Нишасти Душанбе ва зарурати ҳамгароӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ

Нишасти машваратии қарибулвуқуъи сарони Осиёи Марказӣ дар Душанбе ба коҳиши ихтилофҳо ва бардоштани гомҳои ҷиддитар дар ҷиҳати ҳамгароии минтақаӣ кумак хоҳад кард.

Қарор аст ду ҳафтаи дигар дар Осиёи Марказӣ як рӯйдоди муҳими байналмилалӣ иттифоқ биафтад. Панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои минтақа дар шаҳри Душанбе нишон хоҳад дод, ки то куҷо нухбагони ҳокими минтақа ба дарки аҳамияти ҳамгароӣ расида ва барои табдили иқдомоти эъломӣ ба иқдомоти эъмолӣ омодагӣ доранд.

Вазъияти байналмилалии кунунӣ беш аз ҳар замони дигаре ниёзи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба равобити наздик ва танготанги дарунминтақаиро барҷаста кардааст. Воқеияти масъала ин аст, ки ҷаҳони имрӯз вориди «минтақаи талотум» шуда ва дар чунин шароите осебпазирии кишварҳое аз назари зарфиятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии заиф афзоиш меёбад.

Он гуна, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ иттифоқ афтода буд, Амрико дигар танҳо ҳокими кураи замин нест. Ҳоло дигар бисёре аз кишварҳо, бархе бо қотеъият ва бо садои расо ва бархе ҳам начандон возеҳ, аммо бо ин вуҷуд сарсахтона аз манофеи худ дифоъ мекунанд. Чин, Русия, Эрон, Амрикои Лотин ва кишварҳои африқоӣ иқдомотеро анҷом медиҳанд, ки 10-20 соли пеш ғайриқобили тасаввур ба назар мерасид.

Аммо албатта маълум аст, ки Амрико намехоҳад ба сурати довталабона нақши нозири ҷаҳониро канор бигузорад. Ин масъала ба ночор сабаби даргириҳои мушобеҳи ибтидоии қарни гузашта хоҳад шуд, ки зимни он кишварҳое ба сурати гурӯҳбандишуда дар атрофи Англис ва Олмон барои дастёбӣ ба «бартарии ҷаҳонӣ» байни худ мубориза мекарданд.

Чунин шароите барои кишварҳои кӯчак хатарҳои зиёдеро ба ҳамроҳ дорад. Зеро бо кашида шудани пойи онҳо ба рӯёрӯииҳо байни «бозигарони бузург», хатари поймол шуданашон зери пойи «ғӯлҳои ҷаҳонӣ» баъид нахоҳад буд. Ин кишварҳо бо табдил шудан ба мавзӯъи чоназаниҳо ва арсаи даргириҳо, ҳатто мумкин аст истиқлол ва ҳаққи ҳокимияти худро аз даст диҳанд.

Ин масъала ба хусус дар мавриди Осиёи Марказӣ мавзӯъият дорад. Мавқеияти ҷуғрофиёӣ Осиёи Марказӣ таъйинкунандаи алоқа ва таваҷҷуҳи болои қудратҳои муҳим нисбат ба ин минтақа аст, ки ин воқеият тайи як соли ахир ба равшанӣ дида мешавад. Бидуни муболиға ҳеҷ ҳафтае нест, ки боздиди ҳайатҳои хориҷӣ аз минтақа бо ҳадафи ҷалби онҳо дар ростои манофеи худ, сурат нагирад. Нухбагони маҳаллӣ низ маъмулан фирефтаи ваъдаҳои баландболои онҳо дар робита ба ироаи кумакҳои саховатмандона ва проектҳои пурсуд мешаванд.

Аммо ин хайрхоҳӣ фақат зоҳирӣ аст. Ғарб аз ин назар ба Осиёи Марказӣ алоқа дорад, ки бо истифода аз мавқеияти он метавон барои Русия, Чин ва Эрон ба сурати ҳаддиаксар дардисар дуруст кард. Бар ин асос, тамоми кумакҳои ироашуда бояд то ҳадди зиёде дар хидмати ин ҳадафи аслӣ қарор гирад, на манофеи баландмуддати кишварҳои минтақа. Агар ба нафъи Амрикл ва муттаҳидонаш буд, ба роҳатӣ даст ба эҷоди ихтилофҳо ва ҳатто тағйири хушунатомези қудрат аз роҳи «инқилобҳои рангӣ» хоҳанд зад, ки намунаҳои боризе аз он дар қаламрави Шӯравии собиқ борҳо дида шудааст.

Дар чунин шароити хос, расидани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сатҳи ҷадиде аз ҳамоҳангӣ талошҳо дар ҳавзаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ бисёр муҳим аст. Онҳо ба танҳоӣ ба маротиб заифтар боқӣ монда ва барои «даррандаҳои» хориҷӣ тӯъмаи осоне хоҳанд буд.

Дар ҳақиқат фурсатҳои мавҷуд дар минтақа бисёр бузург ва мутааддид аст. Агар мо Осиёи Марказиро ба унвони як кишвари воҳид ва на ба унвони ҷумҳуриҳои ҷудогона тасаввур кунем, онгоҳ як бозигари комилан таъсиргузор дар саҳнаи ҷаҳониро хоҳем дид. Ин кишвари фарзӣ бо ҷамъияти 80 миллионнафарӣ ва тавлиди нохолиси дохили (баробари қудрати харид) дар сатҳи Малайзия ё Аргентина, метавонист саноеъеро дар ихтиёр дошта бошад, ки заминаи худкифоӣ ва адами вобастагӣ ба кумакҳои хориҷиро фароҳам кунад. Энергетика, маъдан, металлоргия, кишоварзӣ, саноеи сабук ва ғайра ҳамагӣ дар ихтиёри ин минтақа қарор дорад.

Осиёи Марказӣ аз назари рушди иқтисодӣ ҷилватр аз бисёре аз манотиқи дигари кураи замин аст. Тайи 20 соли ахир тавлиди нохолиси дохилии кишварҳои Осиёи марказӣ тақрибан 8 баробар, бо миёнгини рушди солона 6.2 дарсадӣ (ба унвони қиёс: иқтисоди ҷаҳонӣ 2.6 дарсад ва иқтисоди кишварҳои дар ҳоли тавсеа 5.3 дарсад) афзоиш ёфтааст. Дар ин муддат саҳми минтақа дар иқтисоди ҷаҳонӣ тақрибан ду баробар шудааст.

Бо ин ҳол агар аз баҳси зарфияти Осиёи Марказӣ бигузарем ва ба чигунагии баҳрабардорӣ аз он бипардозем, тасвири начандон ҷаззоберо пеши рӯи худ хоҳем дид. Равобити иқтисодӣ байни кишварҳои минтақа ҳамчунон заъиф боқӣ мондааст. Саҳми тиҷорати дарунминтақаӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 10 дарсад аз кулли гардиши тиҷорӣ 5 ҷумҳуриро ташкил медиҳад (8 сол қабл саҳми тиҷорати дарунмнтқаӣ 6.4 дарсад будааст боз ҳам ҳокӣ аз як севуми рушд аст). Кишварҳои минтақа тарҷеҳ медиҳанд бо кишварҳои ба истилоҳ хориҷи дур тиҷорат кунанд, ба вежа иқтисодҳое, ки поя ва асоси онҳо манобеи табиӣ ҳастанд, назири Қазоқистон ва Туркманистон.

Дар идома ин раванд фарояндаҳои иқтисодӣ бозтоби сиёсӣ пайдо мекунад. Роҳандозии нишастҳои муназзами руасои ҷумҳури кишварҳои минтақа гоми рӯ ба ҷилав аст, аммо токунун натавонистааст фаротар аз сатҳи машварат ва ройзанӣ пеш биравад. Ин воқеиятро иҷлоси қаблӣ, ки дар соли 2022 дар Қирғизистон баргузор шуд, собит кард.

Сарони Тоҷикистон ва Туркманистон аз имзои «муоҳидаи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ барои тавсеаи Осиёи Марказӣ дар қарни бистуякум» худдорӣ карданд. Ин масъала бозгӯкунандаи вуҷуди ихтилофҳои ҷиддӣ байни ин кишварҳо аст. Ба унвони мисол даргириҳои марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон равобит байни «Бишкек» ва «Душанбе»-ро бо чолишҳое рӯбарӯ кард ва Ашқобод ба далели сиёсати бетарафии худ ба таври мудовим аз ҳаргуна иқдомот барои ҳамгароӣ фосила мегирад.

Албатта ғарб барои ташдид ва таъмиқи ин ихтилофҳо талош хоҳад кард. Инҷо таноқузи ҷолибе вуҷуд дорад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо бо думбол кардани проектҳои мавриди назари худ, дар мавориде тарҷеҳ медиҳанд бо кишварҳои минтақа ба сурати «ҷамъӣ» таомул кунанд. Ба унвони мисол метавон ба роҳандозии қолаби 5+1 (Осиёи Марказӣ + Амрико ва Осиёи Марказӣ+Иттиҳоди Аврупо) ишора кард. Бо ин вуҷуд марказҳо ва ниҳодҳои таҳти контроли онҳо ба сурати пинҳон барои ба ҷони ҳам андохтани кишварҳои минтақа талош мекунанд.

Ба унвони мисол созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои вобаста ба ғарб (радио Азиятик/Озодилик», «замон кунунӣ» ва ғайра) дар ҷараёни даргириҳои марзӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ҳар ду кишвар низ ба ташдиди рӯҳияҳои таҳаммулнопазирӣ ва танаффур нисбат ба тарафи муқобил доман заданд. Ҳамчунин тамоюли онҳо барои эҷоди ихтилоф дар равобит байни Узбакистон ва Туркманистон замоне барҷастагӣ ёфт, ки Ашқобод дар фасли замистони гузашта ба далели ҳавои сард барои як муддате интиқоли гази табиӣ ба кишварҳои ҳамсояи худро мутаваққиф кард.

Аммо бо ин вуҷуд иштибоҳ хоҳад буд агар иддао шавад, ки дар равобит миёни кишварҳои минтақа ҳеҷ раванди мусбате ба назар намерасад. Худи ин воқеият, ки нишастҳои сарони кишварҳо ба таври муназзам баргузор мешавад, паёми хубе ба ҳамроҳ дорад. Дар миёни рӯйдодҳои тозае, ки ба эҷоди равобити дарунмнтқаӣ низ кумак мекунад, бояд ба иҷлоси ахири сеҷонбаи руасои ҷумҳури Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар Ашқобод ва ҳамчунин ҳалли ихтилофҳои марзӣ байни Қирғизистон ва Узбакистон ва тадовуми музокирот дар мавриди таҳдиди ҳудуди марз байни Қирғизистон ва Тоҷикистон ишора кард.

Гоми муҳиме, ки метавонад ба кулли фароянди ҳамгароӣ ангеза диҳад, имзои «нақшаи роҳ» сохти муштараки ниругоҳи барқи обии «қамбаротаи 1» дар «ирғизистон дар моҳи январи соли ҷорӣ тавассути Бишкек, Тошканд ва Остона аст. Дар сурати иҷрои муваффақиятомези ин проект, системаи воҳиди энергетикаи Осиёи Марказӣ бештар тақвият хоҳад шуд. Тасмими Тоҷикистон дар мавриди пайвастан ба системаи воҳиди энергетикаи минтақа бар тақвияти ин раванд бештар кумак хоҳад кард.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки тасмими Душанбе ва Тошканд барои эҳдоси муштараки неругоҳҳои ҷадиди барқи обӣ рӯи теъдоде аз рӯдхонаҳои Тоҷикистон ҳокӣ аз рушди сатҳи эътимод байни ду кишвари ҳамсоя аст, ки бетардид бар фарояндҳои ҳамкорӣ ва ҳамгароии минтақаӣ мусоидат хоҳад кард.

Яқинан проектҳои муштараки иқтисодӣ ва зербиноӣ беҳтарин мабно барои ба ҳам наздик шудани кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Дақиқан бар мабнои манофеи муштараки иқтисодӣ метавонад созаҳои қавии сиёсӣ шакл бигирад. Инки ҳамзамон бо нишасти машваратии сарон дар Душанбе ҳамчунин баргузории маҷмаъи муштараки иқтисодӣ, нишасти вазирони ҳамлу нақл барои баҳс ва баррасии проектҳои марбута, намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда ва иҷлоси шӯрои сарони кишварҳои узви Сандуқи байналмилалии наҷоти Дарёи Орол ва ғайра дар назар гирифта шуда, як гоми бисёр мусбат ва муҳим аст.

Дар ҳақиқат ниёзи минтақа ба ҳамгароӣ бисёр боло аст. Кишварҳои Осиёи Марказӣ бо эҷоди ҳамкориҳои созанда, метавонанд бо итминони бештар ба чолишҳои замони муосир посух диҳанд ва камтар бо фишорҳои хориҷӣ мувоҷеҳ шаванд. Ин масъала ба нафъи ҳамаи миллатҳое хоҳад буд, ки мехоҳанд дар сулҳу оромиш ба сар баранд ва бар мабнои манофеи воқеии худ тасмим бигиранд ва ҷилав бираванд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад