Мо барои гӯш кардани ту вақт надорем

Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико гуфт, ки дархости Зеленский барои суханронӣ дар Конгресс ба сабаби камбуди вақт рад пазируфта нашудааст.

Кевин Маккарти, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико гуфт, ки дархости Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина барои суханронӣ дар ҷаласаи муштараки Конгрессро рад кардааст.

Дар ин гузориш омадааст, ки Маккарти далели ин манъро камбуди вақт барои суханронӣ дар миёни як ҳафтаи шулӯғи қонунгузорон эълон карду гуфт, ки Зеленский қаблан фурсате барои суханронӣ дар муқобили Конгресс доштааст.

Кевин Маккарти тавзеҳ дод, ки ӯ хоҳони посухгӯии бештар дар мавриди кумакҳои ирсолшуда ба Киев аст.

Маккарти дар иваз як ҷаласаи хусусӣ бо Зеленский хоҳад дошт.

Зеленский рӯзи панҷшанбе пас аз суханронӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк дар авоили ин ҳафта барои дидор бо қонунгузорони амрикоӣ ва раисҷумҳур Ҷо Байден дар Вашингтон DC аст.

Кохи Сафед аз Конгресс барои эҳтиёҷоти Украина, ки аз моҳи феврали соли 2022 аллакай беш аз 110 млрд доллар кумаки гуногун гирифтааст, аз конгресс боз хостааст, ки 24 млрд доллари иловагӣ бигирад. Ҷумҳурихоҳон тақозо карданд, ки раисиҷумҳур Ҷо Байден ин дархостро, ки 12 конгрессмен имзо кардаанд, бозхонад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад