Террори муовини раиси дафтари сиёсии Ҳамос

Расонаҳои хабарӣ аз террори Солеҳ Ал-арурӣ дар пайи як таркиш дар Бейрут хабар доданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, дар пайи ҳамлаи паҳподии режими саҳюнистӣ ба минтақаи Зоҳия дар Бейрути Лубнон Солеҳ Ал-арурӣ, муовини раиси дафтари сиёсии ҷабҳаи муқовимати Фаластин (Ҳамос) ба шаҳодат расид.

Солеҳ Ал-арурӣ аз нафарони нахусти руйхати террори Исроил ба шумор мераст, ки режими саҳюнистӣ борҳо дар талош барои террори вай номуваффақ шуд.

Ин шаҳиди фаластинӣ пас аз таҳдидҳои мақомҳои баландпояи режими саҳюнистӣ барои ба қатл расонданаш барои намоиш додани беэътиноӣ ба таҳдидҳои саҳюнистӣ бо либоси низомӣ дар пеши дурбинҳо пайдо шуд.

Ҳамос

Солеҳ Ал-арурӣ қариб се деҳа собиқаи мубориза бо Исроилро дорад.

Дар пайи шаҳодати Арурӣ ҷабҳаи муқовимати Фаластин (Ҳамос) эълом кард, ки музокироти оташбас бо Исроилро мутаваққиф кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад