Reuters Тоҷикистонро аз ҷумлаи кишварҳои кумаккунандаи Русия донист

Бино ба санадҳои гумрукӣ таҷҳизоти таҳримшуда ба Русия тариқи кишварҳое мисли Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Туркия, Чин ва Қирғизистон роҳ ёфтаанд.

Бино ба санадҳои гумрукӣ таҷҳизоти таҳримшуда ба Русия тариқи кишварҳое мисли Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Туркия, Чин ва Қирғизистон роҳ ёфтаанд.

Оҷонсии Reuters дар як гузориши таҳқиқӣ маълум кардааст, ки бо вуҷуди ҷорӣ шудани таҳрим, ширкатҳои Русия аз моҳи май то июни имсол ба маблағи 1,2 миллиард доллар қисмҳои эҳтиётӣ, аз ҷумла, дасnгоҳҳои ширкати Northrop Grumman, дастгоҳи қаҳвапазӣ, гӯшиҳои махсуси телефон барои роҳбаладони ҳавопайморо харидорӣ кардаанд.

Бино ба хулосаи гузориш, ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” аз замони оғози ҳамлаи бедалели Русия ба Украина, беш аз 20 навъи таҷҳизоти истеҳсоли Амрикоро ба Маскав ворид кардааст. Маълум нест, ки ширкати русӣ ин маҳсулотро чӣ гуна харидорӣ кардааст. Масъулини ширкат ин мавзӯъро шарҳ надоданд.

Ширкати Компания Northrop Grumman, эълон кард, ки бо ширкатҳои Русия харидуфурӯш накардааст ва таъкид намуд, ки ҷиддан тамоми қонуну қоидаҳои вобаста ба таҳрим ва содироти таҷҳизотро риоя мекунад.

То замони эълони таҳрим, ширкатҳои ҳайвпопаймоии Русия барои таъмиру назорати техникии ҳавопаймоҳои худ ба ширкатҳои азиме чун Lufthansa Technik муроҷиат мекарданд. Вақте ин ширкат хидматрасонияш ба Маскавро қатъ кард, Русия ба ширкатҳои хурдтар рӯ овард.

Барои мисол, таҳқиқ маълум кардааст, ки бахши хадамоти техникии ширкати ҳавоии S7 бо ширкати Air Rock Solutions-и Молдова ҳамкорӣ дорад. Бино ба нишондодҳо, дар 14 моҳи ахир, S7 аз ҳамкори молдовии худ ба маблағи 1,23 миллион доллар қисми эҳтиётӣ харидааст.

Масъулини ширкати Air Rock Solutions фурӯши маҳсулоташонро ба ширкатҳои Русия рад мекунанд. Иван Мелников, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари ширкат гуфтааст, аксари харидорони онҳо аз Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қирғизистонанд.

Таҳқиқи Reuters маълум кардааст, ки дар воқеъ аксари таҷҳизоти ин ширкат тариқи кишварҳои дигар ба Русия бурда шудаанд.

Баъди оғози ҷанги Русия дар Украина, дар баробари манъи парвози ҳавопаймоҳои Русия ба кишварҳои дигар, содирот ва фурӯши таҷҳизоти авиатсионӣ ба ин кишвар манъ шуд.

Ҳамчунин аз ширкатҳои ҳавоии Русия талаб шуда буд, ки ҳавопаймоҳои тариқи лизинг ба дастовардашонро ба кишварҳои истеҳсолкунанда баргардонанд. Коре, ки Русия онро иҷро накард. Аз ин рӯ ҳоло парвози ҳавопаймоҳои Русия ба аксар кишварҳо манъ аст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд зери таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор гиранд.

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тасмим доранд, механизми нави таҳримҳоро эҷод кунанд, ки битавонанд нисбати кишварҳое, ки Русияро дар давр задани таҳримҳои аввалия ёрӣ мерасонанд, иқдом намоянд.

Тибқи пешбинии хабаргузории Bloomberg ҳадафи аввали ин механизм имкон дорад кишарҳои Осиёи Марказӣ бошанд.

Ин хабаргузорӣ менависад “ҳадафи асосии ин тасмим садди роҳи кишварҳое шудан аст, ки ба Русия кӯмак мерасонанд ва бастани маҷроҳоест, ки Москва аз онҳо истифода мекунад. Агар ин механизм кор надиҳад, Иттиҳод ба унвони қадами навбатӣ таҳримҳои ҳадафмандона ҷорӣ хоҳад кард”.

Гуфта мешавад баъди ҷорӣ кардани таҳримҳои нисбати Русия, баъди ҳамлаи густарда ба Украина дар соли 2022, содироти маҳсулот, аз ҷумла “низомҳои техникӣ ва дигар дастгоҳҳои муҳим аз Қазоқистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия, Чин ва дигар кишвар” ба Русия афзудааст.

Ба бовари мақомоти Ғарбӣ, компонентҳое, ки аз кишварҳои зикршуда ба Русия ворид шудааст, барои таъмири дронҳо ва сохтани мушакҳо истифода мешаванд, ки Русия бо онҳо ба Украина зарба мезанад.

Бори аввал нест, ки кишварҳои Ғарб, аз ҷумла ИМА ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо эҳтимоли кӯмаки давлатҳои Осиёи Миёна ба Русия ҷиҳати давр задани  таҳримҳои ҷоришударо баррасӣ мекунанд ва бо ҷорӣ кардани таҳрим таҳдид менамоянд. Қаблан низ ин кишварҳо давлатҳои минтақаро ҳушдор дода буданд, ки ба Русия кӯмак накунанд, то таҳрим нашаванд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад