Пашинян: Арманистон ва Озарбойҷон бар сари усули асосии сулҳ тавофуқ карданд

 Нахуствазири Арманистон аз тавофуқ бар сари усули аввалия бо Озарбойҷон дар бораи сулҳ хабар дод.

Нахуствазири Арманистон аз тавофуқ бар сари усули аввалия бо Озарбойҷон дар бораи сулҳ хабар дод.

Некол Пашинян, нахуствазири Арманистон бо баёни инки Озарбойҷон ва Арманистон дар мавриди мавзуъҳои аслӣ ба иҷмоъ расиданд, изҳор дошт: дар натиҷаи ҷаласаҳое, ки дар Брюссел баргузор шуд, тавофуқ бар сари усули аслии марбут ба сулҳ ҳосил шуд.

Вай афзуд: ин иттифоқ бо миёнҷигарии раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, Шорл Мишел, рух дод.

Моҳи гузашта буд, ки вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар бораи раванди оддисозии равобити Озарбойҷон ва Арманистон дар заминаи амалиёти низомии Озарбойҷон ва тахлияи беш аз 100 ҳазор армании сокини Қарабоғ табодули назар карданд.

Токунун чанд даври музокирот байни Илҳом Алиев ва Некол Пашинян бо ҳузури Шорл Мишел дар Брюссел анҷом гирифтааст. Дар даври аввали ин музокирот, тарафайн тамомияти арзии якдигарро ба расмият шинохтанд, ки шомили Қарабоғ низ мешуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад