Суннати касифи Амрико – Ҳимояти Байден аз ҷиноятҳои Исроил

Ин аввалин боре нест, ки Амрико аз иттилооти нодуруст барои тавҷеҳи ҳамалоти яке аз муттаҳидони сиёсиаш ба ғайринизомиёни Ғазза, истифода мекунад.

Ин аввалин боре нест, ки Амрико аз иттилооти нодуруст барои тавҷеҳи ҳамалоти яке аз муттаҳидони сиёсиаш ба ғайринизомиёни Ғазза, истифода мекунад.

Як пойгоҳи хабарии амрикоӣ дар гузорише дар бораи сиёсатҳои давлати Байден алайҳи Ғазза навишт, аввалин бор нест, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз иттилооти нодуруст барои тавҷеҳи ҳамалоти яке аз муттаҳидони сиёсиаш ба ғайринизомиён, истифода мекунад.

Ҳамзамон бо ташдиди ҳамалоти заминии артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза ва афзоиши теъдод ҷонбохтагони фаластинӣ ҳосил аз ин ҳамалот, давлати Амрико ба раёсат Ҷо Байден ба таври физояндае дар ҷомеаи байналмилалиӣ ба далели ҳимояти сарсахтона аз Телавив дар ҷараёни эъмол муҷозоти ҷамъии мардуми Ғазза ва қатъи системҳои иртиботӣ ва интернит, мунзавӣ мешавад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии «Truthout» дар таърихи 27-уми октябр, Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо аксарияти қотеъ ба қатъномае раъй дод, ки дар он хостори барқарории оташбас байни Ҳамос ва режими саҳюнистӣ шуд. Аз байни тамоми 193 узви ин ниҳод, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико яке аз 14 кишваре буд, ки ба ин қатънома раъйи манфӣ дод.

Ҳатто давлатҳои муҳофизакори арабӣ ва тарафдори ғарб, ки бо Исроил оддисозии равобитро аз сар гирифтаанд, низ хашми худро аз ин режим ба далели ҳамалоташ ба Ғазза, ки токунун беш аз як миллион нафарро овора кардааст ва ҳамчунин аз Амрико ба далели ҳимояташ аз «поксозии қавмӣ»-и Исроил иброз кардаанд. Ҳатто баёнияи муштараки раҳбарони Иттиҳоди Аврупо низ хостори эҷоди «кридурҳои имдодрасонӣ ва таваққуф» дар талошҳои ҷангии мавриди ҳимояти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои расондани кумакҳои башардӯстона ба Ғазза шудааст.

Аз сӯи дигар, келисои котулик, келисои ортодукс, келисои Англистон ва ҳаттои аксар фирқаҳои аслии протистон хостори барқарории оташбас шудаанд. Бо ин ҳол давлати Байден ҳамчунон дар ҳимоят аз тадовуми ҳамалоти режими саҳюнистӣ дар канори масеҳиёни ростгарои ҳомии Исроил қарор гирифтааст.

Ба гузориши ин пойгоҳи хабарии амрикоӣ, Созмони афви байналмилал бо ишора ба ҷиноятҳо ҷангии густардаи неруҳои исроилии таҳти ҳимояти Амрико дар Ғазза дар гузорише баён мекунад: дар ҳоле, ки неруҳои исроилӣ ба ҳамалоти фоҷеабори худ дар навори Ғазза идома медиҳанд, Созмони афви байналмилал ҳамалоти ғайриқонунии Исроил аз ҷумла ҳамалоти бераҳмонаеро, ки сабаби талафоти густардаи ғайринизомиён дар ин минтақа шуда аст, мустанад карда ва мӯътақид аст тамом ин иқдомот бояд ба унвони ҷиноятҳои ҷангӣ мавриди баррасӣ қарор бигиранд.

Бо вуҷуди онки ҳамалоти Исроил ба Ғазза дар саросари ҷаҳон маҳкум шудааст, мақомоти Вашингтон ҳоло ҳам худро аз интиқод алайҳи Исроил муоф кардаанд. Илова бар ҳазорон ғайринизомие, ки дар ҷараёни бомбаборони ҳавоии Исроил кушта шудаанд, ин режим тамоми роҳҳои дастрасии ғайринизомиён ба об, ғизо, таҷҳизоти пизишкӣ, барқ ва сӯхтро қатъ кардааст. Иқдоме, ки сабаби фурӯпошии системаи беҳдошт дар Ғазза ва талафоти густурдаи ҳосил аз ин муҳосира шудааст. Дар шароити феълӣ танҳо таҷҳизоти имдодии мухтасаре аз ҷониби Миср вориди навори Ғазза мешавад.

Агарчи Вазорати тандурустии Фаластин аз замони таъсисаш дар байни мақомоти вазоратхонаҳои беҳдошт дар саросари ҷаҳон ва ҳатто созмонҳои давлатии Амрико ба далели ироаи оморҳои дақиқ шӯҳрат пайдо кардааст, бо ин ҳол Байден дар ин рӯзҳо бо такрори иддаои Ҷорҷ Буш, яке аз руасои ҷумҳури собиқи Амрико, ки шумораи талафоти сарсомовари Ироқ таҳти таъсири ҳамалоти Амрикоро такзиб мекард , дар ҳоле, ки изъон кардаааст, дар ин ҷараён «бегуноҳон кушта шудаанд» унвон карда ба рақамҳои ирошуда аз сӯи манобеи фаластинӣ «беэътимод» аст.

Ин пойгоҳи хабарӣ дар идома менависад, дар чунин шароите Байден ба дигар аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милал гуфтааст, ки ҳар гуна дархост барои барқарории оташбасро вето хоҳад кард. Ҳамонтавр, ки пештар қатъномаи 18 октябри пешниҳодӣ аз сӯи Бразилия мабнӣ бар таваққуфи ҷангро ҷиҳати ирсоли кумакҳои башардӯстона вето кард. Дар чунин шароите танҳо талоши Амрико бар ин аст, ки дар қолаби қатъномае Ҳамосро маҳкум карда ва аз ҳаққи Исроил барои «дифоъ аз худ» ҳимоят кунад.

Байден ба унвони ҳомии байналмилалии аслии ҷанги Исроил алайҳи Ғазза тамоми талоши худро барои сарпӯш гузоштан ба ин ҷиноятҳои ҷангӣ ба кор мебарад. Ӯ дар мавриди оморҳои марбут ба теъдоди болои талафоти ғайринизомиён шакку тардид эҷод мекунад. Саъй дар пӯшондани ахбори марбут ба Ғазза ва ҷиноятҳои Исроил дорад; Ҳамонтавр, ки вазири умури хориҷаи кишвараш аз давлати Қатар хостааст, то монеъ аз пӯшиши хабарии густардаи Алҷазира аз ҷанги Исроил ва Ҳамос шавад.

Монанди ҷангҳои пешин байни Фаластин ва Исроил, ин бор ҳам Байден ва раҳбарони Конгресси Амрико, муқовимати Фаластинро омили аслии куштори ғайринизомиён дар Ғазза дониста ва саъй мекунанд бо ин иддао, ки Ҳамос аз «сипари инсонӣ» барои пешбурди аҳдофаш дар ҷанг истифода мекунад, Исроилро дар баробари ҷиноятҳои кунунӣ ғайримасъул ҷилва диҳанд. Ин дар ҳоле аст, ки на Дидабони ҳуқуқи башар, на Созмони афви байналмилал ва на ҳатто Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал дар таҳқиқоти комили худ дар ҷараёни ҷангҳои қаблии Исроил дар Ғазза токунун натавонистаанд ҳатто як маврид марги фаластиниҳоро дар натиҷаи амалиёти Ҳамос алайҳи ғайринизомиёни Ғазза ба унвони сипари инсонӣ сабт кунанд.

Ба навиштаи ин пойгоҳи хабарӣ, тазод байни хашми давлати Байден аз Русия ба далели ҳамалоташ ба ғайринизомиён дар Украина ва ҳимояти давлати Байден аз ҳамалоти Исроил алайҳи ғайринизомиёни фаластинӣ дар Ғазза бисёр қобили таваҷҷуҳ аст. Умқи фоҷеаро замоне метавон мутаваҷҷеҳ шуд, ки бидонем талафоти ғайринизомиёни Ғазза дар 20 рӯзи аввали бомбаборони Исроил беш аз ниме аз талафоти ғайринизомиёни украинӣ дар ҷараёни ҷанги 20 моҳаи ин кишвар бо Русия будааст.

Тибқи ин гузориш, иқдомоти Ҳамос алайҳи режими саҳюнистӣ ба ҳеҷ унвон бомбаборони марокизи ҷамъиятии ғайринизомӣ дар Ғаззаро аз сӯи Исроил тавҷеҳ намекунад. Ҳатто нозирон дар саросари ҷаҳон ба ин нукта ишора кардаанд, ки чигуна мешавад, ки вокуниши Байден нисбат ба ғайринизомиён даргир дар ҷанг дар ду минтақаи Украина ва Ғазза то ин ҳад мутафовит бошад.

Ин дар ҳоле аст, ки назарсанҷиҳои ахир нишон медиҳад, бо вуҷуди онки аксари амрикоиҳо аз кумакҳои низомии Амрико ба Украина ҳимоят мекунанд, аммо дар айни ҳол мухолифи кумакҳои низомии кишварашон ба Исроил ҳастанд. Бо ин вуҷуд Байден боз ҳам исрор бар ин дорад, ки бастаи кумакии пешниҳодӣ ба ду тараф дар канори ҳам ва дар қолаби як лоиҳа баррасӣ шавад. Дугонагии сиёсатҳои Байден аз онҷое мушаххас мешавад, ки Ӯ мӯътақид аст, Конгресси Амрико бояд ба ироаи таслиҳот ба Украина идома диҳад, то ин кишвар дар баробари таҳоҷуми Русия аз худ дифоъ кунад дар айни ҳол мӯътақид аст, ки ҳимоят аз Исроил барои таҳоҷум ба Ғазза низ бояд идома пайдо кунад.

Ҷолиб инҷост, ки Байден гузоришҳои мавриди таъйиди Созмони афви байналмилалро, ки алайҳи иқдомоти Русия дар Украина ва Сурия аст таъйид мекунад, дар айни ҳол мӯътақид аст, ки набояд ба гузоришҳои ин созмон дар мавриди ҷиноятҳои Исроил алайҳи Ғазза эътимод кард. Тавре, ки гӯё ҷиноятҳои кунунии Исроил алайҳи Ғазза дар бовараш ба андозаи кофӣ ваҳшатнок набудааст. Ӯ барои таъйиди изҳороташ ҳатто дурӯғ гуфта ва достонҳои ғайривоқеиро алайҳи Ҳамос баён мекунад.

Пойгоҳи хабарии «Truthout» менависад, ин намунаи дигаре аз таволии талошҳои давлатҳои пешини Амрико барои тавҷеҳи ҷангҳо бо истифода аз ба кор бурдани иттилооти нодуруст аст. Акнун Байден ҳамон кореро анҷом медиҳад, ки Буш дар қиболи Ироқ анҷом дод. Ҳатто метавон гуфт талошҳои давлати Байден ва ҳомиёнаш барои тавҷеҳи ҷиноятҳои ҷангии густардаи Исроил ба таври қобили мулоҳизае мушобеҳи талошҳои давлати Роналд Реган барои тавҷеҳи ҷиноятҳои ҷанги Элсолводур аст.

Руасои ҷумҳури Амрико исрор доштанд, ки бар ин иддао такя кунанд, ки Амрико ба унвони як кишвари ҳомии демокрасӣ аз худ дар баробари террористҳо дифоъ мекунад. Дар ин росто, ҳатто оморҳои марбут ба Вазорати тандурустии кишварҳои мавриди ҳамларо зери савол бурда ва гузоришҳои марбут ба созмонҳои бузурге монанди Созмони афви байналмилал ва дигар гурӯҳҳои ҳуқуқи башариро ба далели мухолифат бо мавозеи Амрико, ҷонибдорона хонда ва рад кардаанд.

Дар тамоми ин маворид давлатҳои мухталифи Амрико ҳамчунон исрор доштаанд то бигӯянд, ки талафоти ғайринизомиён, тақсири давлати мавриди ҳимояти Амрико нест, балки тақсири террористҳо аст. Ин иддао бо муттаҳам кардани мухолифони сиёсати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳимоят аз идеологияи хушунатомез ҳамроҳ будааст.

Акнун сиёсати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳимоят аз куштор дар навори Ғазза асосан марбут ба фишор нуфузи Исроил нест, балки бахше аз суннати деринаи сиёсати хориҷии Амрико барои кам аҳамият ҷилва додан ва сарпӯш гузоштан бар ҷиноятҳои ҷангӣ аз сӯи муттаҳидони ҷиноҳи рости ифротии он аст. Мавзеъгирие, ки ҳатто таҳти таъсир додани демократҳо ба Исроил барои тадовуми ҷиноятҳо ҷангиаш метавонад шонси пирӯзии Байден дар интихоботи 2024-ро таҳдид кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад