Мирзиёева: фаъолияти расонаҳои гурӯҳӣ дар Узбакистон қонунманд мешавад

Ёрдамчии раисҷумҳури Узбакистон дар дидори намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури озодии расонаҳо аз такмили қонунҳои расонаҳои гурӯҳӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ёрдамчии раисҷумҳури Узбакистон дар дидори намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури озодии расонаҳо аз такмили қонунҳои расонаҳои гурӯҳӣ дар ин кишвар хабар дод.

Саида Мирзиёева, ёрдамчии раисҷумҳури Узбакистон ва Тереза Рибиру, намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури озодии расонаҳо дар шаҳри Тошканд дидор ва масоили озодии расонаҳоро баррасӣ карданд.

Тарафайн дар ин дидор мушкилоти мавҷуд ва имконоти озодии расонаҳо дар ҷаҳон, дар шароите, ки таноқузҳо ба авҷи худ мерасад, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мирзиёева дар канали телеграми худ илова кард: имрӯз мо дар марҳалаи такомули қавонин расонаҳои гурӯҳӣ қарор дорем. Мо дар ҳоли ҳозир дар ҳоли омода кардани як пешнависи қонуни расонаӣ ҳастем.

Вай идома дод: ҳифзи тағйироти мусбате, ки дар солҳои ахир дар арсаи расонаҳои гурӯҳӣ ба даст овардаем ва ҳимоят аз хабарнигорон барои мо муҳим аст.

Тарафайн дар чорчуби ин дидор ҳамчунин проектҳои муштараки ояндаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад