Омодаи ҳамкорӣ бо ниҳодҳои Эрон дар ҳамлаи террористии Шоҳчароғ ҳастем

Вазири умури хориҷаи кишвар таъкид кард: зимни маҳкум кардани ҳамлаи террористии Шоҳчароғ, итминон медиҳем ин ҳамла бар равобити ду кишвари дӯст ва бародар таъсире нахоҳад гузошт.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Сироҷуддин Меҳриддин” вазири умури хориҷаи кишвар дар як нишасти матбуотӣ, ҳамлаи террористии ҳарами Шоҳчароғро маҳкум ва бар адами таъсири он бар равобит миёни Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард.

Вазири умури хориҷа дар посух ба пурсиши хабарнигори Форс мабни бар ҷазби шаҳрвандони кишвар ҷиҳати анҷоми иқдомоти террористӣ изҳор дошт: мо аз вуқӯъи ин ҳамлаи террористӣ тавассути расонаҳо муттлеъ шудем ва ҳанӯз дар ин маврид ба мо аз тарафи Эрон иттилое дода нашудааст. Мо омодаем бо ниҳодҳои марбутаи кишвари дӯст ва бародар Эрон ҳамкорӣ кунем.

Вай таъкид кард: мо ҳамлаи террористии Шоҳчароғро шадидан маҳкум мекунем ва ба наздикон ва бастагони қурбониён сабри ҷамил ва ба маҷрӯҳон ва осебдидагон шифои комил мехоҳем.

Вай идома дод: раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар хусуси авомили террористӣ бисёр дақиқ ва дуруст таъкид доранд, ки «террористи ватан, миллат ва дин надорад ва ҳатман бояд маҳкум шавад». Бинобар ин бидуни тардид ин иқдоми террористӣ ба равобити миёни Тоҷикистон ва Эрон таъсире нахоҳад дошт.

Сироҷуддин Меҳриддин, бо ишора ба таърихӣ ва решадор будани равобит миёни Тоҷикистон ва Эрон, таъкид кард: муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ ва пайвандҳои ногусастанӣ миёни мардуми ду кишвар хеле бештар аз он аст, ки як омили ҷиноӣ ва террористӣ битавонад онро таҳти таъсир қарор диҳад. Балки ин ҳамла аҳамияти ҳамкориҳо ва муборизаи муштаракамон алайҳи терроризм ва соири таҳдидоти амниятиро барҷаста мекунад. Бинобар ин чунончи аз тарафи кишвари дӯст ва бародар Эрон дархости расмӣ дарёфт кунем, ҳатман дар ин замина ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ҳамкориҳои лозимро анҷом хоҳанд дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад