Дархост аз ЮНИСЕФ барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии Хатлон

Раиси вилояти Хатлон се мушкили “нокифоя будани шумораи синфхонаҳо, сатҳи пасти хизматрасонии тиббӣ ва набудани муассисаҳои томактабӣ”-ро аз мушкилоти иҷтимоии вилоят хонд.

Раиси вилояти Хатлон, Давлаталӣ Саид дар мулоқоташ бо Эри Двиведӣ, намояндаи Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) мушкилоти иҷтимоии ин вилоятро ёдоварӣ кард.

Бар асоси гузориши дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, дар ин дидор ҷонибҳо нахуст доир ба рушди муносибатҳо табодули афкор намуда, пас аз он Давалталӣ Саид оид ба татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳои муштарак маълумот дод.

Аммо ба гуфтаи раиси вилоят, дар минтақа як зумра мушкилоти иҷтимоӣ низ шадидтар шудааст, аз ҷумла:

  • Шумораи нокифояи синфхонаҳо;
  • Сатҳи пасти хизматрасонии тиббӣ;
  • Набудани муассисахои томактабӣ.

Ҳамин тариқ, таъкид шуд, ки ба далели афзоиши босуръати аҳолӣ барои беҳбуди вазъи иҷтимоъии вилояти Хатлон тадбирҳо андешида мешаванд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот хулоса карданд: “Ба масъалаи бунёди муассисаҳо ва синфхонаҳо ва баланд бардоштани сифати таълим таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.”

Раиси вилоят ва намояндаи ЮНИСЕФ изҳори умедворӣ карданд, ки дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ дар беҳбуди некӯаҳволии сокинон саҳм гузошта, мушкилоти мавҷударо ҳаллу фасл хоҳанд кард.

Қаблан раиси вилояти Хатлон Давалаталӣ Саид ба 16 омӯзгори ҷавон қитъаи замин ҷудо карда буд.

Ҳамин тариқ, барои соли таҳсили 2022-2023 беш аз 100 нафар мутахассисони соҳаи маориф дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Кӯшониён ва Данғара қитъаи замин гирифтанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад