Раъйи Тоҷикистон ба оташбаси фаврӣ дар Ғазза

Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро тасвиб кард, ки дар он талаби оташбаси фаврии башардӯстона дар минтақаи низоъ миёни Исроил ва Фаластин пешбинӣ мешавад.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз расонаҳои хабарӣ, илова бар ин, талаб гардид, ки бидуни ироа кардани шарти пешакӣ тамоми гаравганҳо озод шаванд ва дастрасӣ ба кумакҳои башардӯстона таъмин гардид, хабар медиҳад.

Ба тарафдории ин санад 153 мамлакат овоз доданд. Аз ин миён 10 давлат, аз ҷумла ИМА, Исроил, Австрия ва Чехия раъйи муқобил доданд.

Инчунин 23 кишвари дигар, аз ҷумла Украина, Британияи Кабир, Олмон, Итолиё, Аргентина ва Гурҷистон аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд.

Тоҷикистон аз ин қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид пуштибонӣ кард.

Ҳамзамон Маҷмаи кулл алайҳи пешниҳоди Амрико дар бораи ворид кардани ислоҳ ба санади маҳкум кардани ҳамлаи Ҳамос раъй дод.

Бояд гуфт, қатъномаро дар бораи вазъи вахими мардуми осоиштаи фаластинӣ дар Навори Ғаззаро Миср ва Мавритания омода намуданд. Муаллифон борҳо таъкид кардаанд, ки ин санад сирф башардӯстона аст ва намехоҳанд, ки он сиёсӣ шавад.

Тибқи матни санад, Маҷмаи Умумии СММ “тақозо мекунад, ки оташбаси фаврии башардӯстона” таъмин гардад ва инчунин “ба таври фаврӣ ва бидуни қайду шарт ҳамаи гаравгонҳо озод гарданд ва дастрасӣ ба кумакҳои башардӯстона таъмин гардад.

Ин матн аз ҳамаи тарафҳо тақозо мекунад, ки ӯҳдадориҳои тибқи қонуни байналмиллалии башардӯстона, аз ҷумла дар мавриди ҳимояи шаҳрвандонро риоя кунанд.

Рӯзи ҷумъа як қатънома бо ҳамин талабот дар Шӯрои Амнияти СММ монеъ шуд. 13 узви Шӯрои Амният тарафдори қабули ин санад буданд, Амрико худдорӣ кард.

Бар хилофи қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, қатъномаҳои Ассамблеяи Генералӣ эътибори қонунӣ надоранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад