Баргузории таҷаммӯъи ҳимоят аз Фаластин дар Бишкек

 Таҷаммӯъи дар ҳимоят аз мардуми мазлум ва муқовими Фаластин дар порки «Маким Горкий»и Бишкек бо ҳузури сафири Эрон баргузор шуд.

Таҷаммӯъи дар ҳимоят аз мардуми мазлум ва муқовими Фаластин дар порки «Маким Горкий»и Бишкек бо ҳузури сафири Эрон баргузор шуд.

Турсунбой Боқир Улу, узви собиқи парлумон, бозраси собиқ, дипломат, шахсияти сиёсӣ ва ҳизби «Арк» созмондиҳандаи ин таҷаммӯъи чанд ҳазорнафарӣ аст.

Мӯътаризони иқдомоти режими саҳюнистӣ дар навори Ғаззаро маҳкум ва мухолифати худро эълон карданд. Илова бар ин, баргузоркунандагон дар ҳоли ҷамъоварии кумакҳои молӣ барои мардуми Фаластин ҳастанд.

Таҷаммӯъкунандагон плакардҳои «наслкуширо мутаваққиф кунед», «Фаластин дар қалби мо», «Қудс масъалаи муштараки мусулмонон аст», «мардуми Қирғизистон бо Фаластин ҳастанд», «режими саҳюнистӣ террорист аст» ва ғайра дар даст доштанд.

Алёно Марям Саторова аз фаъолони маданӣ ва раиси маҷаллаи исломии «уммт» ва намояндагони ҷомеаи рӯҳоният, ба суханронӣ пардохтанд ва ҳамчунин дар миёни ҳозирон дипломатҳои хориҷӣ аз ҷумла Ғуломҳусайни Ёдгорӣ, сафир ва Абузар Тавқонӣ, ройзани фарҳангии Эрон низ ҳузур доштанд.

Боқу Улу гуфт: имрӯз дар Фаластин як наслкушӣ дар ҳоли вуқӯъ аст. Режими саҳюнистӣ имрӯз ба таври густарда мардуми бедифоъ, бародарони мусулмон моро нобуд мекунад. Онҳо дар Ғазза бомб меандозанд ва аз силоҳҳои мамнуа дар ҷаҳон истифода мекунанд.

Ба гуфтаи вай, бархе шурӯъ ба муқоисаи вақоеи имрӯзи Фаластин бо Украина кардаанд, аммо инҳо масоили мутафовите аст.

Ин дипломати қирғиз афзуд: ин кишвар тонк, ҳавопаймо, таҷҳизоти сангин надорад, онҳо амалан бо санг ҷангиданд. Таҷҳизоте, ки Украина ба кумаки ғарб дар ихтиёр дорад ба Исроил кумак мекунанд, то натанҳо мусулмонон, балки масеҳиёнро низ бикушанд, ҳамаи касоне, ки бо сиёсатҳои Телавив мухолиф ҳастанд.

Вай илова кард: аммо бо вуҷуди ҳамаи инҳо, мардуми Фаластин ҳамчунон ба муқовимат идома медиҳанд ва қарор нест сарзамини худро тарк кунанд. Ҳадафи аслии саҳюнистҳо тасарруфи сарзаминҳои Фаластин ва берун рондани ҳама аз онҷост. Саҳюнистҳои нозиҳои воқеӣ ҳастанд ва мардум аз ҳамаи имконот монанди барқ, об, ғизо ва хона маҳрум карданд. Аммо фаластиниҳо меҳанпарастони воқеӣ ҳастанд, мусулмононе, ки омодаанд барои сарзамини худ бимиранд.

Вай афзуд: мо ба унвони мусулмон наметавонем ба тамошои ин ҳама ваҳшат ва беадолатӣ бишинем. Мо аз фаластиниҳо аз лиҳози рӯҳӣ, моддӣ, дуо ва ҳар ончи, ки метавонем ҳимоят мекунем. Бо ин иқдом мо ҳамбастагии худро эълон мекунем.

Сафири Эрон дар Қирғизистон дар гуфтугӯ бо гуфт: имрӯз мо дар Бишкек шоҳид иҷтимои бузурге ҳастем аз мардуми мусулмони Қирғизистон алайҳи ҷиноятҳои режими ишғолгари Қудс, ки дар сарзамини ишғолшудаи Фаластин ҷиноят мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад