Рамзгушоӣ аз суханони Сайидҳасан Насруллоҳ

Сайидҳасан Насруллоҳ дар суханронии худ пас аз амалиёти Тӯфони Ақсо ҷанг алайҳи режими саҳюнистиро як “набарди комилан машрӯъ” донист.

Сайидҳасан Насруллоҳ дар суханронии худ пас аз амалиёти Тӯфони Ақсо ҷанг алайҳи режими саҳюнистиро як “набарди комилан машрӯъ” донист. Ин баёни дабири кулли Ҳизубуллоҳ аз онҷо сарчашма мегирад, ки зулму беадолатӣ алайҳи мусулмонон аз масдоқҳои машрӯъияти ҷанг бо ҳадафи муқобилаи ҷиддӣ бо он аст. Беадолатӣ алайҳи фаластиниҳо аз замони ташкили режими ишғолгар дар ҷанбаҳои мухталифи иқтисодӣ, сиёсӣ ва ғайра вуҷуд доштааст.

Яке аз муҳимтарин мавзӯъҳо перомуни амалиёти Тӯфони Ақсо ва ҷанги кунунӣ дар Ғазза, ки вокунишҳои мухталиферо низ дар ҷаҳон барангехтааст, машрӯъияти ин амалиёт ва ба таври куллӣ ҷанг бо режими ишғолгар аз сӯи фаластиниён аст. Ин мавзӯъ ба вижа баъд аз инки Сайидҳасан Насруллоҳ дар аввалин суханронии худ баъд аз амалиёти Тӯфони Ақсо ба он ишора кард, бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ин бора гуфт: “агар бихоҳем ба думболи як набарди комилан машрӯъ бигардем, ҳеҷ набарде ҳамчун набард бо саҳюнистҳо нест. Набард бо саҳюнистҳо дар сатҳи ахлоқӣ ва шаръӣ ҳеҷ мушкиле надорад.”

 Чигунагии машрӯъияти ҷанг дар Қуръон

Ба таври куллӣ он гуна, ки аз омӯзаҳои қуръонӣ дарёфт мешавад, ҷанг танҳо як мавқеият ва вазъияти истисноӣ аст, ки танҳо дар сурати зарурати комил ва мутобиқ бо шароити дақиқ, машрӯъ ва муҷоз аст. Яке аз муҳимтарин мавориди ҷанги машрӯъ, дифоъ дар муқобили таҷовуз аст. Дифои машрӯъ дар ҳуқуқи дохилӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ, як ҳаққи шинохта шудааст. Ин ҳаққ асос ва мабнои ҷангҳои тадофуӣ аст, ки дар ҳуқуқи исломӣ мавриди қабул воқеъ шуда ва дар бисёре аз оятҳои Қуръон баён шудааст.

Ҷилавгирӣ ва боздоштани зулм ва беадолатӣ яке дигар аз мисдоқҳои ҷанги машрӯъ аст. Ҳаёти иҷтимоӣ мубтанӣ ‏бар адолат ва ҳамкорӣ дар дастёбӣ ба адолат ҷилавгирӣ аз зулм аст. Қуръони Карим дар оя 75-уми сураи Нисо дар пайкор бо бе‏адолатӣ мефармояд: « وَمَا لَكُمْ لَا تُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَالْمُسْتَضْعَفِينَ مِنَ الرِّجَالِ وَالنِّسَاءِ وَالْوِلْدَانِ الَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَا أَخْرِجْنَا مِنْ هَذِهِ الْقَرْيَةِ الظَّالِمِ أَهْلُهَا » ба ин маъно, ки “чаро дар роҳи Худо ҷиҳод намекунед дар ҳоле, ки ҷамъе нотавон аз марду зану кӯдак, ки дар Макка асири зулми кофирон ҳастанд, мегӯянд: Худоё! Моро аз ин шаҳре, ки мардумаш ситамкоранд берун овар!” Ин тааҳҳуди ҳамкорӣ дар ҷанг ва пайкор бар алайҳи зулм ва беадолатӣ, натиҷаи бародарии башарӣ ва ваҳдати манофеъ ва масъулияти иҷтимоӣ аст, ки дар башарият вуҷуд дорад.

Бар ин асос ва бар пояи гуфтаҳои Сайидҳасан Насруллоҳ, ҳар мусулмоне натанҳо маҷбур ба ҳамкорӣ дар ҷилавгирӣ аз беадолатӣ аст, ‏билки мулзам аст ‏барои ҷилавгирӣ аз корҳои хилоф ва ғайриқонунӣ ҳамкорӣ намояд. Ҷанг дар дифоъ аз адолат ва ҷилавгирӣ аз беадолатӣ, натанҳо дар мавориди таҷовуз ё зулм ба як кишвари исломӣ муҷоз аст, балки агар кумак ба як миллати мазлум, ҳар чанд ғайри мусулмон иқтизои ҷангро дошта бошад ҳам ҷоиз аст.

 Мисдқҳои ҷанги машрӯъ ва амалкарди режими саҳюнистӣ дар масъалаи фаластиниҳо

 Иқдом алайҳи озодии мазҳаб

Яке аз муҳимтарин мисдоқҳои ҷанг машрӯъ дар Қуръон, озодии мазҳаби дар назар гирифта шудааст. Мазҳабро наметавон дар чорчӯби андеша маҳсур кард ё онро ба боварҳои маҳз эътиқодӣ ва таҷрибаҳои дарунӣ фурӯкост. Андеша ва эътиқоди мазҳабӣ дар ниҳоят дорои чеҳраи берунии дин ва диндорӣ хоҳад буд. Бинобарин наметавон муддаии тафкики мутлақ байни ду ақида ва рафтор шуд. Натиҷа онки тазмини озодии мазҳабӣ бояд ҳамеша дар ду ҳавзаи андеша ва рафтор сурат пазирад. Моддаи 11-уми эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқ башар ин ҳақро шомили озодии изҳори ақида ва имон ва озодии таълимот ва иҷрои маросими динӣ ба сурати инфиродӣ ё ҷамъӣ донистааст.

Зери банди якуми модда 11-и мисдоқи ҳуқуқи мадании исиёсӣ низ анҷоми ибодот ва одоб ва таълимоти мазҳабии ошкор ва ё дар хафо ба таври фардӣ ё ҷамъӣ, ба расмият шинохта шудааст. Эъломияи пок кардани тамомии шаклҳои нобурдбории мазҳабии мусавваби Маҷмаи умумии Созмони Милал дар ин бора ибтикори амали бештаре анҷом дода ва дар моддаи шашум бо баёни мисдоқҳои озодии таҷаллиҳои динӣ ва анҷоми амалҳои мазҳабӣ, таҳаққуқи воқеии озодии фикр, виҷдон ва мазҳабро шомили мавориди мушаххас медонад.

Мисдоқи ин масъала иқдомоти режими саҳюнистӣ аз дар 8 моҳи гузашта дар ҳамла алайҳи мусулмонон дар Масҷидулақсо буд. Низомиёни режими саҳюнистӣ ҳамчунин дар қариби ду моҳи пеш ҳам ба намозхонаи Боб-ур-раҳма дар Масҷидулақсо юриш бурда ва иқдом ба тахриби василаҳои ин мусалло ва мусодираи бархи дигар карданд. Ҳамос низ дар вокуниш ба ин иқдом эълон кард, ки «ҳамлаи душман ба Боб-ур-раҳма ҷинояти ҷадиде дар ҷиҳати ҳадафи қарор додани Қудс ва Масҷидулақсо аст. Миллати мо дар баробари тарҳҳои душмани саҳюнист ва шаҳракнишинон ба Масҷидулақсо, дастбаста нахоҳад монд ва садди устувор барои ҳимоят ва дифоъ аз Масҷидулақсо хоҳад буд.»

 Дифоъ дар муқобили таҷовузгарӣ

Дифоъ дар муқобили таҷовузи муҳимтарин мавзӯе аст, ки дар ағлаби ҷангҳо машрӯъият эҷод мекунад. Қонунҳои байналмилалӣ ҳаққи дифои машрӯъро дар муқобили ишғолгарӣ барои мардум дар тамоми нуқот ба расмият шинохтаанд. Бар асоси моддаи 51 маншури Созмони Милали Муттаҳид ҳамаи давлатҳо ин ҳаққро доранд, ки дар сурати қарор гирифтан дар маърази ҳамлаи мусаллаҳона дигар давлатҳо бар асоси ҳаққи зотии дифоъ машрӯи фардӣ ё дастаҷамъӣ аз зӯр истифода кунанд ва ин ҳамон чизе аст, ки Сайидҳасан Насруллоҳ ҳам ба он таъкид кард. Сарзамини Фаластин аз соли 1948 дар маърази ишғолгарии саҳюнистҳо қарор дорад. Ба вижа он гуна, ки дар маҷомеи байналмилалӣ гуфта мешавад, сарзаминҳои ишғолшуда тавассути ин режим манотиқе ҳастанд, ки дар ҷараёни ҷанги шашрӯза дар соли 1967 дар Фаластин ва баландиҳои Ҷавлони Сурия тасхир ва ишғол шуд. Бар ин асос, машрӯъияти ин амалиёт беш аз ҳама марбут бо чандин қарн ишғолгарӣ аст, ки фаластиниҳо бо он мувоҷеҳ ҳастанд.

 Боздоштан ва ҷилавгирӣ аз беадолатӣ ва зулм

Зулм ва беадолатӣ алайҳи мусалмонон аз масодиқ машрӯъияти ҷанг ба манзури муқобила бо он аст. Беадолатӣ алайҳи фаластиниҳо аз замони ташкили режими ишғолгар дар ҷанбаҳои мухталифи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва … вуҷуд дорад. Муҳосираи иқтисодии Ғазза аз муҳимтарин масодиқи беадолатӣ аст. Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише дар ноябри соли 2020 эълон кард, ки сиёсати муҳосираи Ғазза тавассути режими саҳюнистӣ дар давраи 11 сола аз 2007 то 2018 боиси зиёни 16.7 миллиард долларӣ ба иқтисоди ин минтақа ва афзоиши сарсомовари фақр ва бекорӣ шудааст. Аз ҳамин рӯ ин созмон хостори лағви маҳдудиятҳо аз сӯи ин режим аст. Беадолатии системотик ва таърихӣ аз сӯи режим алайҳи мардуми Фаластин аз ҷумла дар навори Ғазза ва лузуми ҷилавгирӣ аз он бо авҷгирии ҷанги кунунӣ, мавриди таваҷҷуҳи мақомот ва нухбагони бисёре аз кишварҳо қарор гирифт.

Аз ҷумла муҳимтарин изҳорот дар ин замина аз сӯи Ванг И, вазири хориҷаи Чин матраҳ шуд, ки гуфт: “Чин мӯътақид аст беадолатии таърихӣ алайҳи Фаластин, ки беш аз ним қарн аст идома дорад, наметавонад идома ёбад.” Созмони Ҳамкории Исломӣ дар баёнияе ба муносибати яксаду шашумин солрӯзи эъломияи билфавр бар пойбандии доимии худ ба ҳимоят аз муборизаи одилонаи миллати Фаластин дар ростои бозпасгирии ҳуқуқи машрӯашон таъкид кард. Ин созмон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то зулм ва беадолатии таърихиро, ки дар натиҷаи баёнияи билфавр бар миллати Фаластин ворид шудааст, ислоҳ кунад ва масъулиятҳои худро дар қиболи хотима бахшидан ба ишғолгарии режими саҳюнистӣ бар ӯҳда бигирад. Ин созмон ҳамчунин хостори тавонмандсозии миллати Фаластин барои бозпасгирии ҳуқуқ машрӯи худ аз ҷумла ҳаққи бозгашт ва ташкили кишвари мустақилли Фаластин дар марзҳои чаҳоруми июни 1967 шуд.

Натиҷа

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ибтидои суханронии худ баъд аз амалиёти Тӯфони Ақсо ҷанг алайҳи режими саҳюнистиро як “набарди комилан машрӯъ” хонд. Дар табйини ин гуфта ба назар мерасад, ки барои машрӯъияти ҷанг дар омӯзаҳои исломӣ шароите дар назар гирифта шудааст. Пас, ҳифзи озодии мазҳаб, дифоъ дар муқобили таҷовуз, боздоштан ва ҷилавгирӣ аз беадолатӣ ва зулм аз муҳимтарин далелҳое аст, ки Ҳамос амалиёти Тӯфони Ақсоро бар пояи онҳо оғоз кардааст. Дар воқеъ барои арзёбии машрӯъ будани ҷанги муқовамати Фаластин бо режими саҳюнистӣ бояд ба масоил ва мавзӯъҳое таваҷҷуҳ кард, ки дар қолаби гуфтаҳои зикршуда, фаластиниҳо дар тӯли чандин даҳаи гузашта бо онҳо рӯбарӯ будаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад