Ташдиди фишорҳо алайҳи ҳомиёни фаластиниҳо дар Амрико

Амрико ба унвони ҳомии аслии режими саҳюнистӣ на фақат ба ҳимоятҳои густардаи сиёсӣ ва таслеҳотӣ аз ин режим дар ҷараёни ҷанги Ғазза пардохта, балки дастгоҳи ҳокимаи Иёлоти муттаҳида низ фишорҳо алайҳи ҳаводорони фаластиниҳо ва мунтақидони ҷиноёти Исроилро афзоиш додааст.

Ҳомиёни Фаластин бавижа дар донишгоҳҳо бо анвоъи фишорҳо ва таҳдидҳо рӯбарӯ буда ва мудом дар маърази аз даст додани мавқеъиятҳои шуғлӣ ё ихроҷу истеъфои иҷборӣ қарор доранд.

Дар ин росто Кумитаи омӯзиш ва нерӯи кори Конгресси Иёлоти муттаҳида дар 5 декабр Лиз Мэгилл, раиси донишгоҳи Пенсилвания, Клодин Гей, раиси донишгоҳи Ҳорворд ва Салли Корнблат, раиси муассисаи фанноварии Массачусетс (MIT)-ро барои посух ба суолоте дар бораи бархӯрди онҳо бо эътирозот алайҳи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Навори Ғазза дар муҳавватаи донишгоҳ фарохонд. Ин иқдом пас аз он сӯрат гирифт, ки Конгресс қатъномаеро дар маҳкӯмияти иқдоми донишҷӯён дар бархе донишгоҳҳои амрикоӣ барои эъломи ҳимоят аз Навори Ғазза тасвиб кард. Мутобиқи ин қатънома ҳимоят аз Ҳамос, Ҳизбуллоҳ ва дигар гурӯҳҳои муқовимат ба баҳонаи иддаои «террористӣ будан»-и онҳо дар муассисоти омӯзиши олии Амрико маҳкӯм шуда буд. Гарчӣ дар қатъномаи мазкӯр иддао шуда буд, ки илзоми қонӯнӣ надорад ва сирфан як иқдоми намодин аст, аммо барномаи бозҷӯӣ аз руасои доншгоҳҳои Амрико хилофи ин иддаоро нишон дод ва исбот кард, муҳтавои қатънома дар ҳоли иҷроӣ шудан дар донишгоҳҳои Амрикост. Додаҳое, ки ахиран дар мавриди худсонсурии донишҷӯёни доншгоҳҳои Амрико ва далоили он мунташир шуда, далели дигаре барои сиҳҳати ин амр аст.

Дар пайи фарохонии Конгресс, Лиз Мэгилл, ки пас аз тазоҳуроти ҳомиёни мардуми мазлӯми Фаластин дар муҳавватаи ин донишгоҳ ба Конгресси Амрико эҳзор шуда ва аз маҳкӯм кардани тазоҳуроти мардумӣ, худдорӣ карда буд, рӯзи душанбе таҳти фишор ва таҳдидҳо аз симати худ истеъфо дод. Донишҷӯёни донишгоҳи Пенсилвания пештар ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ вокуниш нишон дода ва хостори таваққуфи куштори ғайринизомиён дар Навори Ғазза шуда буданд. Ба далели баргузор кардани тазоҳуроти мусолиматомез дар ин донишгоҳ, Лиз Мэгилл мавриди интиқоди густардаи ҳомиёни Исроил қарор гирифта буд.

Дар рӯйдоди дигар, чаҳор донишҷӯии донишгоҳи Ҳорворд ба иллати ҳимоят аз мардуми Ғазза ва ширкат дар таҷаммуъоти эътирозӣ ба Кумитаи инзиботии ин донишгоҳ фарохонда шуданд. Донишгоҳи Ҳорворд созмондиҳии тазоҳуроти ҳомиёни Фаластин дар ин донишгоҳро рафторе ғайриқобили қабул тавсиф кардааст, ки монеъ аз фаъолияти одии донишҷӯёни донишгоҳ мешавад. Интизор меравад ба донишҷӯёне, ки моҳи гузашта дар тазоҳуроти ҳимоят аз Фаластин дар донишгоҳи Ҳорворд ширкат карданд, ихтор дода шавад. Коджо Ачампонг, донишҷӯёни донишгоҳи Ҳорворд мегуяд: Иқдомоти инзиботӣ метавонад шомили таълиқи донишҷӯён аз таҳсил бошад. Бо ин ҳол коре, ки онҳо (масъӯлони донишгоҳ) анҷом медиҳанд, моро мутаваққиф намекунад ва ин иқдомот моро дар роҳи ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин мутаваққиф нахоҳад кард.

Бо вуҷуди ҳимоятҳои густардаи давлати демократи Байден муддаии ҳуқуқи башар аз Исроил, аммо дар дохили Амрико дар сатҳи мардуму нухбагон бавижа донишҷӯёну асотид мухолифатҳо бо иқдомоти ҷинояткоронаи Исроил алайҳи фаластиниҳои сокини Ғазза ва дар хост барои оташбаси фаврӣ ва поён додан ба хунрезиҳо рӯ ба афзоиш аст. Дар ин росто донишгоҳҳои Амрико ба саҳнаи рӯёрӯии ҳомиёни миллати Фаластину режими саҳюнистӣ табдил шуда ва дар ҳафтаҳои пас аз амалиёти “Тӯфони Ал Ақсо” дар 7 октябр ва ҳамалоти Исроил ба Ғазза, табдил ба конӯни таҷаммуъот алайҳи режими саҳюнистӣ шудааст. Мавзеъгириҳои асотиди донишгоҳ дар ҳимоят аз фаластиниҳо ва эътирозоти донишҷӯён ба ҷиноёти Исроил фишор алайҳи онҳоро афзоиш додааст. Фишорҳое, ки бо иттиҳоми яҳӯдиситезӣ ба донишгоҳиёни Амрико ворид мешавад, мунҷар ба ин амр шуда, ки бисёре аз онҳо масири худ сензуриро дар пеш гирифта ва ҳатто аз ироаи назароти илмӣ дар мавриди мунозиъоти рух дода иҷтиноб варзанд. 80 дарсади асотид ва донишҷӯёни Ховари Миёна шиносии Иёлоти муттаҳида мегӯянд дар мавриди ҷиноёти Исроил худсензурӣ мекунанд.

Густариши ҳимоят аз фаластиниҳо ва маҳкӯмияти иқдомоти ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ алайҳи мардум мазлӯми Ғазза бавижа дар сатҳи донишгоҳҳои Амрико аз як сӯ ва иқдомоти маҳофил ва ниҳодҳои ҳаводори Исроил бавижа дар Конгресси Амрико ва сутӯҳи мудириятии марокизи донишгоҳӣ барои иръоби донишҷӯёну асотид ва таҳдид ба ихроҷи онҳо ва ҳатто амалӣ шудани ин масъала дар бораи раиси донишгоҳи Пенсилвания бори дигар масъалаи озодии баён дар Ғарб ва ба таври хос дар Иёлоти муттаҳидаро зери суол бурдааст. Ғарбиҳо дар умӯре, ки аз дидгоҳи онҳо муқаддас ва ғайри қобили тардид маҳсӯб мешаванд, башиддат алайҳи афроде, ки дар ин замина мавзиъи ғайри марсум ва ё ғайри муҷоз сӯрат диҳанд, вокуниш нишон дода ва анвоъи фишорҳо ва муҷозотҳоро алайҳи онҳо эъмол мекунанд. Дар воқеъ озодии баён дар кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико фақат то замоне вуҷӯд дорад, ки хати қирмизҳо ва ё ба истилоҳ тобуҳои ин кишварҳо монанди ҳимояти тому тамом аз режими саҳюнистӣ ва ё Ҳолокост зери суол наравад ва ба маҳзи матраҳ кардани кучактарин пурсише дар бора ин мавзӯъот ва ё ҳимоят аз фаластиниҳо ва маҳкӯм кардани ҷиноёти Исроил, сахттарин бархӯрдҳо бо ашхосе, ки ин иқдомотро сӯрат диҳанд анҷом мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад