Таҳаввулоти Фаластин, меҳвари ройзаниҳои сафири ҶИЭ

 Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ҳамтоёни хориҷии худ дар Тоҷикистон дар хусуси таҳаввулоти Фаластин, ҷиноятҳои зиддибашарии режими саҳюнистӣ ва мавзӯъоти минтақаӣ гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ҳамтоёни хориҷии худ дар Тоҷикистон дар хусуси таҳаввулоти Фаластин, ҷиноятҳои зиддибашарии режими саҳюнистӣ ва мавзӯъоти минтақаӣ гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Алирзо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар идомаи ройзаниҳои худ бо сафирони кишварҳои исломӣ дар хусуси таҳаввулоти Фаластин, бо Муборак ибни Абдурраҳмон Ан-Наср, сафири Қатар дар Тоҷикистон дидор кард.

Дар ин дидор вазъияти ҷорӣ дар Фаластини ишғолӣ, ба вижа ҷиноятҳои ҷангии режими саҳюнистӣ дар Ғазза мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ду тараф бар лузуми тадовуми ҳамафзоии кишварҳои исломӣ дар ҳимоят аз мардуми мазлум Фаластин дар баробари иқдомоти ваҳшиёна ва зиддиинсонии режими ишғолгари Қудс дар Ғазза таъкид карданд.

Дар мулоқоти Ҳақиқиён бо Алӣ Мирзамин Аскаров, сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон низ масоил ва мавзӯъоти мавриди алоқа ду тараф мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Сафири Эрон бо ишора ба нишасти ахири минтақаии 3+3 дар Теҳрон, ҳимоят аз созу корҳои минтақаӣ ва барқарории сулҳ ва субот дар минтақаи Қафқози ҷанубиро сиёсати усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон унвон кард.

Ду тараф мухолифати худ бо дахолати кишварҳои фароминтақавӣ дар умури минтақаро мавриди таъкид қарор доданд.

Ҳақиқиён бо ишора ба тадовуми иқдомоти зиддиинсонии режими саҳюнистӣ дар Фаластин, бар лузуми ҳамафзоии бештари кишварҳои исломӣ дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин дар баробари ишғолгарони саҳюнист таъкид кард.

Сафири Эрон ҳамчунин дар дидор бо Салмон Бол, сафири Швейтсария дар Тоҷикистон дар хусуси таҳаввулоти минтақаи Осиёи Марказӣ гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Ҳақиқиён тайи ин дидор бо ташреҳи иқдомоти ҷинояткоронаи ахири режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлуми Фаластин ва ба вижа Ғазза, аз ҳимояти кишварҳои ғарбӣ ба хусус Амрико аз ин режими ишғолгар ва ноқизи усул ва қонунҳои ҳуқуқи байналмилал ва ҳуқуқи башар ва сукути маҷмаъҳои байналмилалӣ ба шиддат интиқод кард.

پایان پیام/ح

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад