Роҳи ҳалли масъалаи Фаластин ташкили давлати фаластинӣ аст

Раисҷумҳури Туркия гуфт: масъалаи Фаластин решаи аслии мушкилоти минтақаи мост то замоне, ки ин масъала ба таври одилона ҳал нашавад орзӯи сулҳ дар минтақаи мо ҳамчунон идома хоҳад дошт.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Анатолия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар маросими гушоиши нахустин маъбадгоҳи масеҳиён дар давраи Ҷумҳурии Туркия дар иртибот бо иттифоқоти ахир дар минтақа гуфт: сулҳи доимӣ дар Ховари Миёна танҳо дастёбӣ ба як роҳи ҳалли ниҳоӣ барои мушкили Фаластин ва Исроил муяссар хоҳад буд.

Эрдуғон афзуд: таъсиси як давлати мустақили фаластинии ҳамроҳ бо тамомияти арзӣ ба пойтахтии Қудси (шарқӣ) ниёзи фаврӣ аст. Мо мусаммам ҳастем, ки талошҳои дипломатикиеро, ки барои бозгардондани оромиш оғоз кардаем, ташдиду идомаи диҳем. Туркия омодааст тамоми талоши худро барои таваққуфи сареътари даргириҳову коҳиши таниш, ки бо ҳаводиси ахир ташдид шуда, анҷом диҳад.

Раисҷумҳур Туркия гуфт: масъалаи Фаластин решаи аслии мушкилоти минтақаи мост то замоне, ки ин масъала ба таври одилона ҳал нашавад, орзӯи сулҳ дар минтақаи мо ҳамчунон идома хоҳад дошт. Аз ҳар иқдоме, ки боиси ташдиди таниш дар минтақа, хунрезии бештару амиқтар шудани мушкилот мешавад, иҷтиноб шавад.

Раисҷумҳури Туркия дар робита бо ҷон бохтани шуморе аз шаҳрвандони Афғонистон дар заминларзаи ахир низ гуфт: барои бародаронамон, ки дар зилзилаи Афғонистон ҷон бохтанд раҳмати илоҳӣ ва барои маҷрӯҳон шифои оҷил орзӯ дорам.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад