Тазоҳуроти 10-ҳазор нафарии ҳомиёни Фаластин дар Тегзас +видео

Беш аз 10-ҳазор нафар аз ҳимоятгарони Фаластин дар муқобили сохтмони Когресси иёлати Тегзас таҷаммуъ карда ва хостори барқарории оташбас дар ҷараёни ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза шуданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Kvue.com, ин бузургтарин таҷаммуи тарафдорони Фаластин дар иёлати Тегзас аз замони оғози ҷанг дар таърихи 7-уми октябр ба ҳисоб меояд.

Ҳазорон нафар аз сокинони иёлати Тегзас дар Амрико рӯзи гузашта дар ҳимоят аз мардуми Фаластин дар баробари ҳамлаҳои ҷинояткорона ва ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ тазоҳурот карда, зимни ҳимояти худ аз мардуми Ғазза хостори барқарории оташбас шуданд.

Дар ҷараёни ин тазоҳурот, ҷамъияти бисёр густарда дар синну солҳои мухталиф ва аз мазоҳиб ва қавмиятҳои гуногун эътироз, хашм ва асабонияти худро нисбат ба бомбаборони Ғазза иброз карда ва ба ҳимояти густарда аз фаластиниҳо пардохтанд ва ҷиноятҳои режими саҳюнистиро маҳкум карданд.

Муътаризон хостори посухгӯии мақомот дар бораи кумак ба ин наслкушӣ шуда ва Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрикоро муттаҳам ба наслкушӣ карда ва Гург Абут, фармондори ин иёлтаро ҳам шарик ва дастёри Байден донистанд. Пештар Абут дар таърихи 2-уми ноябр ҷиҳати нишон додани ҳимоятҳояш аз режими саҳюнистӣ ба Исроил сафар карда ва бо Бенёмин Нетонёҳу, нахуствазири ин режим дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар бахши шимолии сохтмони ин Конгресс, анбӯҳе аз муътаризон парчами Фаластинро ба ҳолати эҳтизоз дароварда ва бисёре аз онҳо худро бо порчаҳои парчами Фаластин, ки намоде аз муқовимати Фаластин аст, пӯшонда буданд. Муътаризон шиорҳое ҳамчун “аз Фаластин то Тегзас деворҳо бояд барчида шаванд”-ро сар дода ва тӯмореро ба тӯли метр боз карданд, ки дар он номҳои кӯдакони Ғаззаро, ки дар ҷараёни ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расиданд, навишта буданд.

Дар ҷараёни ин роҳпаймоии эътирозомез, гурӯҳе аз пизишкон, донишҷӯёни пизишкӣ, дандонпизишкон аз Сан-Онтониу тааҷҷуби худро нисбат ба буҳрони инсонии густардае, ки дар Ғазза дар ҳоли рух додан аст, иброз карданд ва аз ин мавзуъ, ки кормандони кадри дармон ва беморони фаластинӣ ба ҳеҷ унвон дар амон нестанд, ибрози нороҳатӣ ва таассуф карданд.

Вазорати тандурустии Фаластин ҳам пештар эълон кард, ки ҳатто бемористони Қудс дар Ғазза низ дигар фаъол набуда ва аз сӯи тонкҳои режими саҳюнистӣ комилан муҳосира шуда ва аз кор афтодааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад