Раҳбароне, ки беҳурматӣ ба Қуръонро дар СММ маҳкум карданд

Раҳбарони мусалмони ҷаҳон тайи суханрониҳои худ дар маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид беҳурматӣ ба Қуръони Карим дар моҳҳои ахир дар бархи кишварҳои ғарбиро маҳкум карданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, раҳбарони мусалмони се кишвари Эрон, Туркия ва Қатар дар 78-умин маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) беҳурматӣ ба Қуръон дар бархе кишварҳои аврупоиро маҳкум карданд.

 СММ Қуръон

Баланд бардоштани Қуръони Карим тавассути раисҷумҳури Эрон

Сайид иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон бо дар дасти доштани Қуръони Карим, иҳонат ба муқаддасоти исломӣ дар кишварҳои ғарбиро маҳкум карду гуфт: Хидмат ба камбағалон, вафо кардан ба ваъда, мубориза бо фақру фаҳшо ва беадолатӣ мазмуни Қуръон аст. Ин мазмунҳои тамаддунсози Қуръон барои инсон ҳаргиз намесӯзад ва абадӣ мебошад.

Раиси афзуд, Қуръон каломи Худованд ва китобе аст, ки инсонро ба ақлоният, маънавият, адолат, ахлоқ ва ҳақ боварӣ даъват мекунад. Се рукни асосӣ дар Қуръон, тавҳид, адолат ва каромати инсонӣ аст, ки таъминкунандаи саодати башар аст. Магар Қуръон чӣ фармудааст, ки кинаҳои мустакбирон ва арбобони қудрат ва сарватро барангехтааст?

Раисҷумуҳри Эрон илова кард, Қуръон мефрмояд “Эй башар; Ситам ва тафриқаро напазир”. Бо ин раҳнамуд ме‎тавон ҷаҳоне аз каромат ва азамат сохт. Қуръон аз ваҳдати башар мегӯяд ва инки ҳамаи сокинони замин, ҳамчун хоҳару бародаранд ва аз як падару модар; Қуръон инсонро намояндаи Худованд ва зану мардро бо вуҷуди тафовутҳои табиӣ, комилкунандаи якдигар ва баробар дар маҳзари Худованд медонад; Қуръон аз хонавода дифоъ мекунад ва кӯдакро амонати Худо дар дасти падару модар медонад.

Раисӣ таъкид кард: оташи тавҳину таҳриф ҳарифи ҳақиқати Қуръон намешавад. Сӯзондани Қуръон, манъи ҳиҷоб дар мактабҳо ва табъизҳое ба монанди он шоистаи инсони муосир нест ва пушти пардаи ин нафратпароканӣ тарроҳе бузургтаре вуҷуд дорад. Исломситезӣ ва ҷудозосии фарҳангӣ, дар суратҳои мухталифи худ аз ҷумла сӯзондани китоби муқаддаси Қуръон то манъи ҳиҷоб дар мактабҳо ва даҳҳо табъизи шармовари дигар, шоистаи пешрафтҳои инсони муосир нест.

 СММ Қуръон

Маҳкумияти беҳурматӣ ба Қуръон тавассути Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, ки моҳҳост Шветсияро ба далели ҳимояташ аз неруҳое, ки ба гуфта Туркия “террорист” ҳастанд, таҳти фишор гузошта, дар маҷмаъи умумии СММ гуфт: кишварҳои ғарбӣ шоҳиди бемории нажодпарастӣ аз ҷумлаи исломҳаросӣ (тарсондани мардум аз пайвастан ба дини Ислом) ҳастанд ва ин ба сатҳи ғайриқобили таҳаммуле расидааст.

Эрдуғони афзуд: Муттаассифона сиёсатмадорҳои оммагаро дар бисёре аз кишварҳо ба бозӣ бо оташ идома медиҳанд ва ин иқдомро аз тариқи ташвиқи чунин ҷараёнҳои хатарноке дунбол мекунанд. Зеҳнияте, ки бо номи “озодии баён” дар Аврупо тарвиҷ дода мешавад ва бар асоси он беҳурматӣ ба Қуръон рух медиҳад, асосан ояндаи Аврупоро бо дастони худаш сиёҳ мекунад.

 СММ Қуръон

Маҳкумияти беҳурматӣ ба Қуръон тавассути амири Қатар

Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар низ, ки кишвараш равобити наздике бо ғарб ва соири кишварҳои ҷаҳон Ислом дорад, дар суханронии худ дар мақарри СММ гуфт: дониста ба хатар андохтани тақаддус ва ҳурмати дигарон, набояд номаш “озодии баён” гузошта шавад. Хитоб ба бародарони мусалмонам мегӯям, ки ин масаъла ғайримантиқӣ аст, агар бихоҳем ба далели иқдомоти як аҳмақ ё фарди мутаассиб аз ҳамдигар ҷудо ва мунҳариф шавем. Қуръон муқаддастар аз он аст, ки тавассути як фарди бехирад ва нодон мавриди беҳурматӣ қарор бигирад.

Тайи чанд моҳи ахир иқдомоте барои ба оташ кашидани Қуръони Карим дар Шветсия ва Дания анҷом гирифта ва аксарияти кишварҳои мусалмон ин иқдомро маҳкум карда ва бархе низ сафирони Дания ва Шветсияро барои ироаи тазаккур дар робита бо ин иқдомот эҳзор карданд. Моҳи гузашта, дар пайй ба оташ кашида шудани Қуръони Карим дар Стокголм, садҳо эътирозгари ироқӣ ба сафорати Шветсия ҳамла карданд ва онро ба оташ кашиданд. Давлати Ироқ низ дастури ихроҷи сафири Шветсияро содир карду додгоҳи ин кишвар низ пайгири парвандаи истирдоди “Салван Мамико” шуд. “Салван Мамико”, муҳоҷири ироқии муқими Шветсия аст, ки борҳо иқдом ба беҳурматӣ ба Қуръони Карим дар Стокголм кардааст.

қуръонсӯзӣ

Салван Момика кист?

Салван Момика муҳоҷири 37-солаи ироқӣ бо собиқаи ташкили гуруҳи мусаллаҳ, мушрику муртад мебошад. Вай дорои собиқаи доштани хушунат буда ва ба ҳамин далел дар соли 2017 ба иттиҳоми ҷинояти ҷангӣ ва тарвиҷи хушунат дар Ироқ боздошту зиндонӣ шудааст. Пас аз зиндонӣ шудан вай дар соли 2017 додгоҳи Ироқ дар пайи вокуниши тунди кишварҳои ғарбӣ ӯро озод мекунад ва сипас ӯ ба Шветсия муҳоҷират мекунад то бо пайвастан ба аҳзоби ифротии ин кишвар ба ҷиноятҳои худ идома диҳад.

Бар асоси бархе гузоришҳо, ӯ бо ниҳоди ҷосусии Исроил иртибот дошта ва барои сӯзондани Қуръони Карим аз тарафи кишварҳои ғарбӣ ба хусус режими саҳюнистии Исроил ҳимоят мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад