Баррасии густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар дидори Раҳмон ва Мирзиёев

Руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, энергетика ва фарҳангиву башардӯстона гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш дод, ки раисҷумҳурҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар Тошканд ва дар ҳошияи нишасти Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) густариши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро баррасӣ намуданд.

Тибқи ин гузориш, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев зимни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот ду роҳбар изҳори умедворӣ карданl, ки ташрифи давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки соли оянда дар назар аст, ба инкишофи минбаъдаи робитаҳои ду давлат ва ба сатҳи иттифоқчӣ баровардани муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон мусоидати муассир хоҳад намуд.

Ҷонибҳо барои дар доираи ин сафар баргузор намудани силсилаи чорабиниҳо, аз қабили форуми тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, форуми олимон, ҷавонон, мулоқоти занони пешсаф, шоми дӯстӣ, намоиши муштараки маҳсулот ва чорабиниҳои варзишӣ ба мувофиқа расиданд.

Зимни суҳбат Сарони давлатҳо ҳамчунин дар бораи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад