Нуктаҳое аз суханронии муҳими Сайид Ҳасан Насруллоҳ – 03

Суханронии сарнавиштсози дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар бораи таҳаввулоти ахири Фаластин ва Ғазза бо меҳварияти Тӯфони Ал-Ақсо таваҷҷуҳи ҳамаи ҷаҳониён ба хусус сарони режими ғосиб ва ҳамчунин ҳомиёни рӯсиёҳи ғарбии онро ба худ ҷалб кард. Бар асоси гузориши расонаҳо ҳудуди 4 миллиард нафар дар саросари ҷаҳон ин суханрониро гӯш карданд. Суханронии Сайид Ҳасан Насруллоҳро метавон «Маншури ҳаққонияти дифои Ғазза дар муқобили ҷиноятҳои режими ғосиб» номид.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар суханронии рӯзи ҷумъа сеюми ноябри 2023 нуктаҳои бисёр асосӣ ва муҳиммеро баён кард. Нуктаи аввал бо унвони “Машруияти инкорнопазири амалиёти «Тӯфони Ал-Ақсо»” ва нуктаи дувум бо унвони “Амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо 100% фаластинӣ буд” тақдим шуд ва инак нуктаи севум ва чоруми ин суханрониро пешкаши шумо менамоем.

Нуктаи севум: «Табодул» танҳо роҳи пеши рӯи режими ғосиб

Собиқаи нокомии ғосибон дар иддаоҳояшон

Аз суханони маҳками дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ин суханронӣ нишон додани ояндаи қатъии ҳамлаҳои сангини режими ғосиб ба Ғазза буд. Бо шадид шудани бомбаборонҳо ва ба бор овардани ҳаҷми бузурги харобиҳо ва теъдоди бесобиқаи шаҳидон, дилҳои бисёре ларзид ва навъе ноумедӣ бар онҳо чира шуд ва табъан чунин саҳнаҳое фаластиниҳоро ҳам то ҳадде таҳти таъсир қарор додааст. Сайиди муқовимат дар ин ҷо аз собиқаи ҷангафрӯзиҳои режими хуношом ва сипас таслим шуданҳои он сухан гуфт: «Яке аз муҳимтарин хатоҳои режими ғосиб дар ҷангҳо иддаои аҳдофи бузурге аст, ки амалӣ шудани онҳо ғайримумкин ва аз дастраси онҳо дур аст».

Маҷбур шудан ба пазириши шароити муқовимат

Сайид Ҳасан Насруллоҳ пурсид: «Оё то кунун дидаед, ки режими ғосиб, асирони худро бе табодул озод карда бошад”?! Сипас ишон баён кард: «Эй хоҳарон ва бародарон, он чи дар бомбаборони Ғазза мебинед, аҳмақӣ ва нотавонии Исроил аст ва аз он ваҳшигарӣ ҳам  наметавонад ба ҳадафаш бирасад ва чорае ҷуз мубодилаи асирони худ бо ҳазорон зиндонии фаластинӣ ва қабули дигар шароити муқовимат надорад”.

Мақомоти режими ғосиб далели ҳамлаҳои ваҳшиёна ва девонавори худро озод кардани асиронашон баён мекунанд. Ин баёни сайиди муқовимат ҳам Исроилро ба шиддат таҳқир кард ва ҳам ба сокинони мазлуми Ғазза оромиш дод ва ононро ба дурустӣ ва азамати ҳадафе, ки интихоб карданд, боваринок сохт. Кадом раҳбари майдонӣ метавонист дар ҳадди сайид ин қуввати қалбро ба сокинони дар ҳоли бомбаборони Ғазза ва неруҳои муқовимати он бидиҳад?

Нуктаи чорум: Баёни ду роҳбурди фаврӣ ва асосӣ

Талоши ҷиддӣ барои таҳаққуқи аҳдофи амалиёти муқовимат

Сайид дар ин суханронӣ диққати ҳамаи уммати Исломро ба ду масъалаи асосӣ дар ин ҷанг ҷалб кард: роҳбурди аввал ба сурати фаврӣ талоши шабонарӯзии ҳамагон барои таваққуфи ҷанг зидди мардуми Ғазза ва роҳбурди дувум кумаки ҳамагонӣ ба муқовимати Фаластин барои пирӯзӣ бар душмани ғосибу хуношом.

Мақсуди дабири кулли Ҳизубллоҳи Лубнон аз пирӯзӣ, даст ёфтан ба чаҳор ҳадафе аст, ки аз амалиёти азими “Тӯфони Ал-Ақсо” дар оғози суханронияш баршумурда буд. Ишон бар ин асос гуфт: “Пирӯзии Ғазза яъне пирӯзии мардуми Фаластин, пирӯзии асирони фаластинӣ, пирӯзии Каронаи Бохтарӣ ва Борикаи Ғазза, Қудс, масҷиди Ал-Ақсо ва калисои Қиёмат ва пирӯзии давлатҳо ва мардуми минтақа ва хусусан пирӯзии ҳамсоягони Фаластин аст”!

Ҳушдор аз саҳлангорӣ

Сайид Ҳасан Насруллоҳ аҳли ҷабҳаи муқовимати исломӣ ба хусус миллат ва муҷоҳидони фаластиниро аз ин, ки мабодо бо беамалияшон сабаби пирӯзии артиши Исроил шаванд, ҷиддӣ барҳазар дошт ва ҳушдор дод: “Агар Исроил пирӯз шавад, замони сарзаниш ва зиллати миллатҳо ва давлатҳои исломӣ ва арабӣ аз сӯи Исроил ва ҳуҷуми дубора ба онҳо фаро мерасад”.

Парҳез аз таслим шудан ба душман

Сайид бо ин баён талоши расое кард то ғарибӣ ва бемеҳриҳои имрӯзро аз Ғазза ва фаластиниҳо дар миқёси давлатҳои арабӣ ва исломӣ бизудояд ва ин баён замоне анҷом шуд, ки замзамаҳое барои тавофуқи вазири хориҷаи Амрико бо баъзе аз ин давлатҳо барои холӣ кардани Ғазза аз мардуми он ё решакан кардани муқовимат ба гӯш расида буд.

Ҳамаи мусулмонон вазифа доранд барои нусрати миллати мазлум, муқтадир ва сабуру муқовими Фаластин ба хусус минтақаи Ғазза ва ҷабҳаи муқовимати исломӣ бар душманони хуношом ва наслкуш дуо кунанд ва аз Парвардигор шикаст ва зиллати душманони ҳақ ба хусус нобудии режими ғосиб ва наслкуши саҳюнистиро талаб кунанд. Имрӯз майдони набарди ҳақ бо ботил аст ва ба хости Худо ҷабҳаи ҳақ пирӯз хоҳад шуд.

Соҳибназар

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад