Касби мақоми аввал тавассути як тоҷик дар мусобиқоти Қуръони дар Маскав

Аёмиддин Фархудинов, тоҷики зодаи Русия дар озмуни байналмилалии қироати Қуръон дар Маскав ғолиб гардид.

Аёмиддин Фархудинов, тоҷики зодаи Русия дар озмуни байналмилалии қироати Қуръон дар Маскав ғолиб гардид.

Озмуни мазкур маротибаи 21-ум баргузор мешавад ва аввалин маротиба дар он тоҷики зодаи  Русия ғолиб мегардад.

Дар ин озмун дар умум аз 31 давлати ҷаҳон ҳофизону қориёни Қунъон барои ғолибият рақобат карданд.

Тавре аз Созмони ҷамъиятии минтақавии “Ҷамъияти миллӣ- фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, дар ин озмуне, ки биёр пуршиддат ҷараён гирифт, Аёмиддин Фархудинов ғолиб гардид ва ба ӯ раиси Идораи мусулмонони Русия, муфтӣ Шайх Равил Гайнутдин ҷоизаро супорид.

Аёмиддин Фархудинов ғайр аз донандаву хонандаи хуби Қръон будан, ҳамчунин бо чор забон — тоҷикӣ, русӣ, арабӣ ва англисӣ озод суҳбат мекунад.

Ӯ тоҷик буда, дар вилояти Тулаи Русия таваллуд шудааст. Дар синни 6-солагӣ ба омӯзиши Қуръон шурӯъ карда, аллакай дар синни 10-солагӣ бо роҳбарии падараш дар озмунҳои қироати Қуръон иштирок кардааст.

Ҷойи дуюмро Ҳусейн Алиризо Ҳани Бидголӣ аз Эрон ва ҷои сеюмро Исмоил Муҳаммад Яҳё Маниёр аз Ҳиндустон соҳиб шуданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад