Президенти Узбекистон 286 маҳкумшударо афв кард

Раисиҷумҳури Узбакистон дар арафаи Рӯзи истиқлоли ин кишвар 289 маҳбусро афв кард.

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон дар остонаи ҷашни миллии 32-умин солгарди эъломи истиқлоли ин кишвар фармоне “дар мавриди афви гуруҳе аз афроде, ки дар ҳоли гузарондани даврони маҳкумият ҳастанд ва самимона аз кардаи худ пушаймон шуда ва бо қотеъият дар масири ислоҳ қадам гузоштаанд”-ро имзо кард.

Бар асоси қонуни асосии Узбекистон 286 нафари маҳкум ба далели иртикоби ҷурм мавриди афв қарор гирифтанду самимона аз амали худ пушаймон шуданд ва мусаммам ба беҳбуд шуданд.

Аз миёни касоне, ки шомили афв шуданд 109 нафар аз иҷрои ҳукми аввалия ба таври комил 116 нафар аз иҷрои ҳукми таълиқӣ озод шуданд ва ҳукми содира барои 25 нафар бо ҳукми хафифтаре ҷойгузин шуд. Илова бар ин, муҷозоти зиндон барои 36 нафар коҳиш ёфт.

Дар миёни афви шудагон 39 зан 22 марди болои 60 сол 30 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ 3 нафар, ки дар фаъолиятҳои созмонҳои мамнӯъа ширкат доштанд, дида мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад