Эрдуғон аз ҳукми додгоҳи Гаага дар қазияи наслкушӣ дар Ғазза истиқбол кард

Раисиҷумҳури Туркия аз ҳукми ахири Додгоҳи байналмилалӣ алайҳи Исроил истиқбол карду аз таъсири ин ҳукм дар қатъи наслкушии ин режим дар Навори Ғазза изҳори умедворӣ кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, аз ҳукми Додгоҳи байналмилалии адлия дар мавриди шикояти Африқои Ҷанубӣ алайҳи режими саҳюнистӣ бо иттиҳоми наслкушӣ истиқбол карду изҳори умедворӣ кард, ки ин ҳукм аз ҳамалоти “ғайриинсонӣ”-и Режими саҳюнистӣ бар зидди мардуми осоиштаи Фаластин ҷилавгирӣ хоҳад кард.

Эрдуғон дар баёнияе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, аз ҳукми ахири Додгоҳи байналмилалии адлия дар Гаагаи Ҳолланд, ки аз режими саҳюнистӣ хостори иқдомоти изтирорӣ барои ҷилавгирӣ аз наслкушӣ дар Навори Ғазза аст, истиқбол карда ва ин ҳукмро арзишманд медонад.

Додгоҳи байналмилалии Гаага имрӯз ба режими саҳюнистӣ дастур дод, то аз наслкушӣ алайҳи фаластиниён ҷилавгирӣ кунад ва барои кумак ба ғайринизомиён дар амалиёти худ дар навори Ғазза тадобири бештар бигирад.

Додгоҳ то ҳол аз рӯи масъалаи асосии шикояти Африқои Ҷанубӣ дар бораи наслкушӣ дар Навори Ғазза қарор нагирифтааст.

Ҳукми Гаага содир шуд; чӣ бозтобе ба ҳамроҳ дошт?

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад