Кумаки якуним миллион долларии Мирзиёев ба Ғазза

Шавкат Мирзиёев тасмим гирифтааст, ки барои кумак ба сокинони сарзаминҳои фаластинии навори Ғазза якуним миллион доллар ҷудо кунад.

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон пеш аз оғози ҷаласаи бахшида ба тарҳҳои гидроэнергетика ва омодагии шабакаи энергетикии кишвар ба мавсими сармо ба мавзӯи вазъи печида дар Ховари Миёна пардозт ва гуфт, тасмим гирифтааст, ки ба идораи Созмони Милал дар умури Ховари Миёна барои кумак ба сокинони сарзаминҳои фаластинии навори Ғазза якуним миллион доллар ҷудо кунад.

Мирзиёев гуфт: “Мо ҳамбастагии маҳками худ бо мардуми Фаластинро баён медорем ва аз ҳаққи ин мардум барои ташкили давлати мустақили худ бар асоси қарорҳои қаблан қабулкардаи Маҷмами умумӣ ва Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро изҳор мекунем. ”

Президенти  Ӯзбекистон  афзуд, бархӯрдҳои мусаллаҳона байни артиши Исроил ва ҷунбиши ҲАМОС боиси ҳшалокати мардуми осоиштаву бегуноҳ гардида, буҳрони инсониро дар минтақа амиқтар мекунанд.

Мирзиёев изҳор дошт: “Занону кӯдакон кушта мешаванд, мардум аз хонаву дар маҳрум гардида, маҷбуранд манзилҳои худро тарк кунанд. Мо самимона ба хонаводаҳои ҳам фаластиниҳо ва ҳам исроилиҳои кушташуда изҳори ҳамдардӣ мекунем. Муътақидам, ки идомаи ташдиди хушунат метавонад боиси аз ҳам пошидани суботи байналмилалӣ ва ба муноқишаи мусаллаҳона пайвастани нирӯҳои нав гардад. Ин ҳаме метавонад ба оқибаҳои фоҷиавии пешгӯиншаванда оварда, ба паҳнои хеле дуртари аз худи минтақаи Ховари Миёна доман паҳн кунад.”

Вай афзуд, ба ин далел, Ӯзбекистон ҳарду ҷонибро ба оташбаси билофосилаи инсондӯстона, қатъи амалиёти ҷангӣ ва ҳалли муноқиша бо роҳи сулҳомез даъват мекунад.

Мирзиёев ҳамчунин ба зодагони Ӯзбекистон, бавижа ҷавонон муроҷиат кард ва аз онҳо хост, ки ба ҳар гуна иғвоҳо дода нашаванд ва даст ба амалҳои ғайриқонунӣ назананд.

Ин даъвати Мирзиёев дар ҳолест ки рӯзи 29 октябр як гуруҳи сокинон дар майдони Амир Темури шаҳри Тошканд ба тарафдорӣ аз Фаластину Ғазза тазоҳурот карданд. Се нафари онҳо: ду сокини ноҳияи асосан тоҷикнишини Оҳангарони вилояти Тошканд ва як нафар аз ноҳияи Косони вилояти Қашқадарёро, ки ин ноҳия низ асосан тоҷикнишин аст,  бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканд барои 15 рӯз ба ҳабс гирифта шуданд. Онҳо ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба талаби кормандони мақомот гунаҳкор дониста шуданд.

Бино ба хабарҳо, дар тазоҳурот дар майдони Амир Темур, ки нахустин тазоҳурот ба пуштибонӣ аз фаластиниҳо дар Осиёи Марказӣ буд, ҳудуди 100 нафар иштирок доштанд ва пулис аксари онҳоро дастгир кард.

Мавҷи нави ташаннуҷи вазъ дар Ховари Миёна 7 октябри соли 2023 оғоз ёфт ва дар байни ҳамагӣ чанд ҳафта аз ҳарду ҷониб тақрибан 10 ҳазор нафар – ҳудуди 1400 исроилӣ ва беш аз 8 ҳазор фаластинӣ кушта шуданд. Муноқишаи кунунӣ яке аз хунинтаринҳо дар таърихи низои байни арабҳо ва исроилиҳо ба шумор меравад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад