Таъкид бар иртиқои тавон ва омодагиҳои размии неруи дарёии артиши ҶИЭ

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори фармондеҳи кулли артиш ва ҷамъӣ аз фармондеҳони неруӣ дарёии артиши ҶИЭ бо ишора ба зарфиятҳои фаровон ба хусӯс зарфияти ин нерӯ барои кумак ба иҷроии сиёсатҳои иқтисоди дарёи меҳвар. бар лузӯми кашфи зарфиятҳои ҷаддид ба манзури афзоиши иқтидори низомӣ ва кишвар ва ҳамчунин эҷоди нишот ва умед дар ҷомеъа таъкид карданд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ  раҳбари ҶИЭ рӯзи (сешанбе) ба муносибати 7 озари Рӯзи неруи дарёӣ баргузор шуд, пешрафтҳои неруи дарёии артиш аз ибтидои инқилоб то кунӯн чашмгир ва ғайри қобилии бовар хонданду гуфтанд: Дар солҳои аввали инқилоб ҳузури неруӣ дарёии артиш фаротар аз обҳои сарзаминӣ ғайри қобили тасаввур буд аммо акнӯн неруи дарёии артиш бо қудрат ва салобати сафари 360 дараҷа ба даври дунё анҷом медиҳад ва бо сарбаландӣ ба кишвар боз мегардад.

Ба муносибати муваффақияти диловармардони неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вижа дар амалиёти Марворид дар муқобили ҳамлаи дарёӣ ва ҳавоии артиши Баъси Ироқ дар ҳафтуми озари 1359 шамсӣ, ин рӯз ба номи Рӯзи неруи дарёии номгузорӣ шудааст.

Рӯзи (душанбе) ва дар остонаи дидори имрӯзи фармондеҳони неруӣ дарёии артиш бо Раҳбари ҶИЭ, маросими илҳоқи новшикани бумӣ « Дилмон» бо ҳузури мақомоти лашкарӣ ва кишварии ҶИЭ ба новгони шимол ва минтақаи чаҳоруми неруӣ дарёии артиш дар бандари Анзалӣ баргузор шуд ва ҷилваи дигар аз тавонм саноеъи дифоъии Ҷумҳурии Исломии Эронро исбот кард. Ин новшикани тамом эронӣ муҷаҳҳаз ба анвоъи таҷҳизот ва сомонаҳои дифоъӣ ва размии сохта шуда дар дохил кишвар аст илова бар қобилияти дарёнавардии тӯлонӣ, тавоноии ҷустуҷӯ, кашф, шиносоӣ, расад, муқобила ва дар сӯрати ниёзи инҳидоми ҳаргунаи таҳдиди ҳавоӣ , сатҳӣ ва зери сатҳиро доро аст.

Бетардид, иқтидори дарёӣ ва бархӯрдорӣ аз як неруӣ дарёии қудратманд ва коромад на танҳо метавонад таъсири босазое дар сиёнат аз манофеи миллӣ ва дастёбӣ ба аҳдоф дифоӣ дошта бошад, балки дар дастёбӣ ба як сиёсати дифоъии муваффақ низ муассир ва коромад аст. Ҷумҳурии исломии Эрон ба воситаи қарор гирфитан дар шимоли Уқёнуси Ҳинд, муҷовират бо Халиҷи Форс, Тангаи Ҳурмуз, дарёи Омун дарёи Хазар аз муқеъияти жиополетикӣ ва дарёии вижа дар минтақа ва ҷаҳон бархӯрдор аст ки аҳамият ва нақши неруӣ дарёии онро ду чандон кардааст.

Бар ҳамин асос, неруи дарёии роҳбурдии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар солҳои пас аз инқилоб ва ҷанги таҳмилӣ ва бо вуҷӯди шароити таҳрим, бо сарлавҳа қарор додани манвиёти раҳбари ҶИЭ мабнӣ бар такя бар тавони дохилӣ, ҳамвора тавонмандиҳои худро афзоиш дода ва давраҳои муҳимро дар бахшҳои марбӯт ба бозсозӣ, иртиқо ва афзоиши новгон дар ҳавзаҳои мухталиф таҷриба кардааст.

Неруӣ дарёии роҳбурдии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин ҳузур дар обҳои байналмилалиро афзоиш додааст; Новгурӯҳи 86 неруӣ дарёии артиши Эрон шомили новшикани Дано ва Новбандари Макрон чанде пеш барои нахустин бор даври дунёро дар 213 рӯзи дарёнавардӣ тай кард ва иловабар намоиши тавон фаннӣ ва бӯмӣ қудрати боздорандагӣ ва таҳоҷумии неруи дарёии Эронро ба намоиш гузошт.

Бадеҳи аст, неруи дарёии роҳбурдии артиш ба ҳамроҳи неруи дарёии сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, акнӯн ба унвони қудрати бартар ва боздоранда дар минтақа маҳсӯб мешаванд. ки таъсири босазоӣ дар сиёнат аз манофеи миллӣ ва дастёби ба аҳдофи дифоъии Ҷумҳурии Исломии Эрон дорад. Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вижа неруӣ дарёии артиш бо таъаҳҳуд дониш, халлоқият ва навоварӣ дар канори рӯҳияи исору фидокорӣ, қуллаҳои ифтихор ва иззатмандиро яке пас аз дигари пушти сар гузошта ва бо сохти таҷҳизоти мудерн, афзоиши новгон ва ҳузӯри муқтадирона дар обҳои озоди байналмиллалӣ, иқтидори низоми Ҷумҳурии Исломиро ба рӯхи ҷаҳонён кашидаанд.

Амир дарёдор Шаҳроми Эронӣ фармондеҳи неруӣ дарёии артиши ҶИЭ низ дар дидор бо раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Хоманаӣ зимни ироаи гузорише аз тавонмандиҳо ва фаъолиятҳои ин нерӯ, густариши ҳавзаи нуфӯз дар дарё ва такя бар фанноварӣ ва донишро ду сиёсати аслии ин нерӯ дар ҷиҳати тақвияти муаллифаҳои қудрати низомӣ баршумурд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад