Мирзиёев танҳо гузоштани Афғонистонро иштибоҳи бузург хонд

Раисҷумҳури узбекистон зимни суханрониаш дар СММ изҳор дошт, ки танҳо гузоштани Афғонистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ иштибоҳи бузург аст.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз манобеи хабарӣ, раисҷумҳури Узбекистон, Шавкат Мирзиёев зимни суханрониаш дар маҷмаъи умумии СММ таъкид кард, таҳаввулоти Афғонистон ба таври мустақим бар амнияти ҷаҳонӣ таъсиргузор аст.

Вай тайи суханрониаш гуфт, таҳаввулоти Афғонистон барои ҳалли мушкилот ба тамаркузи ҷаҳонӣ ниёз дорад.

Мирзиёев афзуд, танҳо гузоштани Афғонистон бо мушкилоте, ки бо он рӯбарӯ аст, иштибоҳи бузурге аст.

Раисҷумҳури Узбекистон изҳор дошт, нодида гирифтан, мунзави сохтан ва таҳмили таҳримҳо, танҳо мушкили мардуми Афғонистонро афзоиш медиҳад.

Ин изҳорот дар ҳоле сурат мегирад, ки кумакҳои ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон коҳиш ёфтааст.

Вазири хориҷаи Узбекистон, Бахтиёр Саидов, чанде қабл дар дидор бо Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи ҳукумати Афғонистон бар зарурати озодии дороиҳои ин кишвар барои беҳбуди вазъияти иқтисодии Афғонистон таъкид кард.

Вай гуфта буд, ки мақомоти афғон бояд дар нишастҳои марбут ба Афғонистон ҳузур дошта бошанд.

Саидов ҳамчунин таъкид карда буд захоири бонкии масдудшудаи Афғонистон бояд озод шавад, зеро ин дороиҳо барои бозсозии иқтисоди ин кишвар муҳим аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад