16-умин нишасти сарони ЭКО дар Тошканд

Шонздаҳумин нишасти кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) имрӯзу фардо (чаҳоршанбе ва панҷшанбе/ 8 ва 9 ноябр) ба раёсати Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Муқарар шудааст, ки дар нишасти Тошканд, сарони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, Покистон, Тоҷикистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистону Туркманистон ширкат кунанд.

Дар ин нишаст ҳамчунин густариши беш аз пеш ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақлу умӯри тронзитӣ, иртибототу масоили башардӯстона дар чорчӯби Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) баррасӣ хоҳад шуд.

Дар ҳамин иртибот, Қосим Бекмуҳаммад, коршиноси масоили минтақа муътақидаст, “Бидуни тардид Эрон, яке аз муҳимтарин масирҳои дастрасии Тоҷикистону соири кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва ҳатто Русия ба обҳои озод аст ва дар ин миён бандари Чобаҳор муносибтарину роҳбурдитарин масир барои ин минтақа башумор меравад, дар ин бандар корҳои сохту соз ба суръат пеш бурда мешаваду таваҷҷуҳи кишварҳои хориҷӣ ба Чобаҳор бисёр болост”.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки пеш аз сафар ба Узбекистон ба Тоҷикистон сафар карда, бо баёни ин ки сафараш ба Тошканд ба даъвати раисиҷумҳури Узбекистон анҷом мешавад, эълом кард, пайвандҳои ҳарчӣ бештари иқтисодӣ байни аъзои ЭКО, як масъалаи меҳварӣ аст ва дар идомаи нишастҳои пешини Созмони Иқтисодии ЭКО дар нишасти Тошканд низ дар дастур кор қарор хоҳад дошт.

Дар ҳамин иртибот, Раҳматуллоҳ Абдуллоев, коршиноси масоили Эрон дар Тоҷикистон низ бо ишора ба кумакҳо ва мусоидатҳои Теҳрон бо Душанбе, гуфта: “дар ду даҳаи нахусти истиқлоли Тоҷикистон, Эрон дар сохти манобеи энержӣ, роҳу шабакаҳои ҳамлу нақл, тиҷорати колоҳои масрафӣ, умӯри илмӣ, омӯзишӣ ва табодули донишҷӯёну пажӯҳишгарон ифои нақши муҳимме карда ва Душанбе бояд ин воқеиятро ҳамвора маддиназар дошта бошад”.

Воқеият он аст, ки ин навъи нигоҳ мухтаси коршиносони тоҷик несту ҳамаи соҳибназарони Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанӯбӣ ба ин ҳақиқат изъон доранд.

Ногуфта намонад, ки дар понздаҳумин нишасти сарони Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО), ки дар моҳи октябри соли 2020 дар Ишқобод баргузор шуд, Эрон, Туркия, Покистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркманистон тавофуқоти муҳимме дар заминаи ҳамлу нақлу иртиботот ва ҳамчунин ҳамкорӣ дар умӯри энержӣ имзо карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар шонздаҳумин нишасти сарони ЭКО дар Тошканд, бистарҳои лозим ба манзури имзои асноди бисёр муҳим дар заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар умӯри энержӣ, ҳамлу нақл ва транзит фароҳам аст. Дар ҳақиқат, дар моҳҳои гузашта мақомҳои ЭКО дар заминаи ҳамлу нақл ва иртиботот тавофуқоти муҳимме ба амал овардаанд, ки метавонанд дар ҷараёни нишасти Тошканд, ин тавофуқотро дар сатҳи сарон ниҳоӣ кунанд.

Ба ин тартиб, бояд гуфт, нишасти Тошканд аз аҳаммияти зиёде бархӯрдор аст ва метавонад бистари ҳамкориҳои муштараки аъзои ЭКО-ро беш аз пеш тақвият кунад.

Созмони ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) дар ибтидо бо мушорикати се кишвари Эрон, Туркия ва Покистон бар асоси муоҳидаи Измир ва бо ҳадафи эътилои сатҳи зиндагии иқтисодии мардуми минтақа дар 1984 таъсис шуд. Пеш аз он, Эрон, Туркия ва Покистон, Созмони умрони минтақаӣ (R.C.D)-ро дар соли 1964 таъсис карда буданд.

Дар ҳақиқат, 30 сол пас аз таъсиси R.C.D, кишварҳои муассиси ин созмони минтақаӣ, бо анҷоми бархе тағйирот, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО)-ро бунёнгузорӣ карданду камтар аз як даҳа баъд, бо ҳимоятҳои мақомҳои Эрон, ҳафт узви ҷадид ба ин созмон пайвастанд.

Дар воқеъ, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистону Афғонистон дар 1992 ба ин созмони иқтисодӣ мулҳақ шуданд. Узвияти аъзои ҷадиди созмони ЭКО, бар якпорчагии ҷуғрофиёӣ ва инсиҷоми иқтисодӣ бавижа дар заминаи умӯри ҳамлу нақлу тронзити созмони ЭКО афзӯдааст.

Ин созмони иқтисодӣ бо беш аз 440 миллионнафар ҷамъияту наздик ба 9 миллион километри мураббаъ вусъат, аз имконоти густардае дар заминаҳои нафтӣ, газӣ ва умӯри саноатӣ ва тиҷорӣ бархӯрдор аст.

Муҳимтарин нақши созмони ЭКО барои кишварҳои узв, густаришу тақвияти равобити иқтисодӣ миёни аъзои ин созмон аст. Тардиде нест, ки барои таҳаққуқи аҳдофи таъриф шуда дар чорчӯби созмони ЭКО, мавонеъи иқтисодӣ, сиёсӣ ва қонӯнии фаровоне вуҷӯд дорад, ки аъзои ин созмон мебоист ба мурӯр ин мавонеъро бартараф созанд.

Дар маҷмӯъ бояд гуфт, нишасти сарони ЭКО дар Тошканд фурсати муносиби дигаре барои аъзои ин созмон фароҳам кардааст то ба тақвияти ҳамкориҳои муштараки чандҷониба таваҷҷуҳ ва иҳтимоми бештаре варзида ва тавофуқномаҳои муҳиммеро дар чорчӯби ин нишасти самимона, дар дастури кор қарор диҳанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад