Омори қурбониёни заминларзаҳо дар Ҷопон ба 62 нафар расид

Шумораи умумии ҷонбохтагон бар асари заминларзаҳое, ки дар қисмати марказии Ҷопон идома доранд, ба 62 нафар расидааст.

Шумораи умумии ҷонбохтагон бар асари заминларзаҳо дар Ҷопон ба 62 нафар расидааст.

Ба нақл аз ТАСС, шумораи умумии қурбониён бар асари заминларзаҳое, ки дар қисмати марказии Ҷопон идома доранд, ба 62 нафар расидааст.

Ҳамчунин беш аз 100 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Аксари ҳалокшудагон ва осебдидагон сокинони префектураи Исикава мебошанд, ки дар маркази заминларзаҳои давомдор қарор дорад. Дар он ҷо сӯхторҳои зиёде, ки бар асари заминларзаҳо ба вуҷуд омадаанд, беш аз 200 хонаи истиқоматиро нобуд сохтанд ва зиёда аз 100 бино дар натиҷаи таконҳои зеризаминӣ хароб гардидаанд.

Наҷотдиҳандагон, кормандони хадамоти изтирорӣ ва сарбозони Неруҳои худмуҳофизатии кишвар, ки ба минтақаи офати табиӣ ҷалб шудаанд, ба тоза намудани харобаҳо ва ҷустуҷӯи одамони гумшуда идома медиҳанд. Рӯзи чоршанбе дар минтақаи осебдида аз субҳи барвақт борон меборад.

Аз сабаби пайомадҳои заминларза тақрибан 60 ҳазор сокини префектураҳои Исикава, Ниигата ва дигар тахлия шуданд. Зиёда аз 33 ҳазор хонаҳо бе барқ мондаанд, дар минтақаҳои зарардида қатъи фаъолияти интернет ва алоқаи мобилӣ мушоҳида мешавад. Дар баъзе деҳаҳо мушкилоти обтаъминкунӣ боқӣ мондааст.

Дар Ҷопон шуруъ аз рӯзи душанбе аллакай беш аз 300 заминларзаи гуногун ба амал омадааст, ки аз ҳама пуриқтидортаринаш 7,6 баллро ташкил дод. Таҳдиди сунамӣ ба тамоми соҳили ғарбии давлат зиёда аз 20 соат идома ёфт.

Заминларза дар ин қисмати Ҷопон шуруъ аз соли 1885 аз ҳама пурқувваттарин дониста мешавад. Зилзилашиносон ҳушдор медиҳанд, ки пасларзаҳо дар минтақа тақрибан як ҳафта идома менамоянд ва хатари заминларзаи нави пурқуввати беш аз 7 дараҷа вуҷуд дорад. Аз сокинони маҳаллӣ даъват шудааст, ки хеле ҳушёр бошанд ва паёмҳои расмии хадамоти изтирорӣ ва мақомотро назорат намоянд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад