Ҳамосаи Ҳамос бо номи Тӯфони Ақсо ва ҳимояти уламои ҷаҳони Ислом

Чандин ниҳоди исломӣ аз оғози амалиёти Тӯфони Ақсо ҳимояти худро аз муқовимат ва мардуми Фаластин эълон карданд.

Чандин ниҳоди исломӣ аз ҷумла Ал-азҳар ва Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмон, соате пас аз оғози амалиёти Тӯфони Ақсо ҳимояти худро аз муқовимат ва муборизаи мардуми Фаластин эълон карданд.

Ал-азҳар эълон кард: ба ҷаҳони хомӯш дар баробари қурбониёни бегуноҳи Фаластин тасалият мегӯем; ба устувории мардуми сарафрози Фаластин дуруд мефиристем ва аз Худованд мехоҳем, ки ба онҳо ангеза диҳад, то дар баробари зулм ва терроризми саҳюнистҳо ва сукути шармовари ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор беистанд.

Ҳимояти уламои Миср аз муқовимати Фаластин

Ал-азҳар дар ин баёния, ки дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Х нашр кардааст, афзуд: Ал-азҳар таслият ва ҳамдардии самимонаи худро ба хонаводаи шаҳидони уммати исломӣ, шаҳидони сарафрози Фаластин, ки дар роҳи дифоъ аз меҳани худ ва ормони Фаластин ба шаҳодат расиданд, иброз медорад ва аз Худованд мехоҳад, ки ба миллати Фаластин кумак кунад, ки дар муқобили зулми саҳюнистҳо собитқадам бимонанд.

Ал-азҳар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост бо ақлу хирад ба тӯлонитарин ишғоли таърихи муосир яъне ишғоли Фаластин аз сӯи саҳюнистҳо нигоҳ кунанд ва таъкид кард, ки ин ишғол нанге барои башарият ва ҷомеаи байналмилалӣ аст, ки бо стандартҳои дугона бар мардуми Фаластин таҳмил шудааст.

Аз сӯи дигар Шавқи Аллом, муфтии Миср низ таъкид кард: масъалаи Фаластин, масъала ҳар араб ва мусулмоне дар сартосари замин аст ва ин мавзӯе аст, ки дар он маҳдудият вуҷуд надорад, балки дар рӯҳи мо зинда аст ва ба далели ҷойгоҳ динӣ ва тамаддунии Байтулмуқаддас дар тӯли таърих, пойбандии мо ба ҳаққи Фаластин бештар мешавад.

Табрики муфтии Уммон

Шайх Аҳмад ибни Ҳамад Халилӣ, муфтии султоннишини Уммон низ дар шабакаи иҷтимоии Х пирӯзӣ ва муваффақияти муқовимати Фаластин дар муқобила бо душмани ваҳшии ишғолгарро орзӯ кард.

Алӣ Картӣ, дабири кулли Наҳзати исломӣ дар Судон низ гуфт: мо бо шумо аҳд кардем, ки дар мубориза бо ин душман собитқадам бошем, то замоне, ки парчами пирӯзиро бо ҳам дар Фаластин ва Судон ба эҳтизоз дароварем, то шикасти душманро бо шумо ҷашн бигирем.

Ҳимояти Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмон

Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмон ҳамчунин аз уламо, бузургон ва ҳофизони китоби Худо дархост кард, то аз муқовимати Фаластин дар борикаи Ғазза барои пирӯзӣ дар набард алайҳи ишғолгарони Исроил ҳимоят ва барои он дуо кунанд.

Ин иттиҳодия дар шабакаи иҷтимоии Хнавишт: Худоё! мо Масҷидулақсо, мардуми Байтулмуқаддас ва тамоми Фаластинро ба Ту месупорем; Худоё! Ёварашон бош; Худоё! Мо чизе ҷуз дуо надорем. Парвардгоро! Дуои моро рад макун ва моро ноумед макун, Худоё! Аз онҳо ҳимоят кун, ки ҷуз Ту касеро надоранд.

Баёнияи уламои Ироқ ва Алҷазоир

Анҷумани уламои мусулмон дар Ироқ ҳам гуфт, ки бо ғурур ва ифтихор, ҷараёни набарди Тӯфони Ақсоро думбол мекунад, ки дар он муқовимати Фаластин ишғолгарони Исроилро ғофилгир кард. Ба хости Худо ин амалиёт муодилаи ҷадидеро бар душман таҳмил мекунад, ки интизорашро надошт.

Анҷумани уламои мусулмони Алҷазоир ҳам таъкид кард, ки ончи имрӯз дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин иттифоқ меафтад, нишондиҳандаи тағйири стратегӣ дар робитаи муқовимати Фаластин ва ишғолгарон аст ва аз ҳамаи арабҳо ва мусулмонон хост, то аз муқовимати Фаластин ҳимоят кунанд.

Гурдонҳои Иззуддин Қасом, бозӯи низомии ҷунбиши муқовамати исломии (Ҳамос) амалиёти низомии бесобиқаеро алайҳи Исроил оғоз карданд, ки шомили шиллики ҳазорон мушак, нуфуз ва ҳуҷум ба шаҳракҳои исроилӣ ва пойгоҳҳои низомӣ дар атрофи навори Ғазза буд.

Таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Ғазза дар пайи амалиёти Тӯфони Ақсо барои дувумин рӯзи паё пай идома пайдо кард ва Вазорати беҳдошти Ғазза аз афзоиши теъдоди шаҳидон ва маҷрӯҳони ин таҷовуз хабар додааст. Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ дар ҳамин бора даҳҳо ҳамлаи ҳавоӣ ба хонаҳои маскунӣ дар Ғазза ва теъдоде аз муассисаҳои давлатӣ ва мавозеи низомӣ анҷом доданд. Вазорати беҳдошти Ғазза эълон кард, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо токунун 320 нафар ба шаҳодат расида ва 1990 нафар захмӣ шудаанд.

Дар тарафи муқобил ҳам нируҳои артиши режими саҳюнистӣ иқдом ба хориҷ кардани комили шаҳракнишинони сокини марзҳои Ғазза кардаанд. Дар натиҷаи ҳамалоти нируҳои муқовимат ба сарзаминҳои ишғолӣ токунун беш аз 600 исроилӣ кушта ва беш аз 2 ҳазор тани дигар захмӣ шудаанд, даҳҳо тан аз исроилиҳо низ дар ин амалиёт асир шудаанд. Дар ҳоле, ки омори эълоншудаи асирони саҳюнист ҳудуди сад нафар эълон шудааст, аммо рӯзномаҳои саҳюинистӣ эълон кардаанд, ки гузоришҳои ғайрирасмӣ нишон медиҳад, ки 750 исроилӣ нобуд шудаанд.

Режими саҳюнистӣ бо идомаи ҳамалоти ҳавоӣ бисёре аз манзилҳо маскунӣ дар Ғазза аз ҷумла бархе манзилҳои мунтасаб ба раҳбарони муқовимати Фаластинро ҳадафи ҳамалоти ҳавоии худ қарор дод, аз ҷумлаи ин манзилҳо сохтмони 13табақаӣ буд, ки дар натиҷаи шиддати ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба шакли комил аз байн рафт.

Гурдонҳои Қасом низ эълон карданд, ки дар вокуниш ба ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ беш аз 100 мушакро ба шаҳраки саҳюнистӣ Асқалон шиллик кардаанд, ҳамчунин ожирҳои хатар дар шаҳраки саҳюнистии Абусолим дар марзи Ғазза низ ба садо даромадааст.

Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза эълон кард, ки шумораи шаҳидони Фаластин дар ҳамалоти саҳюнистҳо ба Ғазза ба 370 расидааст. Бар асоси гузориши ин вазоратхона, 2200 нафар захмӣ шуданд.

Расонаҳои саҳюнистӣ хабар доданд, ки дастикам 600 саҳюнист дар амалиёти неруҳои муқовимат ба ҳалокат расидаанд ва шумораи захмиҳо ба 2048 нафар афзоиш ёфтааст

Канали 12 телевизиони режими саҳюнистӣ хабар дод, ки ҳанӯз кори ҷамъоварии ҷасадҳо аз минтақаи Ҷашн, ки дар ҳамсоягии Ғазза бар по буд, идома дорад. Ва ҳамчунин дар дигар манотиқ шумораи куштаҳо бисёр зиёд ва бисёр ҳам дарднок аст ва ба зудӣ ин омор афзоиш меёбад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад