Ҳамлаи террористии дигар ба ҳарами Шоҳчароғ

Соати 19:34 дақиқа ба вақти маҳаллии ҶИЭ ҳодисаи террористии дигаре дар ҳарами Шоҳчароғ, воқеъ дар шаҳри Шероз рӯй дод. Дар ҷараёни ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ, ки шаби гузашта сурат гирифт, 2 тан аз ходимони ҳарам ба шаҳодат расида ва теъдоде низ захмӣ шуданд.

Ин дувумин ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ тайи моҳҳои гузашта аст. Чанди моҳ пеш низ амалиёти террористии дигаре дар ҳарами Шоҳчароғ боиси шаҳодати 13 нафар аз эрониён шуда буд.

Дар ҳамлаи имрӯз, террористҳо, ки теъдоди онҳо 2 нафар эълон шуд, талош карданд, то аз Бобулмаҳдӣ вориди ҳарам шаванд. Як нафар аз ин террористҳо дастгир шуда ва дар ихтиёри неруҳои амниятии ин кишвар қарор дорад.

Тасвире аз террористи дастгиршуда, ки гуфта мешавад таҳти тадбирҳои амниятӣ ба бемористон мунтақил шудааст

Дар соатҳои аввалия дарҳои ҳарам баста шуда буд ва атрофи ҳарам таҳти контроли неруҳои амниятии ҶИЭ барои ёфтани террористи фирорӣ аст.

Тасвири дигаре аз омили амалиёти террористии дастгиршуда

Токунун аз миллияти вай чизе нашр нашудааст, аммо расонаҳои маҷозии дохили Эрон ӯро яке аз шаҳрвандони Афғонистон, бадахшонӣ ва тоҷиктабор баён кардаанд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.

 Эҳтимоли афзоиши теъдоди шаҳидон

То ин лаҳза 2 нафар дар ҳамлаи террористӣ ба Шоҳчароғ ба шаҳодат расидаанд. Бо ин ҳол чанд тани дигар низ дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шудаанд. Эҳтимоли афзоиши теъдоди шуҳадо вуҷуд дорад, вале то ин лаҳза теъдоди шуҳадои болотар таъйид нашудааст.

Фармондеҳи сипоҳи устони Форси Эрон дар ин бора гуфтааст, ки террористи дастгиршуда як аслиҳа ва 8 хишоб ҳамроҳ доштааст.

Мусавӣ, раиси кулли додгустарии Форс нз дар ин бора изҳор дошт: бозҷӯии аввалия аз террористи дастгиршуда дар ҳоли анҷом аст ва авзоъ комилан таҳти контрол буда ва неруҳои амниятӣ дар минтақа ҳозир ҳастанд.

 Иқдоми террористӣ номувафақ буд

Иброҳими Калонтар, масъули ҳарами Шоҳчароғ бо баёни инки дар иқдоми террористӣ, маъмурони амниятӣ ва интизомии ҳарам ба мавқеъ вориди амал шуданд ва иҷозати иқдом дода нашуд, гуфт: «омили ҳамлаи террористӣ ҳашт хишоби пур ҳамроҳи худ дошта, аммо пас аз мувоҷеҳ шудан бо вокуниши сареъи неруҳои амниятӣ муваффақ ба иқдоми муассир нашуд ва чанд гулӯлаи беҳадаф ба самти утоқаки нигаҳбонӣ ва зоирон ва ходимон шиллик кард.

Вай баёни кард, ки ин ҳаракати кӯр буд ва омилони он мехостанд барои гирифтани интиқом анҷом диҳанд ва албатта аз назари мо як ҳаракати нокоми террористӣ маҳсуб мешавад.

 Дастури президенти ҶИЭ барои шиносоии авомили ҳодисаи Шоҳчароғ

Иброҳими Раисӣ, президенти Эрон дар тамос бо вазири кишвар ва устондори Форс ба бакоргирии ҳамаи имконоти дармонӣ барои давои маҷрӯҳон ва ҳамчунин шиносоӣ ва таъқиби ҳамаи авомили ин ҷиноят таъкид кард.

Раисӣ ҳамчунин ба вазири кишвар маъмурият дод абъоди амниятии ин мавзӯъро бо қотеъият ва фаврият баррасӣ карда ва натиҷаро гузориш кунад ва бар зарурати шиносоӣ ва муҷозоти ҳамаи авомилу сабабкорон дар ин ҷиноят низ таъкид кард.

 Баррасии ҳамлаи террористии Шоҳчароғ дар Комиссияи амнияти миллии Маҷлис

Ноибраиси Комиссияи амнияти миллии ин кишвар ва сиёсати хориҷии Маҷлис гуфт: Имрӯз душанбе ин ҳамлаи террористӣ бо фаврият дар Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломӣ барраси хоҳад шуд ва гузориши он дар ба иттилоъи мардуми Эрон расонида хоҳад шуд.

 Дастуроти вазири кишвар ба устондори Форс дар пайи ҳамлаи террористӣ ба Шоҳчароғ

Дар пайи ҳамлаи террористӣ дар ҳарами Шоҳчароғ, вазири кишвар зимни тамоси телефонӣ бо устондори Форс, дастури пайгирии ҳодиса ва равшан шудани абъод ва ҳамчунин шиносоӣ ва дастгирии авомили ин ҳодисаро содир кард.

Аҳмад Ваҳидӣ, вазири кишвар шомгоҳи якшанбе дар тамоси телефонӣ бо устондори Форс, зимни дарёфти охирин ҷузъиёт аз амалиёти террористӣ дар ҳарами Шоҳчароғ дар Шероз, дастури фаврӣ ҷиҳати баррасии фаврии абъоди ин ҳодисаи террористиро содир ва ба Муҳаммадҳодии Имония иблоғ кард.

Ваҳидӣ дар ин тамоси телефонӣ, ба устондори Форс таъкид кард, ки дар ҳамоҳангӣ бо соири дастгоҳҳои зирабт, тадобири лозим барои ҳифзи оромиши иҷтимоӣ ва ҳамчунин пайгарди авомили амалиёти террористии анҷомшуда дар шаби якшанбе ба амал оваранд.

Вазири кишвар ба устондори Форс таъкид кард, ки дастгоҳҳои зирабт, расидагӣ ба вазъияти масдумони ин ҳодисаро ба фаврият дар дастури кор қарор диҳанд.

Чанд моҳи пеш низ дар ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ 13 нафар шаҳид ва 25 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки авомили ин ҳамлаи террористӣ эъдом шуданд.

 Дастури вазири тандурустии Эрон барои расидагии фаврӣ ба маҷрӯҳони ҳодисаи терроиристии Шоҳчароғ

Баҳром Айнуллоҳӣ дар тамоси телефонӣ бо раиси донишгоҳи улуми пизишкии Шероз маҷрӯҳият ва шаҳодати ҷамъе аз эрониён дар ҳодисаи террористии ҳарами Аҳмад ибни Мӯсоро талх ва андӯҳбор хонд ва ба Сайид Ваҳиди Ҳусайнӣ, раиси донишгоҳи улуми пизишкии Шероз дастур дод, то расидагии фаври ба масдумони ин ҳодисаи террористӣ ва ироаи хадамоти дармонии сареъ ва матлуб ба онҳоро пайгирӣ кунад.

Айнуллоҳӣ ҳамчунин аз раиси донишгоҳи улуми пизишкии Шероз хост то шахсан ба иқдомоти ташхисӣ ва расидгиҳои дармонӣ ба маҷрӯҳони ин ҳодисаи террористӣ то беҳбудии комили онон назорат дошта бошад.

Ташкили ҷаласаи шӯрои таъмини ҶИЭ

Имония, устондори Форс бо баёни инки террористи дастгиршуда дар ҳоли бозҷӯӣ аст, гуфт: шӯрои таъмини ташкилшуда ва ба зудӣ иттилооти такмилӣ эълон хоҳад шуд.

 Дастури расидагии вижа ба парвандаи ҳамла ба Шоҳчароғ

Додситони кулли кишвар дар паёме зимни таслият ба хонаводаи шаҳидони ин ҳамлаи террористӣ, хитоб ба додситони умумӣ ва инқилобии маркази устони Форс, дастури расидагии вижа ба парванда ва бархурди қотеъ бо омил ё омилони ин ҷиноятро содир кард.

 Паёми таслияти раисҷумҳури Эрон

Сайидиброҳими Раисӣ дар пайи ҳодисаи террористии кӯр ба ҳарами ҳазрати Шоҳчароғ (а), аз Вазорати иттилоот ва соири дастгоҳҳои масъули иттилоотӣ, амниятӣ ва интизомӣ ва қазоӣ хост бо суръат ва диққат, дастҳои ошкор ва пинҳони ин ҷиноят шақоватомезро шиносоӣ ва ба сарпанҷаи адолат бисупоранд, то ба муҷозоти ҷиноятҳои нангини худ бирасанд.

Матни паёми раисҷумҳури Эрон ба шарҳи зер аст:

Бисмиллоҳир раҳонир раҳим

Ҳамлаи террористии кӯр ба севумин ҳарами мутаҳҳари аҳли байт, ҳазрати Аҳмад ибни Мӯсо Алкозим Шоҳчароғ (а), ки мунҷар ба шаҳодат ва маҷрӯҳ шудани теъдоде аз ходимон ва зоирони ин ҳарами мутаҳҳар шуд, бори дигар қалбҳои миллати Эронро андӯҳгин ва доғдор кард.

Душманони Эрони азиз ноумед ва ноком аз муқобила бо иродаи муқовими миллати бузурги Эрон, бо иртикоби ҷинояти хунини дигаре чеҳраи палиди худро намоён карданд.

Инҷониб зимни таслияти ин ҳодисаи ҳавлнок ба хонаводаи шаҳидон, мақоми муаззами раҳбарӣ ва миллати шарифи Эрон, аз Худованди Мутаол барои маҷрӯҳон шифои оҷил масъалат дорам.

Вазорати иттилоот ва соири дастгоҳҳои масъули иттилоотӣ, амниятӣ ва интизомӣ ва қазоӣ бояд бо суръат ва диққат, дастҳои ошкор ва пинҳон ин ҷинояти шақоватомезро шиносоӣ ва ба дасти адолат бисупоранд, то ба муҷозоти ҷиноятҳои нангини худ бирасанд.

Яқинан миллати азизи Эрон бо ғалаба бар тавтеаи хабосатомези душманон, бори дигар онҳоро дар расидан ба аҳдофи шуми худ ноком хоҳанд гузошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад