Ҳимояти Тоҷикистон аз қатъномае барои оташбас дар Навори Ғазза

Тоҷикистон аз қатъномае пуштибонӣ кардааст, ки ба оташбаси фаврӣ дар минтақаи муҳосирашудаи Навори Ғазза даъват мекунад.

Тоҷикистон аз қатъномае пуштибонӣ кардааст, ки ба оташбаси фаврӣ дар минтақаи муҳосирашудаи Навори Ғазза даъват мекунад.

Онро Маҷмаи Умумии Созмони Милал рӯзи 27-уми октябр бо 120 ройи мувофиқ пазируфт, аммо Исроил ва баъзе аз ҳампаймонҳояш эътироз карданд.

Қатънома, ки аз тарафи Урдун пешниҳод шуд, хоҳони оташбаси фаврӣ, озодии ғайринизомиён, муҳофизати мардуми осоишта ва ба таври амн дастрас кардани кумакҳои башардӯстона ба Навори Ғазза аст. Иҷрои он ҳатмӣ нест.

14 кишвар, аз ҷумла Амрико, Австрия, Хорватия, Чехия, Маҷористон (Венгрия) ва Исроил бо қатънома мухолифат карданд. 45 кишвар, ба шумули Австралия, Канада, Финландия, Олмону Ироқ, Ҷопон, Украина ва Бритониё аз овоздиҳӣ худдорӣ варзиданд.

Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Чин аз ин қатънома ҳимоят карданд. Ҷониби Тоҷикистон дар ин маврид хабар ё шарҳе надод, аммо номи кишвар дар таблои овоздиҳии Маҷмаи Умумии Созмони Милал бо хати сабз ишора шудааст.

Қатънома дар ҳоле бо дархости фаврии оташбас қабул шуд, ки Исроил шаби гузашта ҳамлаҳояшро аз замину ҳаво ба Навори Ғазза афзоиш дод. Артиши Исроил рӯзи 28-уми октябр гуфт, асосан ҳадафҳои зеризаминӣ, аз ҷумла нақбу макони ҷанг ва зербунёдҳои иловагиро нишон гирифт.

Созмонҳои байнулмилалӣ мегӯянд, шаби гузашта Навори Ғазза аз интернету иртиботи мобилӣ маҳрум буд ва минтақаи муҳосирашуда бо буҳрони ҷиддии башарӣ рӯбарӯст.

Вазири корҳои хориҷии Исроил қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милалро “нафратангез” хонд ва дар шабакаи “Х” навишт, ки кишвараш мехоҳад “ҳамонгуна ки дунё алайҳи фашистҳо ва ДОИШ иқдом кард, барои аз байн бурдани “Ҳамос” низ иқдом бикунад”.

Пеш аз ин сафири Исроил дар Созмони Милали Муттаҳид бо танқиди шадидлаҳн аз дархости Маҷмаи Умумӣ барои оташбаси фаврӣ гуфт, “ин рӯзи сиёҳ барои ҳамеша ба унвони рӯзе, ки СММ машрӯияти худро ба таври комил аз даст дод, дар таърих сабт хоҳад шуд.”

Вай афзуд, “рӯшан шуд, ки аксар кишварҳои ҷаҳон хоҳони пешгирӣ аз ҷиноятҳо ва қатли ом нестанд, балки ҳавасманди он буда, ба як созмони террористӣ мадад мекунанд, то ба ҳаёти худ идома диҳад.”

Сафири Исроил дар Созмони Милал гуфт, “кишварҳои пуштибони қатънома бояд аз худ хиҷолат кашанд” ва ҳамзамон суол гузошт, ки “аз террористоне, ки сар мебуранд ва навзодонро мерабоянд, муҳофизат мекунед?”

Ҷанги гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” ва Исроил аз 7-уми октябри имсол ба ин тараф идома дорад. Мақомоти Исроил гуфтанд, беш аз 1400 исроилӣ кушта ва зиёда аз дусад кас асир афтодаанд.

Гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” мегӯяд, дар ҳамлаҳои пайдарҳами Исроил дар зарфи се ҳафтаи охир беш аз 7300 фаластинӣ дар Навори Ғазза кушта шуданд. Қисме аз онҳо кӯдакону наврасон ҳастанд.

Навори Ғазза дар соҳили Баҳри Миёназамин то соли 1917 дар ихтиёри империяи усмонӣ буд. Дар як асри гузашта аз итоати Бритониё ба Миср гузашт ва сипас зери назорати артиши Исроил даромад. Ҳоло бурунбум ё анклави деворпече аст, ки дар он зиёда аз ду миллион фаластинӣ зиндагӣ мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад