Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз 90 % марзи муштаракро муайян кардаанд

Дар ҷараёни мулоқот ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон натиҷаҳои кори гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқӣ оид ба муайян ва аломатгузории сарҳади давлатиро баррасӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон натиҷаҳои кори гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқӣ оид ба муайян ва аломатгузории сарҳади давлатиро баррасӣ карданд.

Ба гузориши манбаъ:

Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз 90 % марзи муштаракро муайян кардаанд.

Дар ин бора Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар пайи мулоқот бо ҳамтои қирғизаш изҳор дошт.

Мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар дар маркази маъмурии вилояти Бодканд баргузор шуд.

Дар ин нишаст 120 километри хатти тамос мувофиқа шуд.

Дар поёни ҷаласаи комиссияи корӣ сарони ҳайатҳо – раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев изҳорот доданд.

Ятимов гуфт:

“Агар дарозии умумии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро гирем, метавонем тасдиқ кунем, ки беш аз 90% марзи давлатӣ аллакай муайян шудааст”.

Намояндаи Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ҷонибҳо ба ҳалли ин масъалаҳо наздиканд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои пурра анҷом додани кор боз чанд мулоқот баргузор хоҳанд кард.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол, чандсад километри хати марз муайян ё аломатгузорӣ нашудааст. Ин вазъият пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст – ҷонибҳо наметавонанд дар бораи моликияти даҳҳо минтақаи баҳсбарангез ба созиш бирасанд.

Ҳудуди муайяннашуда ба минтақаи низоъҳои байни аҳолии маҳаллӣ табдил меёбад. Охирин муноқишаи бузург 16 сентябри соли 2022 рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳарду ҷониб садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд ва ба инфрасохтори манотиқи марзии вилоятҳои Суғду Бодканд хисороти зиёди моддӣ расонида шуд.

Бояд гуфт, кишвардорони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов борҳо масъалаи марзбандиро баррасӣ кардаанд. Вазъ дар минтақаҳои баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.

Гуруҳҳои кории байниҳукуматии ду кишвар талош доранд, бо дарназардошти ҳифзи манфиатҳои дуҷониба марзро муайян ва аломатгузорӣ кунанд. Вохӯриҳо бонавбат дар қаламрави ҳамдигар гузаронида мешавад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Имомқули Тасмагамбатов, Дабири кулли Созмони Паймони Амният Дастаҷамъӣ гуфт: Аъзои Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ итминон доранд мавзӯи ихтилофоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар ояндаи наздик ҳал хоҳад шуд ва пешрафтҳои назаррасе дар ин росто вуҷуд дорад.

Вай хотирнишон кард: Сарони кишварҳо бо ишора ба пешрафтҳои суратгирифта ибрози итминон карданд ин мушкил дар ояндаи наздик ҳал хоҳад шуд.

Ба гуфта дабири кулли СПАД пешрафти қобили мулоҳиза дар ҳали масаълаи марзӣ байни ин ду кишвар як омили муҳиму мусбат барои кулли минтақа ба ҳисоб меравад.

Тасмагамбатов таъкид кард: Руасои ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон эълом карданд, ки барои ҳалли ин мавзӯъ ҳеҷ ҷойгузине ҷуз равишҳои сиёсӣ ва дипломатик нест ва бар асоси он камиссиюнҳои давлатӣ ташкил шудаанд, ки ба таври муназзам ҷаласа мегузоранду мушкилоти бахшҳои мавриди ихтилофи марзро ҳал мекунанд.

Дабири кулли СПАД афзуд: Фикр мекунам дар ояндаи наздик шоҳиди пешрафти бисёр хубе дар ин замина бошем.

Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус низ ба ин мавзӯъ ишора карда гуфт: Мо аз пешрафти бисёр хуб байни руасои ҷумҳури ин ду кишвар дар марзи муштаракашон истиқбол мекунем.

Лозим ба зикр аст, ки оқилбек Ҷабборов, нахуствазири Қирғизистон пештар эълом карда буд ҳар ду тараф хоҳони ҳалли мушкили марзӣ то поёни соли 2023 ҳастанд.

Тӯли марзи ду кишвар 972 километр аст. Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки ҳудуди 290 километр таъин нашуда, боқӣ мондааст. Пас аз имзои протоколи шумораи 44, раванди тавофуқ бар сари бахшҳои марзӣ суръати қобили таваҷҷуҳе ёфтааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад