Путин: ҳадафи Русия поён додан ба ҷанг дар Украина аст

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар нишасти сарони "BRICS" (БРИКС) аз тариқи видео конфронс, гуфт: ҳадафи амалиёти низомии вижаи Русия поён додан ба ҷанг дар Украина аст, ки тавассути теъдоде аз кишварҳои ғарбӣ оғоз шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, Владимир Путин, хотирнишон кард: Русия тасмим гирифтааст аз мардуме ҳимоят кунад, ки барои фарҳанг, суннатҳо, забон ва ояндаашон меҷнганд.

Вай таъкид кард: иқдомоти мо дар Украина танҳо як далел дорад ва он ҳадаф, поён додан ба ҷанге аст, ки ғарб ва ҳамроҳони онҳо дар Украина алайҳи мардуми Донбасс ба роҳ андохтаанд.

Путин афзуд: тамоюли теъдоде аз кишварҳои ғарбӣ барои ҳифзи қудрати худ дар ҷаҳон омиле аст, ки ба буҳрони шадид дар Украина мунҷар шудааст.

Раисҷумҳури Русия бо ёдоварии ин воқеият, ки сардамдорони Украина ибтидо бо кумаки кишварҳои ғарбӣ кудитои ғайриқонунӣ дар ин кишвар ба роҳ андохтанд, таъкид кард: онҳо алайҳи афроде, ки бо он кудито мувофиқ набуданд ҷанги ваҳшёна ва вайронгарро оғоз карданд, ки 8 сол ба тӯл анҷомидааст.

Владимир Путин рӯзи 21 феврали соли 2022 бо интиқод аз бетаваҷҷӯҳии ғарб ба нигарониҳои амниятии Маскав, истиқлоли ҷумҳуриҳои халқ Донетск ва Луганскро дар минтақаи Донбасс ба расмият шинохт.

Се рӯз пас аз он Путин амалиёти низомие, ки онро «амалиёти вижа» хонд, алайҳи Украина оғоз кард ва ба ин тартиб равобити пуртаниши Маскав – Киев ба рӯё рӯӣ низомӣ тағйири вазъият дод ва ин ҷанг ҳамчунон идома дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад