Насруллоҳ: режими саҳюнистиро ба асри сангӣ бозмегардонем!

Сайидҳасан Насруллоҳ ба муносибати ҳабдаҳумин солрӯзи пирӯзии муқовимат дар муқобили режими саҳюнистӣ дар ҷанги 33 рӯза суханони муҳиме баён кард.

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон ба муносибати ҳабдаҳумин солрӯзи пирӯзии муқовимат дар баробари режими саҳюнистӣ дар ҷанги 33-рӯзаи соли 2006 суханони муҳиме баён кард ва гуфт, ки амалиётҳои муҷаддади террористҳои ДИИШ бо тасмими Амрико аст.

Насруллоҳ дар оғози суханронии худ бо ишора ба инки Амрико тасмим гирифтааст бори дигар гурӯҳи террористи ДИИШ ба саҳна бозгардад, гуфт: «вазифаи мост, ки бар асоси тасалсули замонӣ таслият бигӯем: шуҳадои Покистон, ки ДИИШ амалиёти интиҳориро ба ӯҳда гирифт, ҳамлаи ДИИШ ба артиши Сурия ва ҳамлаи гузаштаи ин гурӯҳи террористӣ ба ҳарами ҳазрати Шоҳчароғ (а), ба ҳамаи бозмондагони ин ҳодиса, шаҳодати азизонашонро таслият мегӯям ва барои афроди захмӣ низ шифои оҷил масъалат дорам.

 Қадрдони ҳимоятҳои Эрон ва Сурия ҳастем

Вай бо баёни инки дар соли 2006 ва дар чунин рӯзе, мардуми манотиқи мухталифи Лубнон бидуни ҳеҷ таваҷҷуҳе ба таҳдидҳои саҳюнистҳо ба манозили худ бозгаштанд, идома дод: ин бозгашти шуҷоъона нишонгари суботи миллати мо ва пойбандӣ ба ин хок ва гузинаи муқовимат аст; ҳол тафовуте надорад, ки чӣ ҷонфишониҳое бояд сурат гирад. Мардум тамоми муҳосиботи марбут ба ҷараёни 14 март (вобаста ба ғарб)-ро барҳам заданд; зеро бисёре таъкид доштанд замоне, ки мардум ба манозили худ бозгарданд ва ҳаҷми вайрониро мушоҳида кунанд, муқовиматро масъули ин масъала бидонанд, вале ончи рух дод, баръакс буд. Муҳимтарин унвони имрӯз, саҳнаҳои мардумӣ буд, ки ба муқовимат ва пирӯзӣ дар Лубнон бовар доштанд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ бо ишора ба инки дар ин ҷанг бо чашми худ, масодиқи таҳаққуқи ваъдаҳои илоҳиро мушоҳида кардем, афзуд: Худовандро ба хотири кумакҳояш шукр мегӯям. Дар ҳар муносибате бояд аз тамоми касоне, ки дар рақам задани ин ҳамоса, мӯъҷиза ва устура нақш доштанд, камоли ташаккур ва қадрдониро дошта бошам, аз ҷумла мардум, размандагон, ниҳодҳои низомӣ, шуҳадо, Эрон, Сурия ва тамомии кишварҳое, ки аз муқовимат ҳимоят карданд.

Насруллоҳ бо баёни инки шаҳид Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ дар ин ҷанг, дар канори мо қарор дошт ва аз мо ҳимоят кард, илова кард: дар солҳои гузашта борҳо таъкид кардем, ки пирӯзии ҷанги 33-рӯза, пирӯзии илоҳӣ ва таърихӣ буд; зеро бо таваҷҷуҳ ба ҳаҷми ҷанг ва ҳаҷми ҳимоят аз Исроил ва тавтеа алайҳи мо, ин пирӯзӣ, таърихӣ буд ва осори ин ҷанг то муддатҳо боқӣ хоҳад монд.

Вай бо ишора ба асароти ин ҷанг дар эҷоди муодилаи боздорандагӣ ва огоҳии душман аз мизони қудрати муқовимат, идома дод: ончи соли гузашта дар масъалаи тарсими марзҳои дарёӣ рух дод ҳам аз натоиҷи ин ҷанг буд. Агар ин ҷанг набуд, ин дастовард ҳам ба даст намеояд. Мардуми Лубнон ҳам то чанд моҳи дигар хоҳанд дид, ки асароти ҳафри чоҳ дар майдонҳо газӣ озод шуда, чӣ мизон хоҳад буд. Умеди мо ба майдон «»оно» ва соири маайдонҳои мавҷуд дар ҷануби Лубнон аст. Агар иттиҳоду ҳамоҳангӣ байни Ҳизбуллоҳ ва ҳукумат набуд, ин дастовард ҳосил намешуд. Ин иттиҳод ёдовари иттиҳод дар ҷанги 33-рӯза аст.

 Ҳифзи аносир қудрат, зомин истихроҷ нафт ва газ Лубнон аст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар идома ба ташкили сандуқи ҳокимиятӣ дар Лубнон пардохт, ки барои манобеи нефтӣ ва гази ин кишвар аст, тасреҳ кард: ҳадаф аз ин сандуқ ин буд, ки ҳамаи мардуми Лубнон аз он истифода кунанд ва барои наслҳои оянда низ боқӣ бимонад. Аз намояндагони парлумон мехоҳам, ки ин сандуқро вориди кашмакашҳои сиёсии худ накунанд; зеро ниёзи мубраме аст, ки ин сарват барои ҳамаи мардум боқӣ бимонад. Тазмини воқеӣ барои инки Лубнон битавонад ба ҳаффорӣ барои истихроҷи нафт ва газ идома диҳад, ҳифзи тамомии аносири қудрат ва муодилаи тиллои артиш-муқовимат-миллат ба вижаи қудрати муқовимат аст; зеро мо дар баробари душмани қарор дорем, ки ба ҳеҷ тавофуқ ё муоҳидае пойбанд нест, ҳатто агар Амрико онро замонат карда бошад. Тавофуқи Осло шоҳиди мисоли ин қазия аст, ки мебинем душман ба он пойбанд нест.

Насруллоҳ бо баёни инки душман бояд бифаҳмад, ки ҳар гуна талош барои мусодираи ҳуқуқи мардуми Лубнон, бо вокуниши маҳкаме рӯбарӯ хоҳад шуд, ба вазъияти нобасомони режими саҳюнистӣ пардохт ва гуфт: ҳар кас аз ҷанги 33-рӯза вазъияти Исроилро таҳти назар дошта бошад, шоҳиди масири нузули ин режим дар заминаҳои мухталиф хоҳад буд. Душман пас аз ин ҷанг камия ташкил дод, то илали шикасти худро баррасӣ кунад. Дар дохили артиши ин режим ҳам кумитаҳои зиёде ташкил шуд. Натоиҷи ин кумитаҳо ин буд, ки оё режими саҳюнистӣ пас аз 17 сол тавонистааст таъсироти ин ҷангро бар артиш ва мардуми худ ва дар сатҳҳои сиёсӣ ва ҷабҳаи дохилӣ коҳиш диҳад? Посух манфӣ аст. Бо мутароким шудани ҷангҳо пас аз ин ҷанг монанди Ғазза ва рухдодҳои имрӯзи Каронаи Бохтарӣ, масири саҳюнистҳо нузулӣ аст.

 Муқовимат, ҷабҳаи дохилии Исроилро вориди ҷанг кардааст

Вай бо ишора ба инки муқовимат тавонистааст ҷабҳаи дохилии Исроилро ворид ҷанг кунад, идома дод: Исроил як ақидаи амниятӣ дошт мабнӣ бар се асл: боздорандагӣ, ҳушдор ва ҷанг. Пас аз соли 2006 унсури чаҳорумиро ба ин асли изофа карданд: дифоъ ва ҳимоят. Ин масъалаи марбут ба ҷабҳаи дохилии онон аст. Пас аз ин таърих, роҳбурдҳои душман тағйир кард. Сохти паноҳгоҳи ҷузъи дифоъи салбӣ ва дафъи ҳамлаҳои мушакии ҷузъи дифоъи эҷобии ин режим аст. Ба ҳамин далел дар ҳоли ҳозир ба думболи падофандҳои ҳавоӣ аст, ки нишонгари шикаст ваҳшатноки онон аст.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ бо таъкид бар инки саҳюнистҳо ҳар сол мановрҳое  баргузор мекунанд, то ба заъми худ, ҷабҳаи дохилиро тақвият кунанд баён кард: онон ба ин натиҷа расидаанд, ки ҷабҳаи дохилӣ омодаи ҷанг нест. Ҳалқаи гумшуда дар ҷабҳаи дохилии Исроил, беэътимодӣ [ба фармондеҳони низомӣ ва масъулони сиёсӣ] аст. Ишғолгарон ҳозир ба фидокорӣ ва пазириши табаоти ҷанг нестанд. Пас аз ҷанги 33 рӯза, тасвири артиши шикастнопазири Исроил аз байн рафт. Аз он замон, заъф ва сустӣ дар артиши ин режим нуфуз кард.

Насруллоҳ бо баёни инки оё саҳюнистҳо тавонистаанд тайи ин ҳабдаҳ сол, артиш худро созмондеҳӣ кунанд, ки қатъан посухи манфӣ аст, афзуд: вазъияти артиши душман аз замони ҷанги 33-рӯза беҳтар нест. Бисёре аз генералҳои собиқ ва кунунии душман аз вазъияти душвори артиш сухан мегӯянд. Муҳимтарин чиз дар артиши саҳюнистӣ, аз байн рафтани рӯҳияи ҷангӣ ва омодагӣ барои ҷонфишонӣ аст. Аз соли 2006 то ба имрӯз, артиши душман натавонистааст ҳеҷ дастоварди заминӣ дошта бошад. Ин масъаларо дар Ғазза мушоҳида кардем. Онон талош карданд пешравӣ кунанд, вале кушта ва захмӣ ва асир доданд. Замоне, ки аз дастовардҳои худ мегӯянд, фақат ҳавоӣ аст.

Вай бо ишора ба инки душмани саҳюнистӣ аз ҳамла ба вазъияти дифоъ расидааст ва меҳвари муқовимат ҳам то ҳудуди зиёде, ибтикори амалро дар даст дорад, баён кард: ихтилофҳои сиёсӣ боис шудааст артиши Исроил бадтарин вазъиятро дар тӯли таърихи худ дошта бошад. Исроил имрӯз пушти деворҳои Лубнон ва Ғазза пинҳон шудааст. Чанд ҳафта пеш ҳам хондем, ки онҳо бо Урдун ҳам девор хоҳанд кашид, то аз интиқоли силоҳ ба неруҳои муқовимат дар Каронаи Бохтарӣ ҷилавгирӣ кунанд.

 Ҳизбуллоҳ, режими саҳюнистиро ба асри сангӣ бозмегардонад

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ бо таъкид бар инки вазири ҷанг душмани чанд рӯзи пеш, дар навори марзӣ, таҳдид карда буд, ки Лубнонро ба асри сангӣ бозмегардонад, гуфт: мо инкор намекунем, ки Исроил бо таҷҳизоти худ ва Амрико метавонад ин корро анҷом диҳад. Ин чизи ҷадиде нест. Нуктаи ҷадид ин аст, ки Лубнон ва муқовимат метавонанд чӣ коре анҷом диҳанд. Фармондеҳон ва сарони душман инро ба хубӣ медонанд, вале фақат ба думболи мановрҳои расонаӣ ҳастанд, ки ҳеҷ арзише барои мо надорад. Ба фармондеҳони душман мегӯям, ки агар бо Лубнон вориди ҷанг шавед, шумо низ ба асри сангӣ боз хоҳед гашт.

Меҳвари муқовимат метавонад Исроилро нобуд кунад

Насруллоҳ бо баёни инки Ҳизбуллоҳ барои ҳамла ба ҳамаи фурудгоҳҳои низомӣ ва ғайри низомӣ, пойгоҳҳои неруи ҳавоӣ, неругоҳҳои тавлиди барқ ва об, марказҳои иртиботии аслӣ, зерсохтҳо, полойишгоҳҳои исроилӣ, чанд мушаки нуқтазан ниёз дорад, гуфт: ман аз бархе аз генералҳои исроилӣ шунидам, ки имрӯз мушакҳои нуқтазне, ки метавонанд ба марказҳои ҳастаӣ ва зерсохтҳои Исроил бирасад, бисёр зиёд аст. Агар ҷанги Исроил бо ҳамаи меҳвари муқовимат бошад, дигар чизе ба номи Исроил вуҷуд нахоҳад дошт. Фармондеҳон душман бояд бидонанд, ки бозӣ бо маргро оғоз кардаанд. Ин таҳдидҳо моро наметарсонад. Лубнон аносири қудратие дар ихтиёр дорад, ки метавонад дар баробари душман боздорандагӣ эҷод кунад.

Вай бо таъкид бар инки муқовимат, бақияи нуқтаҳои марзии ишғолиро бозпс хоҳад гирифт ва сипари воқеӣ барои ҳимояти Лубнон хоҳад буд, унвон кард: имрӯз душман аз назари сиёсӣ, низомӣ, мардумӣ ва рӯҳӣ, бисёр заифтар аз соли 2006 аст ва меҳвари муқовимат, бисёр қавитар аз он замон шудааст.

 Мардуми Лубнон иҷоза намедиҳанд ҷанги дохилӣ сурат бигирад

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар поён ба вазъияти дохилии Лубнон пардохт ва гуфт: муқовимат аз ҳабдаҳ соли пеш токунун, аносири қудрати худро тақвият карда, аз неруи инсонӣ гирифта то таҷҳизоти низомӣ. Ҳодисае, ки ахиран дар Алкаҳола рух дод, ҳодисаи маъмулӣ буд. Комюнҳо дар ин меҳвар, гоҳе вожгун мешаванд ва ин масъала барои комюни Ҳизбуллоҳ рух дода буд. Ҳамаи чиз табиӣ буд, то инки яке аз шабакаҳо, мардумро таҳрик карда ва муддаӣ шуд, ки комюн ҳомили силоҳ барои Ҳизбуллоҳ аст. Дар натиҷа чанд ҷавон ба комюн ва афроди ҳозир дар он ҳамла карданд. Аз ибтидои ин ҳодиса, вазъиятро контрол кардем ва даст ба таниш назадем.

Насруллоҳ зимни дархости оромиш аз масъулони сиёсӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, тасреҳ кард: манфиати Лубнон ва мардум ва муқовимат ин аст, ки вазъият ором бошад. Бархе аз гурӯҳҳои сиёсӣ бо рафтори худ ва ба ҳамроҳи онон расонаҳо, кишварро ба самти инфиҷор ва ҷанги дохилӣ савқ медиҳанд. Ҷанги дохилӣ боис хоҳад шуд, ки ҳама дар Лубнон мутазаррир шаванд. Агар ин ҷанг оғоз шавад, бисёре аз тарафҳо ба думболи шӯълавар кардан он хоҳанд буд, ки аввалин тараф, Исроил аст. Миллати Лубнон, аммо иҷоза нахоҳад дод, ки ин кишвар таҷзия шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад