Даъвати Тоҷикистон ва Қазоқистон аз мақомоти Фаластин ва режими саҳюнистӣ барои музокира

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар баёнияҳои ҷудогона ташдиди таниш дар Ховари Миёнаро маҳкум ва мақомоти Фаластин ва режими саҳюнистиро ба поёни даргирӣ ва оддисозии авзоъ, даъват карданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ниҳоди дипломатики Тоҷикистон дар баёнияе ташдиди таниш ва иқдомоти хушунатомез дар Ховари Миёнаро маҳкум кард.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон омадааст: ташдиди таниш дар Ховари Миёна, ки мунҷар ба талафоти ҷонии қобили таваҷҷуҳе дар миён иғайринизомиён ва тахриби теъдоди зиёде аз таъсисоти иҷтимоӣ ва зерсохтӣ шудааст, нигаронии амиқиро дар Тоҷикистон эҷод кардааст.

Вазорати хориҷа дар идома, зимни маҳкумияти эъмоли хушунатомез, тарафайнро ба поёни фаврии хушунат ва оғози гуфтугӯ барои оддисозии авзоъ, даъват кард.

Ҳамчунин “Айбек Асмадёров” сухангӯи расмии Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон нигаронии амиқи кишварашро нисбат ба ташдиди даргириҳо миёни Фаластин ва режими саҳюнистӣ, ки мунҷар ба талафоти ғайринизомии бисёре шудааст, иброз кард.

Вай идома дод: Қазоқистон аз тарафайн мехоҳад ба думболи абзорҳои сиёсӣ барои ҳалли мусолиматомези авзоъ бошанд ва ба иқдомоте мутавассил нишванд, ки метавонад мунҷар ба ташдиди бештари авзоъ натанҳо байни ду кишвар, балки дар кулли Ховари Миёна шавад.

Айбек Асмадёров хотирнишон кард:сафорати Қазоқистон дар Телавив бо шаҳрвандони мо мустақар дар Исроил тамоси доим дорад. Дар ҳоли ҳозир феҳристе аз шаҳрвандони Қазоқистон дар ҳоли таҳия аст то кумакҳои бештаре ба онҳо барои бозгашт ба ватаншон ироа шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад