар Ғазза ҳастанд, беихтиёр, аммо содиқ ва бериё ҳастанд. Ман фикр мекунам бархе аз онҳо ба Русия муртабит ҳастанд. Манобеи онҳо бояд мавриди таҳқиқ қарор гирад ва ман аз FBI мехоҳам то ин таҳқиқотро анҷом диҳад.

Аз замони шурӯъи ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза, ки бо бомбаборонҳои сангини марокизи ғайри низомӣ ва ҳадаф қарор додани амдии мардум ҳамроҳ буда, Амрико аз корзори низомии ин режим бо ироаи кумакҳои таслиҳотӣ ҳимоят кардааст.

Вашингтон ҳатто чандин бор монеи ироаи ибтикорҳо барои оташбас дар Ғазза шуда ё қатъномаҳои пешниҳодӣ бад-ин манзур, ки бо мувофиқати ҳамаи кишварҳо ҳамроҳ бударо вето кардааст.

То кунун тибқи эъломи Вазорати беҳдошти Ғазза беш аз 26 ҳазор нафар бар асари таҷовузоти ҳавоӣ ва заминии режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба Ғазза ба шаҳодат расиданд.

Аз ҳамин рӯ садои эътирозҳо алайҳи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ва ҳимояти Вашингтон аз он шиддат ёфтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад