Чӣ чизе дар интизори Қарабоғ хоҳад буд?

Озарбойҷон бо амалиёти низомӣ дар Қарабоғ тавонист имтиёзҳоеро, ки моҳҳо дар интизораш буд, бигирад.

Озарбойҷон бо амалиёти низомӣ дар Қарабоғ тавонист имтиёзҳоеро, ки моҳҳо дар интизораш буд, бигирад. Хостаи аслии Боку, халъи силоҳи воҳидҳои мусаллаҳи арманӣ дар Қарабоғ буд.

Рӯзи 19-уми сентябр, Боку эълон кард, ки иқдомоти зиддитеррористии маҳаллиро дар Қарабоғ оғоз кардааст. Як рӯзи баъд Озарбойҷон бар сари таваққуфи амалиёти низомӣ дар Қарабоғ ба тавофуқ расид ва ба назар мерасад аромнаи Қарабоғ дар ҳоли ҳозир бо хостаҳои Боку мувофиқат кардаанд.

Аз тарафе баъд аз ин амалиёти Озарбойҷон дар Қарабоғ, маълум шуд, ки ҳамаи ибтикорот дар дасти Боку аст.

Акнун Боку эҳсос мекунад, ки ба нафъи ӯст, ки ин равандро ба зӯр пеш барад, бидуни инки ҳарос дошта бошад, ки мумкин аст бо интиқодҳои эҳтимолии байналмилалӣ мувоҷеҳ шавад.

Ҷумҳурии Озарбойҷон аз кундии музокирот ва лаҷоҷати раҳбарони аромнаи Қарабоғ хаста шуда буд ва низ аз ин воқеият огоҳ аст, ки Русия, муттаҳиди аслии Арманистон, ба давлати Арманистон ва нахуствазир Некол Пашинян пушт кардааст.

Илова бар ин, Боку ҳамчунин фарз мекунад, ки интиқодҳо ва иқдомоте, ки мумкин аст дар ҷаҳони байналмилалӣ бо он рӯбарӯ шавад, чандон дарднок нахоҳад буд.

 Оё амалиёти Қарабоғ ғайримунтазира буд?

Агарчи далели амалиёти низомии Боку дар Қарабоғ, кушта шудани 6 озарбойҷонии рӯйи мин рафта дар атрофи Хуҷованд будааст, аммо омодагӣ барои ин иқдомот ҳафтаҳо қабл идома дошт.

Озарбойҷон неруҳои худро дар имтидоди хатти тамос дар Қарабоғ мутамаркиз карда буд, илова бар ин, бар асоси бархе гузоришҳо, афзоиши ҳамлу нақли маҳмулаҳои низомӣ аз тариқи ҳавоӣ байни Озарбойҷон ва Исроил таваҷҷуҳҳоро ба худ ҷалб карда буд.

Илова бар ин, суханҳо ва иддаоҳои Боку дар ҳафтаҳои ахир ташдид шуда буд. Ҳикмат Хоҷиев, мушовири раисуҷмҳур Илҳом Алиев, дар поёни моҳи август эълон кард, ки Озарбойҷон ҳаргиз ба вуҷуди минтақаи хокистарӣ дар хоки худ, ки таҳти контроли худ набошад, иҷоза нахоҳад дод.

Ҳамчунин дар тобистони гузашта, Озарбойҷон умедвор буд бо афзоиши омодагиҳои низомии худ, равандҳои дипломатикро тасриъ бахшд. Аммо бо вуҷуди ин, раҳбарони армании Қарабоғ сарсахтии худро тағйир надоданд ва қотеъона аз баҳс дар мавриди мавзӯъи идғоми муҷаддад бо Боку худдорӣ карданд ва ҳатто дар авоили сентябр, интихоботи раёсатҷумҳурии ҷадидро баргузор карданд, ки охирин нишона барои Озарбойҷон мабнӣ бар адами омадани ҷудоиталабон ба музокира буд.

Аммо ба гуфтаи Улсия Вартаня, таҳлилгари Қафқози ҷанубӣ аз маркази таҳлилии гурӯҳи буҳрон, мавзеи раҳбарони Қарабоғ дар ҷиҳати таслим шудан ба хостаҳои Озарбойҷон дар ҳоли таҳаввул буд ва онҳо омодаи дидор бо Озарбойҷон ва гуфтугӯ дар мавриди хостаҳои Боку барои раванди идғом буданд.

Аммо ба гуфтаи Зоур Шариф, таҳлилгари гурӯҳи буҳрон, мустақар дар Боку, шикасти раванди сиёсӣ ё рукуд дар ин раванд хатари ҳамлаи дигаре аз сӯи Озарбойҷонро афзоиш дод.

Ин таҳлилгар дар 15-уми сентябр навишта буд: агар дар рӯзҳои оянда ташдиди таниши низомӣ дар сарзаминҳои арманинишини Қарабоғ рӯй диҳад, ҳеҷ чизи тааҷҷубовар нахоҳад буд.

 Пашинян се хатти қирмизи Путинро зери по гузошт

Воқеаҳо бо бадтар шудани равобит бо Русия, муттаҳиди Арманистон, тасриъ шуд.

Агарчи Русия як неруи ҳофизи сулҳи 2 ҳазор нафарӣ дар Қарабоғ мустақар кардааст, аммо ин неру натавонист монеъ аз фишори Озарбойҷон бар ин сарзамин шавад. Худи Русия ба унвони яке аз аъзои Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ ба тааҳҳудоти худ дар қиболи Ереван амал накардааст ва Арманистонро аз ҳамлаи Озарбойҷон муҳофизат накард.

Ҳамаи инҳо боиси афзоиши таниш дар равобити Ереван ва Маскав шудааст. Давлати Арманистон иқдомоти мутааддиде анҷом додааст, ки дар нигоҳи аввал норизоятии худро аз Русия нишон медиҳад.

Яке аз онҳо, Анна Ҳокӯбиён, ҳамсари Пашинян буд, ки кумакҳои башардӯстонаро ба Киев, пойтахти Украина мебурд.

Илова бар ин, давлати Арманистон асосномаи Рим, ки роҳро барои узвияти комил дар додгоҳи байналмилалии кайфарӣ ҳамвор мекунад, тасвиб кард. Ин додгоҳ ҳукми боздошти Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро содир карда буд.

Ва саранҷом, Ереван намояндагии худ дар Созмони Паймони Амнияти ҷамъеро фаро хонд.

Ба ин тартиб Арманистон аз 3 хатти қирмизи Русия убур кард.

Омили муноқишаи Русия ва Арманистон, Озарбойҷонро мутақоид карда буд, ки акнун замони ҳамла ба Қарабоғ аст.

 Вокуниши ҷаҳонӣ

Арманистон, ки ба таври физояндае дар баробари Озарбойҷон осебпазир аст, талош кард, то аз ҳимояти эҳтимолии ҷомеаи байналмилалӣ бархурдор шавад. Ӯ аз Ҳинд аслиҳа харид ва мураттабан саъй кард, мавзӯъи даргириро дар Шӯрои амнияти Созмони Милал матраҳ кунад.

Ҳеҷ як аз ин иқдомот наметавонад ҳеҷ қудрати байналмилалиро ба мавзеъгирии сахт дар баробари Озарбойҷон савқ диҳад. Аромана набояд интизори ҳимояти қобил таваҷҷуҳе аз ғарб медоштанд.

Вокуниши байналмилалӣ ба амалиёти 19-уми сентябри Озарбойҷон инъитофпазир буд ва ин вокуниш ба ибрози нигаронӣ маҳдуд шуд.

Ҳам Амрико ва ҳам Иттиҳоди Аврупо хостори таваққуфи фаврии даргириҳо дар Қарабоғ шуданд.

Эдмун Морукён, сафири Арманистон дар умури вижа мегӯяд, ки агар касе бихоҳад шуморо бикушад, изҳорот бефоида аст.

 Баъд аз ин чӣ хоҳад шуд?

Озарбойҷон бо амалиёти низомӣ дар Қарабоғ тавонист имтиёзотеро, ки моҳҳо дар интизораш буд, бигирад. Хостаи аслии Боку, халъи силоҳи воҳидҳои мусаллаҳи арманӣ дар Қарабоғ буд.

Раҳбарони аромнаи Қарабоғ мувофиқат карданд, ки дар 21-уми сентябр дар шаҳри Юлох бо намояндагони Боку дидор ва гуфтугӯ кунанд. Дар баёнияи раҳбарони Қарабоғ ҳамчунин ишора шуд, ки дар ин нишаст эҳтимоли идғоми муҷаддад ба Озарбойҷон ва тазмини ҳуқуқ ва амнияти аромнаи Қарабоғ дар чорчуби илзомоти Қонуни асосии Озарбойҷон мавриди баҳс ва баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

То чанде пеш, раҳбарони Арманистон баҳс дар мавриди ин мавзӯъотро ғайримумкин медонистанд, аммо акнун чорае ҷуз пазириши хостаҳо надоранд.

Ончи дар ҷаласаи 21-уми сентябри Юлох матраҳ шуд ва тасмимҳо гирифта шуд, иборат аст аз:

1. Тарҳҳое барои идғоми муҷаддади ҷамъияти армании Қарабоғ ироа шуд.

2. Бар аҳамияти халъи силоҳ ҳар чӣ сареътар неруҳои мусаллаҳи арманӣ таъкид шуд.

3. Таъмини сӯхт ва ҳимоятҳои башардӯстона аз аромнаи Қарабоғ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

4. Ниёзҳои умумӣ, пизишкӣ ва оташнишонӣ дархост шуд.

5. Қарор шуд, ки ҷаласаи баъдӣ ба зудӣ баргузор шавад.

Лозим ба зикр аст, ки дар натиҷаи ҷанги 44 рӯзаи дувуми Қарабоғ дар соли 2020, Озарбойҷон контроли бахше аз Қарабоғ ва 7 ноҳияи атрофи онро ба даст гирифт.

Пас аз таваққуфи хусуматҳо бо баёнияи муштараки раҳбари Озарбойҷон, Арманистон ва Русия дар 10-уми ноябр 2020, неруҳои ҳофизи сулҳи Русия дар кридури Лочин ва хатти тамоси Қарабоғ мустақар шуданд. Тарафайн ҳанӯз муваффақ ба имзои тавофуқномаи сулҳ нашудаанд. Музокироти сулҳ бо миёнравии Иттиҳоди Аврупо, Русия ва Амрико баргузор шудааст.

Муноқишаи Қарабоғ, ки дар соли 1988 оғоз шуд ба даргирӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон мунҷар шуд. Қабл аз тавофуқи оташбас дар соли 1994, минтақаи Қарабоғи кӯҳистонии Озарбойҷон ва 7 минтақаи муҷовири он ишғол шуда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад