Рӯзноманигор: ҳимояти Эрдуғон аз Фаластин лафзӣ ва аз Исроил воқеӣ аст!

Як рӯзноманигори туркияӣ аз сиёсатҳои давлати кишвараш дар масъалаи режими саҳюнистӣ интиқод карда ва гуфтааст, ки Анқара аз Фаластин ба шакли лафзӣ, аммо аз Исроил ба шакли воқеӣ ҳимоят мекунад.

Як рӯзноманигори туркияӣ аз сиёсатҳои давлати кишвараш дар масъалаи режими саҳюнистӣ интиқод карда ва гуфтааст, ки Анқара аз Фаластин ба шакли лафзӣ, аммо аз Исроил ба шакли воқеӣ ҳимоят мекунад.

Матин Ҷиҳон, рӯзноманигори туркияӣ бо интишори тасвирҳое, ки содироти маҳсулоти туркияӣ ба режими саҳюнистиро нишон медиҳад аз сиёсатҳои Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар масъалаи ин режим интиқод кардааст.

Эрдуғон дар як суханроние дар нишасти Ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа аз режими саҳюнистӣ ба унвони як “кишвари террористӣ» ном бурд.

Раисҷумҳури Туркия гуфт: “Исроил роҳбурди тахриби комили як шаҳр бо мардумонашро дар пеш гирифтааст. Ман нисбат ба ончи дар дилам мегузарад, огоҳ ҳастам ва ошкоро мегӯям Исроил кишвари террорист аст.”

Вай илова кард: “агар Исроил қатли омро ба ин шакл иҷро кунад, ман ҳама ҷо инро сабт хоҳам кард, ки як кишвари террористӣ вуҷуд дорад, ки дар тамоми дунё лаънатшуда аст.”

Эрдуғон дар бахши дигаре аз изҳороташ илова кард: “ман хитоб ба Нетонёҳу мегӯям: шумо бомбаи атомӣ доред, бомбаи ҳастаӣ доред ва бо он таҳдид мекунед. Муҳим нест чӣ доред, шумо рафтанӣ ҳастед!”

Раисҷумҳури Туркия афзуд: “мо иқдомоте анҷом хоҳем дод, то ниҳодҳои сиёсӣ ва низомии Исроил, ки ба шакли бераҳмона мардуми мазлуми Ғаззаро қатли ом карданд, дар додгоҳҳои байналмилалӣ муҳокима шаванд.”

Бо вуҷуди ин, Эрдуғон ба рағми ин баёнияҳои оташин, ҳануз ҳеҷ иқдоми амалӣ дар ҷиҳати қатъи робита бо режими саҳюнистӣ анҷом надодааст.

Матин Ҷиҳон дар паёме дар шабакаи иҷтимоии Х бо баёни инки содироти маҳсулоти туркияӣ ба Исроил идома доранд, феҳристе аз беш аз 200 киштии борӣ, ки дар ҳоли ҳамли маҳсулоти мухталифро, аз нефт хом, оҳану фӯлод ба Телавив ҳастанд, мунташир кардааст. (акси зер)

Ӯ дар бахше аз ин паёмаш навиштааст, ки Туркия аз Фаластин дар лафз ҳимоят мекунад, аммо аз Исроил дар воқеият.

Ӯ дар ин паём навиштааст: “мо ҳоло аз бандарҳоямон ба таври мутавассит 7 киштӣ озими Исроил мекунем. Рӯзи гузашта ҳам 13 киштии дигар фиристодем. Мо аз замони оғози қатли омҳо дар Ғазза аз Фаластин дар сатҳи лафз ҳимоят кардаем, аммо бо 272 киштии луҷестик дар ихтиёри Исроил қарор додаем.”

Ҷунбиши муқовимати исломии фаластинии Ҳамос дар рӯзи ҳафтуми октябр дар посух ба беш аз ҳафт даҳа ишғоли Фаластин ва наздик ба ду даҳа муҳосираи Ғазза ва зиндон ва шиканҷаи ҳазорон фаластинӣ амалиёти мавсум ба Тӯфони Ақсоро оғоз кард.

Ин амалиёт яке аз маргбортарин ҳамлаҳо алайҳи ин режим буд. Муборизони Ҳамос дар чанд нуқта аз ҳисорҳои марзӣ ба дохили заминҳои ишғолӣ нуфуз карданд, ба рустоҳо юриш бурднд ва илова ба ҳалокат расондани шумораи зиёде аз исроилиҳо, теъдоде аз онҳоро гаравгон гирифтанд.

Режими саҳюнистӣ дар посух ба ин амалиёт, ҳамлаҳои сангинеро алайҳи Ғазза оғоз карда ва ин минтақаро таҳти муҳосираи комил қарор додааст. Ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба шаҳодати беш аз 11 ҳазор нафар анҷомидааст.

Нозирон мегӯянд иқдомоти Исроил, хоҳ аз қатъи барқ, маҳдуд кардани кумакрасонӣ ба Ғазза ва анҷоми ҳамла алайҳи овораҳои фаластинӣ дар Ғазза зери қонунҳои байналмилалӣ мисдоқи ҷиноятҳои ҷангӣ маҳсуб мешаванд.

Низомиёни режими Исроил имрӯз дар иқдоми дигаре, ки интиқоди шадиди ниҳодҳои байналмилалиро ба ҳамроҳ дошт, вориди бемористони Шифо дар шимоли Ғазза шуданд.

Мортин Гриффитс, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури башардӯстона тайи баёнияи дар шабакаи Х гуфт, ки аз юриши артиши режими саҳюнистӣ ба бемористони Шифо дар шаҳри Ғазза, буҳтзада ва ҳайратзада шудааст.

Гриффитс бо баёни инки бемористонҳо маконе барои ҷанг нестанд, бар лузуми ҳифозат аз беморон ва кадри дармон дар ҳар шароите таъкид кард.

Вай дар ин бора тавзеҳ дод: “ман аз гузоришҳои ҳамлаи низомӣ ба бемористони Шифо дар Ғазза ваҳшатзада шудам. Ҳифозат аз навзодон, беморон, кодри пизишкӣ ва ҳамаи ғайринизомиён бояд болотар аз ҳамаи масоили дигар бошад. Бемористонҳо ҷойи ҷанг нестанд.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад