Ифтитоҳи шохаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Чин

Ҳамкориҳои Байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон густариш меёбанд. Ин донишгоҳ намояндагии худро дар хориҷ ифтитоҳ хоҳад кард

Дафтари матбуоти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ифтитоҳи шохаи худ дар яке аз шаҳрҳои Чин хабар дод.

Ҳамчунин дар ҳамин донишгоҳ дар Тоҷикистон намояндагии ширкати чинии Shangdon Lingsheng International Education and Technology LTD боз мешавад.

Қайд карда шудааст, ки тасмими таъсиси филиали донишгоҳ зимни вохӯрии ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода бо намояндагони ширкати чинӣ дар ҳайати Лю И, Чу Венлонг, Чжао Хунлянг ва Юй Янг мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин зимни вохӯрии судманд мавзуъҳои гуногуни ҳамкорӣ бо ин ширкати машҳури чинӣ дар соҳаи илму маориф баррасӣ шуданд.

Тибқи гузоришҳо, ҳадаф аз вохӯрӣ ҳамоҳанг сохтани робита баҳри ҷалби донишҷӯёну муҳаққиқони чинӣ барои таҳсил дар донишгоҳ, ташкили филиали Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Чин ва ҳамчунин ҷалби донишҷӯёну кормандони донишгоҳ барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Чин арзёбӣ гардид.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад