Афзоиши 1 миллион нафарии теъдоди донишмӯзони кишвар

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ноҳияи Данғара аз афзоиши шумораи донишомӯзон хабар додааст.

Теъдоди хонандагон дар макотиби Тоҷикистон дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 900 ҳазор нафар афзоиш ёфтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ноҳияи Данғара аз афзоиши шумораи донишомӯзон хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар соли таҳсили 1991 – 1992 шумораи хонандагон дар кишвар 1,32 млн нафарро ташкил медод, ки ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2022 – 2023 ба 2,23 млн нафар расидааст.

Ӯ гуфт: “Баъзе таҳлилгарон корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардидаро нодида мегиранд. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки аҳолии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ қариб ду баробар зиёд гардид. Яъне талабот ба мактаб ва ҷойи нишаст барои хонандагон зиёд мешавад”.

Суръати баланди афзоиши аҳолӣ ва мутаносибан зиёд шудани теъдоди хонандаҳо дар Тоҷикистон аз омилҳои таъсиррасон рушди маориф дар кишвар арзёбӣ шуд.

Ба иттилои раисҷумҳур, танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 57 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо 15 ҳазор ҷойи нишаст сохта шудаанд.

Вай илова намуд, ки тибқи нақша то охири соли ҷорӣ ба истифода супоридани зиёда аз 200 мактаби дигар дар назар дошта шудааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад