Русия пас аз таҳримҳои Ғарб қавитар шудааст

Ба гузориши хабаргузории “Роша Тудей”, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар нишасти давлатӣ дар Маскав таъкид кард, ки Русия дар баробари фишорҳо ва таҳримҳои Ғарб, ки қасди фалаҷкардани рушди иқтисоди Русияро доштанд, муқовимат карда ва қавитар ҳам шудааст.

Раисҷумҳури Русия дар инбора гуфт: ин маҳдудиятҳо, чӣ пас аз соли 2014 ва чӣ дар ҳоли ҳозир, ки аз берун бар мо таҳмил шуда, тавсеа ва рушди иқтисодиро таҳрик мекунад. Бале дуруст аст таҳримҳо дар бархе маворид суръати моро кунд кардаанд, аммо, дар бархе дигар моро маҷбӯр мекунанд тасмимоти қаблиро ба таъвиқ бияндозем… Аммо бо ин ҳол (бо ин таҳримҳо ва маҳдудиятҳо) фурсатҳои ҷадиде зоҳир мешавад.»

Путин ҳамчунин авоили ҳафта ҳам эълом кард, ки тавлиди нохолси дохилии Русия сутӯҳеро, ки қабл аз эъмоли таҳримҳои муртабит бо Украина ба даст оварда будро дубора ба даст овардааст; Ва эҷоди шароит барои тавсеаи пойдор ва баландмуддат бисёр муҳим аст.

Давлат ва мақомоти аршади Русия чашмандози мусбатеро барои иқтисоди ин кишвар пешбинӣ мекунанд. Пештар Михаил Мишустин, нахуствазири Русия пешбинӣ карда буд, ки то соли 2024 Русия аз назари рушди иқтисодӣ аз дигар кишварҳои тавсеаёфта пешӣ хоҳад гирифт.

Раисҷумҳури Русия душанбе гузашта ҳам дар суханоне эълом кард: марҳалаи эҳёи иқтисоди Русия ба поён расидааст. Мо дар баробари фишори таҳримҳои комилан бесобиқа ва ҳуҷуми таҳримҳои бархе дар Ғарб муқовимат кардем ва акнун марҳилаи эҳёи иқтисоди Русия ба поён расидааст.

Вай дар идома изофа кард: тавлиди нохолиси дохилии Русия ба сатҳи соли 2021 расидааст. Акнун эҷод шароити лозим барои тавсеаи пойдор дар баландмуддат муҳим аст. Мизони рушди тавлиди нохолси дохилии Русия то поёни соли ҷорӣ мумкин аст 2.5 то 2.8 дарсад бошад. Итминон дорам кобинаи давлат ва банки марказӣ дар тасмимгириҳо дар муқобила бо тазъифи рӯбл ҳамоҳанг амал хоҳанд кард. Иқтисоди Русия беҳбуд ёфтааст ва кишвар дар баробари фишорҳои таҳримӣ истодааст.

Як маркази пажӯҳишии олмонӣ низ чанде пеш дар гузорише эълом карда буд, ки бо вуҷуди таҳримҳои фарогири Ғарб алайҳи Русия, ин кишвар ба бозори тиҷорати ҷаҳонӣ боз хоҳад гашт. Ин маркази пажӯҳишӣ тасреҳ кард, ки ҳаҷми колоҳои тахлия шуда дар 3 бандари бузурги Русия дар моҳи август ба болотарин сатҳи худ пеш аз анҷоми амалиёти низомии вижа дар Украина наздик шудааст.

Бар асоси ин гузориш бо вуҷуди таҳримҳои таҳмилии фарогир алайҳи Русия ба далели буҳрони Украина, фаъолитҳои тиҷорӣ Русия дар моҳи август равнақ доштааст.

Аз сӯи дигар муассисаи иқтисоди ҷаҳонии “Кайл” дар гузорише эълом кард, ки бо вуҷуди таҳримҳо, теъдоди киштиҳое, ки дар банодири Русия паҳлу мегиранд дар ҳоли афзоиш ҳастанд ва рӯбли Русия низ аз марҳилаи заъф гузар карда ва акнун дар ҳоли бозгашт ба сатҳи қудрати худ пеш аз буҳрони Украина аст.

Ин муассиса дар гузориши худ ба ҳаҷми колоҳои тахлия шуда дар 3 бандари бузурги Русия, яъне Санкт-Петербург, Владивасток ва Новороссийски истинод карда буд. Пеш аз ин низ веб-сайти амрикоӣ “Бизнес Инсайдер” бо интишори мақолае эълом карда буд, ки Русия бо вуҷуди даргирӣ дар ҷанги Украина, тавониста тайи соли гузаштаи мелодӣ, манобеъ ва дороиҳои худро ба шакли чашмгире афзоиш диҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад