Ифшогарии бузурги рӯзномаи исроилӣ – худзании артиши Исроил дар қатли 364 саҳюнист

Рӯзномаи саҳюнистии Ҳооретс фош кард, ки таҳқиқоти полиси Исроил нишон медиҳад, ки як болгарди опочии исроилӣ дар рӯзи ҳафтуми октябр замони ҳамлаи Ҳамос ширкаткунандагон дар ҷашнвораи мусиқӣ дар наздикии шаҳраки Рейъим дар атрофи Ғаззаро бомбаборон кардааст.

Нашрияи Ҳооретс саранҷом бо интишори абъоди воқеии куштори саҳюнистҳо дар рӯзи амалиёти Тӯфони Ақсо ( 7 октябр) дар як фестивали мусиқӣ дар рӯстои Рейием дар наздикии Ғазза эълон кард, бархилофи изҳороти пешини мақомоти исроилӣ алайҳи Ҳамос, ин афрод дар ҷараёни ҳамлаҳои як болгарди исроилӣ ҳадаф қарор гирифта ва кушта шудаанд.

Таҳқиқоти полиси режими саҳюнистӣ аз халбаони ин болгард мегӯяд, ки Ҳамос асосан дар рӯзи амалиёти Тӯфони Ақсо дар ҷараёни ин фестивали мусиқӣ набудааст.

Бар ҳамин асос шавоҳид ва бозҷӯиҳои анҷомшуда аз халабони болгарди исроилӣ нишон медиҳад, ки 364 саҳюнист дар хилоли ин маросим бо ҳамалот ва бомбаборони болгардҳои артиши режими саҳюнистӣ ва на Ҳамос кушта шудаанд. Ин халабон муддаӣ аст бо тасаввури онки афроди ҳозир дар ин маҳалла ҳамагӣ размандагони Ҳамос будаанд, иқдом ба бомбаборони ин минтақа ва куштори 364 саҳюнист кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад