СҶБ: Хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза ҳастем

Мудири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, ки бо шуракои худ барои таҳияи тарҳи тахлияи изтирорӣ барои бемористони Шифо ҳамкорӣ мекунад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Тедрос Адханом, мудири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бомдоди якшанбе гуфт: “Имрӯз як ҳайати арзёбии Созмони Милалро ба бемористони Шифо дар Ғазза эъзом кардем.”

Вай аммо тасреҳ кард: “Тими байналмилалии мо аммо натавонист дар бемористони Шифо ба анҷоми вазоифи худ бипардозад. Мо бо шуракои худ барои таҳияи тарҳи тахлияи изтирорӣ барои бемористони Шифо ҳамкорӣ мекунем.”

Мудири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳамчунин афзуд: “Мо ҳамчунон хостори ҳифозат аз ғайринизомиён ва оташбаси фаврӣ [дар Ғазза] ҳастем.”

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ асри шанбе мактаби Ал-фохураҳ дар урдугоҳи Ҷибилё дар шимоли Ғаззаро бомбаборон карданд, ки тибқи охирин гузоришҳо беш аз 200 нафар дар ин ҳамлаи ваҳшиёна ба шаҳодат расидаанд.

Ин мактаб вобаста ба Созмони Милал аст ва оворагонро дар худ ҷой дода буд, ки бештари онҳо кудак ҳастанд. Ҳамзамон бо ин Мактаб, мактаби дигаре ҳам ҳадафи бомбаборон қарор гирифт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад