Ҳамлаи полиси Олмон ба марказҳои исломӣ

Полиси Олмон ба баҳонаи баррасии бархе иддаоҳои дурӯғ ба Маркази исломии Гамбург ва 54 маркази дигар дар 7 иёлати федерал ҳамла кард.

Полиси Олмон ба баҳонаи баррасии бархе иддаоҳои дурӯғ ба Маркази исломии Гамбург ва 54 маркази дигар дар 7 иёлати федерал ҳамла кард.

Ба нақл аз хабаргузории Анатолӣ, вазорати кишвари Олмон дар баёнияе эълон кард: Маркази исломии Гамбург ва ниҳодҳои тобеа ба гумони иқдом алайҳи назми умумт мавриди баррасӣ ва 54 марказ дар 7 иёлати федерал мавриди бозрасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин баёния бидуни ироаи ҳаргуна санад ва мадраке иддаоҳо алайҳи фаъолиятҳои Маркази исломии Гамбург матраҳ шудааст.

Дар ин баёния эълон шудааст, ки мақомоти амниятӣ дар ҳоли баррасии иддаоҳо мабнӣ бар ҳимояти ин марказ аз фаъолиятҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳастанд.

Баёнияи мазкур изофа мекунад, ки дар ин амалиёти зарбатӣ, ки субҳгоҳи имрӯз бо мушорикати ҳудуди 500 полис анҷом шуд, василаҳои электроникӣ ҷиҳати баррасӣ забт шудаанд.

Дар ин баёния аз қавл Нанси Фоир, вазири кишвари Олмон бидуни ишора ба идомаи ҷиноятҳои ҷории ишғолгарони Қудс алайҳи мардуми мазлуми Фаластин дар Ғазза иддао шудааст: таблиғоти зидди исроилиро таҳаммул намекунем! Бояд бисёр ҳушёр бошем ва иқдомоти ҷиддӣ анҷом диҳем. Ба ҳамин далел қотеона дар ҳоли таҳқиқ ҳастем.

Гуфтанӣ аст, ки Берлин токунун ҳеҷгуна далел ва ё санад ва мадраке дар бораи иддаои худ алайҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон ироа накардааст.

Ин дар ҳолест, ки яҳудиён дар бисёре аз нуқтаҳои ҷаҳон ба вижа дар кишварҳои ғарбӣ то кунун борҳо алайҳи ҷиноятҳои саҳюнистҳо алайҳи мардуми мазлуми Фаластин таҷаммӯъҳои эътирозомез баргузор кардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад