Раисҷумҳури кишвар ба Дубай рафт

Дар ҳамоиш ҳукуматҳо дар бораи тадбирҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ барои маҳдуд кардани болоравии ҳарорати ҷаҳонӣ, ва коҳиши таъсири тағйири иқлим ба мувофиқа мерасанд

Раисҷуми кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи сафар иштирок дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим мебошад.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии ӯ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Конфронси мазкур аз 30 ноябр то 12 декабр дар Дубай (АМА) баргузор шуда, қарор аст даҳҳо ҳазор меҳмон аз саросари ҷаҳон дар он ширкат кунад.
Дар ҳамоиш ҳукуматҳо дар бораи тадбирҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ барои маҳдуд кардани болоравии ҳарорати ҷаҳонӣ, мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсири тағйири иқлим ба мувофиқа хоҳанд расид.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад