Оташсӯзӣ дар корхонаи истеҳсоли коғази ташноб дар Суғд

Бар асоси гузоришҳо дар корхонаи истеҳсоли коғази ташноб дар вилояти Суғд оташсӯзӣ сар задааст, аммо ҳануз аз хисороти эҳтимолии он иттилое дар даст нест.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, дар корхонаи истеҳсоли коғази ташноб воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сӯхтор сар зад.

Манбаъ гузориш додааст, ки зуҳри имрӯз тақрибан соати 11:45 дақиқа дар корхонаи истеҳсоли коғази ташноб сӯхтор рух додааст.

Ин корхона дар канори гардиши роҳи шаҳри Бӯстон дар даромадгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавҷуд аст.

Ба ҷойи ҳодиса якчанд мошинҳои сӯхторнишонкунӣ сафарбар гардидаанд. То ҳол мақомот дар бораии осебдидагон дар ин сӯхтор маълумоте интишор накардааст.

Ин корхона дар наздикиаш мағозаи фирмавии, коғази ташноб, собун, айна ва дигар маводи кимёии шустушӯи ташкил карда буд. Гуфта мешавад, ки ин мағоза низ дар ин сӯхтор осеб дидиааст.

Аз Идораи сӯхторнишонӣ дар вилояти Суғд дар таъйиди ин хабар эълон кардаан, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 8 мошини обпоши шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстон Гулистон бо ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад