Идомаи талошҳои мақомҳои Осиёи Марказӣ барои иттисол ба каридорҳои транзитии шимол – ҷануб

Мақомҳои аршади Қазоқистону Туркманистон дар заминаи транзитӣ ба манзури ҳамкории муштарак дар як каридори ҳамлу нақл аз Чин ба Эрон тавофуқ карданд.

Дар ҷараёни нахустин нишасти коргурӯҳ ба раёсати муштараки Талгат Ластаев, муовини вазири ҳамлу нақли Қазоқистон ва Батир Аннаев, муовини мудири кулли Ожонси ҳамлу нақлу иртибототи Туркманистон дар Ашқобод, ду тараф дар мавриди тавсеаи муштараки сохти каридори “Чин – Қазоқистон – Туркманистон – Эрон” тавофуқ карданд.

Ин коргурӯҳи нишасти муштарак дар айни ҳол, дар заминаи шаклгирии сиёсатҳои тарофаӣ, рақобати инъитофпазир дар ҳавзаи иртибототи рейлиро мусбат арзёбӣ ва мувофиқат кард, ки дар оянда низ ба ҳамкорӣ дар ҳамин замина идома диҳанд. Дар поёни нишасти Ишқобод, протокол ва ёддоште дар мавриди иттисоли ҳамлу нақл миёни вазорати ҳамлу нақли Қазоқистону Ожонси ҳамлу нақлу иртибототи Туркманистон ба имзо расид. Дар идома талошҳои раҳбарони Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанӯбӣ ба манзури густариши ҳарчӣ бештари ҳамкориҳои ҳамлу нақлӣ ва транзитӣ бо Эрон, мақомҳои аршади Қазоқистону Туркманистон бори дигар аз каридори ҳамлу нақлӣ аз масири чин Ба Эрон тавофуқ ба амал овараданд.

Ин тавофуқҳо дар ҳоле аст, ки пеш аз ин низ ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанӯбӣ ба манзури тақвияти ҳамкориҳои муштараки ҳамлу нақлӣ бо Эрон тавофуқномаҳои мутаъаддиде имзо кардаанд. Ба унвони мисол, дар тобистони соли гузаштаи милодӣ (2022), дар ҷараёни дувумин нишасти Шӯрои ҳамоҳангии кишварҳои ширкаткунанда дар нишасти Овоза, Туркманистон, Эрон, Узбекистон ва Қазоқистон протоколи илҳоқии ниҳоӣ ва мувофиқатномаи эҷоди каридори ҳамлу нақлу транзити байналмилалиро бо унвони мувофиқатномаи Ашқобод имзо карданд.

Мирослав Антонович, раиси кумитаи Созмони ҳамкориҳои роҳи оҳани Туркманистон, ҳамкориҳои муштараки сеҷониба бавижа дар заминаи иттисоли роҳи оҳанҳои Қазоқистон, Туркманистону Эронро барои тамомии кишварҳои минтақа бо аҳамият донист. Тӯли роҳи оҳани байналмилалии Эрон – Туркманистон – Қазоқистон дар маҷмӯи 926 километр аст, ки аз ин мизон 146 километр дар хоки Қазоқистон, 700 километр дар арозии Туркманистон ва 80 километри он дар хоки Эрон воқеъ шудааст. Ин хати оҳан, ки дар авохири соли 2014 ба баҳрабардорӣ расидааст, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро аз тариқи Эрон ба обҳои озоди байналмилалӣ муттасил хоҳад кард.

Антонович дар нишасти “каридорҳои ҳамлу нақл ва транзитии байналмилалӣ: Иттисолу тавсеаи иқтисодӣ “дар Ашқобод, бар аҳамияти вижаи роҳи оҳани Қазоқистон – Туркманистон – Эрон, ки бахше аз каридори ҳамлу нақли байналмилалии шимол – ҷануб маҳсӯб мешаванд, таъкид кард.

Вай ҳамчунин тасреҳ кард: “Ин бузургроҳ масирҳои изофӣ эҷод мекунад, ки Қазоқистон, манотиқи марказии Русия ва Туркманистонро ба Эрон, кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс, ҷанубу ҷануби шарқи Осиё ва билъакс муттасил мекунад. Ин каридори роҳи оҳан ҳамчунин тамомии умӯри ҳамлу нақлу транзити бору мусофирро дар сатҳи минтақа афзоишу ҳазинаҳои ҳамлу нақлро ба мизони чашмгире коҳиш хоҳад дод. Зимни он ки дар муддатзамони сафар, сарфаҷӯӣ шуда ва ба рушди иқтисодии кишварҳои воқеъ дар тӯли ин масири муҳими иртиботӣ кумак мекунад”.

Ин мақоми давлати Ашқобод дар айни ҳол, эълом кард: “Роҳи оҳани Қазоқистон – Туркманистон – Эрон ба кишварҳои ширкаткунанда дар ин тарҳ иҷозаи вуруд ба бозорҳои ҷаҳониро медиҳаду бахши бисёр муҳимме аз шабакаи роҳи оҳани АвруОсиё низ қаламдод мешавад”.

Хати оҳани Қазоқистон – Туркманистон – Эрон дар моҳи декабри соли 2014 ба баҳрабардорӣ расид. Пас аз ифтитоҳи тарҳи Камарбанд- як роҳ , чин низ ба ин масир пайвастааст ва аз соли 2016 қаторҳои боркаш аз тариқи ин даҳлез тараддуд мекунанд. Дар ҳамин замина, дар 26 ноябри 2021 тафоҳумномаи сеҷонибаи рейлӣ байни се кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркманистону Қазоқистон (KTI) ба манзури афзоиши бори вурӯдии рейлӣ аз кишвари Қазоқистон ба Туркманистон ва аз он ҷо ба Эрон мунъақид шудааст.

Илова бар Туркманистон, давлати Қазоқистон низ ҳамвора аз сармоягузорӣ дар масирҳои ҳамлу нақлу тронзити Эрон таъкид кардааст. Давлати Остона ҳамчунин эълом кардааст, сармоягузории аъзои “Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё” дар банодири Эронро омили тавсеаи ин иттиҳодия талаққӣ мекунад. Каридори шимол – ҷануб, номи тарҳи бузурги ҳамлу нақлӣ аст, ки дар пайи тавофуқи се кишвари Ҳинд, Эрону Русия дар соли 2000 калид хӯрд. Ин пружа ба унвони як пули иртиботии муҳим байни кишварҳои аврупоӣ, Скандинавия ва Русия бо манотиқи Халиҷи Форс, Уқёнуси Ҳинд ва ҷануби шарқии Осиё шинохта мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад