Ҳатто муттаҳидони Украина ҳам онро шарики баробар намедонанд

Муовини раиси Шӯрои амнияти миллии Русия дар вокуниш ба ихтилофоти ахири Полша ва Украина гуфт аз назари Варшава, Киев ҳатто ба андозаи пули хурди онҳо ҳам намеарзад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Дмитрий Медведев” муовини раиси Шӯрои амнияти миллии Федератсияи Русия имрӯз (ҷумъа) ба ихтилофот ва тақобули ахир байни Полша ва Украина вокуниш нишон дод.

Дмитрий Медведев, дар баёнияе бо баёни инки ҳатто муттаҳидони наздики Киев ҳам ин кишварро ба унвони як шарики баробар дар тӯлонимуддат намедонанд, гуфт, ки онҳо мунтазири он ҳастанд, ки Украиниҳо худашон ҳамдигарро нобуд кунанд.

Ба навиштаи хабаргузории “Спутник”, вай дар инбора бо киноя тавзеҳ дод: «маҳбубтарин руқабои мо бар сари як тикка нони кӯҳна даъво мекунанд. Полша мамнуъияти арзаи ғллоти украинӣ ба хоки худро тамдид кард. Ҳатто комиссияи Аврупо ҳам [ба шикояти Украина] гӯш накард».

Раиси ҷумҳури собиқи Русия бо баёни инки соири аъзои Иттиҳодияи Аврупо аз ҷумла Словакия ва Венгрия ҳам фавран аз ин иқдоми Полша думболаравӣ карданд, изҳор дошт: «Киев билофосила бо изтироб аз Полша ба созмони тиҷорати ҷаҳонӣ шикоят кард. Онҳо ҳамсоягони худро ба ҳамкорӣ бо Русия муттаҳам мекунанд!»

Тибқи ин гузориш, Медведев идома дод: «онҳо (Украиниҳо) мегӯяанд, ки [Полша ва дигарон] ба дастури инҳо (русҳо) кори олӣ анҷом медиҳанд. Ёфтани сарзаниши тавҳиномезтаре нисбат ба ин барои Полшаиҳои русҳарос, душвор аст. Мо ин иттиҳомзании Киев ба Варшаваро таҳсин мекунем».

Ба навиштаи Спутник, вай бо баёни инки муттаҳидони Украина дигар ба фикри худашон афтодаанд, тасреҳ кард: «барои ҳамагон мушаххас шуда, ки ҳатто наздиктарин муттаҳидони [Киев] низ барои муддати тӯлонӣ Украинаро ба унвони як шарики баробар намебинанд. Онҳо арзиши [Киев]-ро ҳатто ба андозаи пули хурдаи Полша низ намедонанд. Онҳо дар воқеъ сабр мекунанд то Украиниҳо худашонро бихӯранд ё худашонро нобуд кунанд».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад